БАҲОДУР НЕЪМАТ, “ГУЛШАН” ВА “ШАБ БАХАЙР”
Баҳодур Неъмат. Инак, 50 сол мешавад, ки ин сарояндаи хушсалиқа дар инкишофи эстрадаи тоҷик саҳми шоиста мегирад. Ӯ аз ҳайати насли дувуми ҳунармандони “Гулшан” аз ҳама зиёд дар ин дастаи ҳунарӣ фаъолият кардааст. Сар аз соли 1977 то кунун устод робитаи эҷодиашро аз “Гулшан” нагусастааст. Ба қавле, “Гулшан”-ро бе Баҳодур ва Баҳодурро бе “Гулшан” тасаввур натавон кард. Пас, ибтидо аз “Гулшан” аст.
АНСАМБЛИ “ГУЛШАН”
Беш аз шаст сол қабл, возеҳтараш моҳи майи соли 1964, бо мақсади рушди эстрадаи миллӣ дар назди Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ ансамбли эстрадии “Гулшан” таъсис ёфт.
Ансамбл бори нахуст 19-уми июни соли 1964 тавассути телевизиони тоҷик ҳунарнамоӣ карда, минбаъд дар ташаккули эстрадаи тоҷик саҳм гирифт. Поягузор ва роҳбари бадеияш сарояндаи хушадо Лайло Шарифова буд. Нахустаъзои даста, аз ҷумла Алиҷон Солиев, Маҳбуба Боҳирова, Назар Амонбеков, Мария Каспарова, маҳсуб меёбанд.
Солҳои 1965-1985 роҳбарии “Гулшан” ба дӯши Орифшо Орифов буд ва ба даста Тоҷиддин Муҳиддинов, Муқаддас Набиева, Раҳима Шалоэр, Махфират Ҳамроқулова, Хурмо Ширинова, Баҳодур Неъматов, Татяна Борила, Умар Зиёев, Абдулшаҳид Саодатшоев пайвастанд.
Дар ин давра барномаи даста васеъ ва пурмазмун гашта, дар ҳамкорӣ бо оҳангсозони маъруфи тоҷик Хайрулло Абдуллоев, Миратулло Атоев, Фаттоҳ Одина, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Фирӯз Баҳор, Қудратулло Яҳёев, Толиб Шаҳидӣ, Заррина Миршакар, Борис Пиговат, Зокир Нишонов, Қудратулло Ҳикматов ва дигарон суруду таронаҳои марғуб пешкаши мардум шуданд.
Соли 1981 барои хизматҳои арзанда дар пешбурди эстрадаи миллии тоҷик ансамбли “Гулшан” сазовори Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид...
Аз соли 1985 оҳангсози маъруф Миратулло Атоев ба даста роҳбарӣ кард. Бо касби соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар соли 1991, даста фаъолияташро идома дода, ба он тайи солҳои гуногун Умар Зиёев, Исматулло Холиқов, Субҳон Саидов роҳбарӣ намуда, дар ансамбл сарояндагони хушовоз, амсоли Кароматулло Қурбонов, Кимиё Ҷӯраева, Ҳотами Равшан ҳунарнамоӣ кардаанд.
Дастоварди дигари “Гулшан” дар ин давра ҳамкории пурсамар бо ансамбли рақсии “Зебо” (роҳбари бадеӣ Артисти халқии СССР Зебо Аминзода) маҳсуб меёфт. Солҳои 70-90-уми асри гузашта ҳаводорони эстрада хуб ба ёд доранд, ки дар ҳавои суруду навоҳои “Гулшан”, бавижа “Эй санам”, “Боди сабо”, “Занг”, “Майда-майда мерақсӣ”, “Рақси сурайёӣ”, раққосаҳои “Зебо” хуш мехиромиданд...
БАҲОДУР НЕЪМАТ
20-уми июни соли 1954 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Хатмкардаи Институти давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода (1977), Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1977), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2005).
