МАЪМУРИЯТ
Шерализода раиси Федератсияи шамшербозӣ ва Амонзода президенти Кумитаи паралимпӣ интихоб шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии Кумитаи паралимпии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тибқи тартиб аз фаъолияти чорсолаи охири Кумитаи паралимпӣ ҳисобот ироа, вазифа ва самтҳои фаъолияти минбаъда баррасӣ гаштанд.
Ҳамчунин, бо ҷонибдории аъзои Кумита Маҳмуд Амонзода барои давраи нав президенти Кумитаи паралимпии Тоҷикистон интихоб шуд.
Дар Маҷлиси умумии интихоботии Федератсияи шамшербозии Тоҷикистон, Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Федератсия интихоб гардид.
ФУТБОЛ
Ғолибони мавсими имсолаи мусобиқаҳои бошгоҳӣ дар Осиё маълум шуданд
Дар мусобиқаҳои Лигаи чемпионҳои элитаи Осиё, Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё ва Ҷоми даъвати AFC ғолибон муайян шуданд. Бори аввал дар мавсими имсола дар Осиё 3 мусобиқа дар формати гуногун доир гардид.
Дар Лигаи чемпионҳои элитаи Осиё бидуни мағлубият тими “Ал-Аҳлӣ”-и Арабистони Саудӣ унвони чемпиониро ба даст овард. Барои клуб аввалин ҷоиза дар таърихаш маҳсуб мешавад. Дар финал “Ал-Аҳлӣ” бар “Кавасаки”-и Ҷопон бо ҳисоби 2:0 зафар ёфт.
Дар мусобиқаи Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё тими “Шарҷа”-и АМА ғолиб гашт. Дар бозии ниҳоӣ “Шарҷа” бар “Лайон Сити”-и Сингапур бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Мавриди зикр аст, ки дастаи “Шарҷа” дар як гурӯҳ бо тими “Истиқлол”-и Тоҷикистон буд. Дастаи “Равшан” низ дар мусобиқа баромад намуд, лек ҳар ду тими мо ба даври плей-офф роҳ наёфт.
Дар мусобиқаи Ҷоми даъвати AFC бошад, дастаи “Аркатаг”-и Туркманистон ғалаба кард. Ин даста дар финал бо ҳисоби 2:1 бар “Свайриенг”-и Камбоҷа ғалаба ба даст овард.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.06.2025 №: 111
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН