ЗАФАРОБОД. АВЛАВИЯТ БА ТАЪМИНИ ИСТИРОҲАТИ КӮДАКОН

10 июн 2025, Сешанбе
34
Дар шаҳру навоҳии кишвар ба таътили тобистонаи кӯдакон омодагиҳои ҷиддӣ ҷараён дошта, баҳри пурсамар гузаштани истироҳати тобистонаи хонандагон корбарии судманд ба роҳ монда шудааст. Дар ноҳияи Зафаробод низ ба омодагиҳои мавсими истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Маркази таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ин самт корҳои зиёдеро ба анҷом расондааст.
Тибқи иттилои масъулин соли 2025 дар 23 муассисаи таълимӣ 1530 нафар хонанда дар истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ истироҳат хоҳанд кард. Ҳамзамон дар ноҳия истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Чашма» фаъ-олият мебарад ва ба қабули истироҳаткунандагон омода аст. Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Р. Қодиров дар мавриди омодагиҳои истироҳатгоҳи «Чашма» чунин гуфт: «Кормандони истироҳатгоҳ аз назорати тиббӣ гузашта, масъалаҳои таъминот ба оби нӯшокӣ, таъмиру барқарор кардани шабакаи интиқоли барқ, таъмиру тармими хатҳои обу ташноб ҳалли худро ёфтаанд. Бо дастгирии раиси ноҳияи Зафаробод Муродзода Муқим Қаюм барои таъмири боми бинои истироҳатгоҳ 200 адад шифер ҷудо шудааст».
Ҷиҳати пурмазмун ва шавқовар гузаштани фароғати тобистонаи хонандагон тибқи нақшаи кории Маркази таҳсилоти иловагӣ ва мувофиқи ҷадвали сардорони истироҳатгоҳҳо машғулиятҳои китобхонӣ, луғатомӯзӣ, ҳусни хат, забономӯзӣ, расмкашӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва саёҳатҳо ташкил ва гузаронда мешаванд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 09.06.2025 №: 113