Баҳодур Неъматов миёни ҳаводорони эстрада – ин навъи мусиқии муосир, аз маҳбубияти фаровон бархӯрдор аст. Ҳамчун ҳунарвар дар инкишофи эстрадаи тоҷик хизмати арзанда дорад...
БА “ГУЛШАН”
Дар хусуси ба ансамбли “Гулшан” пайвастани сароянда ду сана дар чархиш аст. Аввалиҳо соли 1974, баъзеҳо соли 1977 мегӯянд. Баҳодур Неъмат шарҳ дод, ки фикри аввалӣ шояд аз таърихи эҷоди суруди “Шаб ба хайр” маншаъ гирад. Боиси зикр аст, ки таронаи мазкур - варианти аввалааш соли 1974 аз ҷониби Баҳодур Неъмат эҷод ва суруда шудааст.
Баҳодур Неъмат дар зарфи панҷоҳ соли фаъолият беш аз 100 суруд эҷод намудааст. Хушбахтона, он ҳама дар хазинаи радиои тоҷик маҳфуз аст. Сурудҳои “Эй Ватан”, “Шаб ба хайр”, “Майда-майда мерақсӣ”, “Бути нозанин”, “Ҷавонаке”, “Чу механдӣ”, “Чашми сиёҳе дорӣ”, “Боз ошиқ шавам”, “Ишқи дерин”, “Гулро намефурӯшанд”, “Ёр, ёри дилозор”, “Дунёи ҷавонӣ”, “Ҷон модарам”, “Занг бизан”, “Сулҳ”, “Зиндагӣ”, “Эй ҳамватан”, “Тоҷикистон”, “Сӯзи ҳаёт”, “Дидор”, “Шабҳои хуршедӣ”, “Душанбе – шаҳри ваҳдат” ва ғайраро ҳаводорон хуб дар хотир доранд...
“ШАБ БА ХАЙР”
Сарояндаи маъруф Баҳодур Неъмат тули фаъолияти ҳунарӣ суруду таронаҳои хотирмону дилнишин фаровон эҷод намудааст. Аммо суруди “Шаб ба хайр” шуҳрату шон ва мартабаи ӯро фузудааст. Ин таронаи марғубро донишҷӯи 20-солаи Институти санъат соли 1974 эҷод менамояд. Аввалин бор ин сурудро ҳамсабақони муаллиф тирамоҳи соли 1974 дар пахтачинӣ шунидаанд. Тули солҳои 1974-1975 “Шаб ба хайр”-и Баҳодур шлягер (суруде, ки дар дили ҳаводорон маскан мегирад) шудаву инак, 50 сол боз вирди забони хурду калон аст.
Аз қадамҳои аввал дар “Гулшан” Баҳодур Неъмат соли 1977 нахуст суруди “Эй Ватан”, баъд “Шаб ба хайр”-ро сурудааст. Таронаи “Шаб ба хайр”-ро нахуст танҳо суруда буд. Ҳангоми танзими ин суруд аз ҷониби роҳбари мусиқӣ Юрий Лядов, Муқаддас Набиева хоҳиш кард, то онро якҷоя сароянд. Ҳамин тавр, варианти дуюми ин суруд тавассути радио ва телевизион дар иҷрои Баҳодур ва Муқаддас садо дод. Бо гузашти солҳо сарояндаи маҳбуб ин таронаро боз танҳо азнавхонӣ кард.
УСТОД ВА МУШОВИР
Имрӯзҳо фарзанди устод Баҳоваддин Неъматов роҳбарии ансамбли эстрадии “Гулшан”-ро бар уҳда дорад. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Баҳодур Неъматов соли севум аст, ки ҳамчун сармушовир дар ансамбл фаъолият менамояд. Дар тарбияи овозхонҳои ҷавон саҳм мегирад. Барояшон шеъру сурудҳои пурмаънӣ интихоб мекунад.
Солҳои охир Баҳодур Неъмат дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ба таълиму тадриси ҷавонони болаёқат шуғл меварзад...
Умари ШЕРХОН,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 04.06.2025 №: 111
