ҶУДО

10 июн 2025, Сешанбе
8
Тамрини дастаҷамъонаи паҳлавонони тоҷик барои ширкат дар Чемпионати ҷаҳон
Тавре хабар дода будем, аз 13 то 20-уми июн дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Венгрия Чемпионати ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад.
Бо мақсади омодагӣ ба ин чорабинии муҳими варзишӣ дастаи мунтахаби ҷудои кишвар аз 22-юми май то 8-уми июн дар шаҳри Гулистон ба машқҳои дастаҷамъона фаро гирифта шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз маркази таълимӣ боздид намуда, бо ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои кишвар мулоқот намуд. Зимни суҳбат иброз дошт, ки ба рушди ҷудо дар кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Танҳо дар панҷ моҳи аввали соли 2025 варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 18 медал ба даст овардаанд, ки далели пешравии соҳа ва маҳорату омодагии баланди варзишгарони мост.
Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон 9 варзишгари ботаҷриба намояндагӣ мекунад, ки иштирокчиён ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бозиҳои олимпӣ мебошанд.
Фонди ҷоизаҳои Чемпионати ҷаҳон 800 000 евроро ташкил медиҳад. Дар зӯрозмоиҳои инфиродӣ ғолибони ҳамаи 14 вазн 26 000 евро, барандагони медали нуқра 15 000 евро ва биринҷӣ 8000 евро дарёфт мекунанд. Дар ҳайати даставӣ бошад, ба тими ғолиб 90 000 евро, ба барандагони медали нуқра 60 000 ва медали биринҷӣ 25000 евро тақдим мегардад.
Барои ширкат дар мусобиқаи муҳими сол 564 варзишгар (298 мард, 266 зан) аз 93 давлат номнавис шудааст.
САМБО
Ду медали варзишгарони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳон
7-8-уми июн дар шаҳри Ереван Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои президенти Кумитаи миллии олимпии Арманистон Г. Тсарукян баргузор шуд.
Ҷумҳурии моро дар мусобиқа 4 варзишгар намояндагӣ карда, ба гирифтани ду медал – 1 тилло, 1 нуқра – шарафёб гашт. Медали тиллоро Беҳрӯз Ҳалимов дар вазни -64 кг сазовор шуд. Паҳлавони маъруфи кишвар Комроншоҳ Устопириён дар вазни -98 кг медали нуқра гирифт.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадр шуданд: ҷойи аввал – 3000 доллари ИМА, ҷойи дуюм – 2000, ҷойи сеюм – 1000 доллар.
ФУТБОЛ
Дастаи ҷавонони Тоҷикистон дар Чемпионати CAFA-2025 ширкат мекунад
Тими мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20), ки аз 10 то 17-уми июн дар шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода баргузор мешавад, ширкат мекунанд.
Дар баробари Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирокчии мусобиқа хоҳанд буд. Дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд ва дар шакли даврӣ бозӣ мекунанд. Сипас, ғолибони гурӯҳҳо дар финал вомехӯранд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, барои ҷойи сеюм бозӣ мекунанд. Инчунин, барои ҷойи панҷум вохӯрии тасаллобахш баргузор мешавад.
Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, ки асоси дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) аз бозигарони мунтахаби наврасон (U-17) иборат аст, ки моҳи ноябр дар Ҷоми ҷаҳон-2025 иштирок мекунанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 09.06.2025 №: 113