САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ФАРОНСА

10 июн 2025, Сешанбе
2
8-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнусҳо ва муаррифии оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 ба Фаронса сафар карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, директори Агентии обуҳавошиносӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034, аз ҷониби СММ бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса қабул шудааст.
* * *
8-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Нитсаи Фаронса шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Кот-д'Азури шаҳри Нитса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Фаронса самимона истиқбол гирифтанд.
Дар ин сафар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус ва маросими муаррифии оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034, иштирок ва суханронӣ карданд.
Сарвари давлати мо ба ин чорабиниҳои байналмилалӣ ба ҳайси Роҳбари давлати ташаббускор ва пешоҳанг дар умури ҷаҳонии обу иқлим аз ҷониби роҳбарияти давлати Фаронса ва созмони ЮНЕСКО даъват шуданд.
Санаи нашр: 09.06.2025 №: 113