БАРҚИЯИ ТАБРИКӢ БА ЛИ ҶЕ МЮН

10 июн 2025, Сешанбе
9
5-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Корея муҳтарам Ли Ҷе Мюн барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Дар робита ба пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Корея сарфарозам ба Шумо табрикоту таҳнияти самимонаи инҷонибро иброз намоям.
Интихоб гардиданатон ба ин маснади олӣ, пеш аз ҳама, нишонаи эътимоди мардум ба сиёсати пешгирифтаи Шумо дар роҳи таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад.
Мо Ҷумҳурии Кореяро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ медонем. Таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории созандаи гуногунҷанба бо он пайваста дар маркази таваҷҷуҳи мо қарор дорад.
Бо изҳори қаноатмандӣ аз сатҳу муҳтавои кунунии ҳамкории ду кишвар омодагии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи ин раванд мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумонамон таъкид менамоям.
Бовар дорам, ки, бо саъю талошҳои муштарак, мо шарикии созандаи кишварҳоямонро идома дода, дар ин ҷода ба натиҷаҳои самарабахш ноил хоҳем гашт.
Ба Шумо – ҷаноби Президент, сиҳатмандии комил, дар фаъолияти пурмасъулатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Ҷумҳурии Корея сулҳу амонӣ ва шукуфоии беш аз пеш орзумандам».
СУҲБАТИ ТЕЛЕФОНӢ
7-уми июн суҳбати телефонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Шаҳбоз Шариф доир гардид.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо ва Сарвазири Покистон ба ифтихори иди саиди Қурбон мубодилаи табрикот намуданд.
Дар зимн, Пешвои миллат ба муҳтарам Шаҳбоз Шариф таманниёти сиҳатмандии комилу комёбиҳои навин, ба тамоми мардуми дӯсти Покистон сулҳу амонӣ ва пешрафту шукуфоии пойдор орзу карданд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо ба ҳолати ҷории муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Покистон баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, алоқамандии ду ҷониб ба пешбурди ин муносибатҳо дар руҳияи шарикии стратегӣ таъкид шуд.
Санаи нашр: 09.06.2025 №: 113