ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БОЗЁФТИ САНГНИГОРАҲОИ НОДИР ДАР НОҲИЯИ АШТ

БОЗЁФТИ САНГНИГОРАҲОИ НОДИР ДАР НОҲИЯИ АШТ

25 апрел 2023, Сешанбе
44
0


Моҳи апрели соли ҷорӣ дар деҳаи Даҳанаи ноҳияи Ашти вилояти Суғд, дар рӯи харсангҳо як қатор петроглифҳои қадима пайдо шуданд. Онҳо дар баландии то 1000 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, дарозии баъзеашон то 45 сантиметрро ташкил медиҳад.
Мирзошариф Абдусаломов, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги кишвар, доир ба рафти омӯзиш ва тадқиқи сангнигораҳо чунин гуфт: «Аз ҷониби ҳайати бонуфузи коршиносони байналмилалӣ, ки ба он намояндагони Институти байналмилалии тадқиқотии Осиёи Марказӣ, Вазорати фарҳанг, Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ шомил мебошанд, дар ноҳияи Ашт корҳои ҷустуҷӯиву омӯзишӣ идома дорад. 
Зимни сафар муайян шуд, ки дар деҳаи Даҳанаи Ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳия тасвирҳои рӯисангии беназир мавҷуданд. Тасвирҳо гувоҳӣ аз он медиҳанд, ки корвони “Шоҳроҳи бузурги Абрешим” аз ҳамин ҷо мегузаштааст. Дар аксари сангнигораҳо нақшҳои уштурсаворону тирандозон ва ҳайвонҳои калон: уштуру асп, гову бузҳои кӯҳӣ, оҳую гӯсфанд, инчунин, манзараи ҳарби шеру палангон, сагон ва шикори парандагон ҳаккокӣ шудаанд. Таърихи онҳо тибқи хулосаи коршиносон ба ҳазор ва ду ҳазор сол қабл ва баъзеи онҳо ба мисли уштурсаворон ба асрҳои миёна рост меояд”.
Дар ҷараёни пажӯҳиш ва бақайдгирии петроглифҳо парвандаи номинатсионӣ ҷиҳати ворид намудан онҳо ба Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО омода мешавад. Дар маҷмуъ, аз ноҳияи Ашт беш аз даҳ ҳазор тасвирҳои рӯисангӣ ёфт шудаанд. 
 
Латифабону РУСТАМЗОДА, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 25.04.2023 №: 85
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив