МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЭММАНУЭЛ МАКРОН
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитса дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ гардид.
Дар оғози суҳбат Эммануэл Макрон ба Президенти кишвари мо барои қабули даъват ва иштирок дар чорабиниҳои байналмилалии Нитса арзи сипос намуда, нақши пешвоии Тоҷикистонро дар умури ҷаҳонии обу иқлим махсус таъкид сохтанд.
Президенти Фаронса, ҳамчунин, ҷониби Тоҷикистонро бо баргузории бомуваффақияти нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе табрику таҳният гуфтанд.
Дар идома ҷонибҳо ба рушду густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, ҷалби сармоя ва технология, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангиву башарӣ, илму маориф ва сайёҳиро зарур донистанд.
Тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ унсури муҳими муносибатҳо номида шуд.
Аз раванди рушдёбандаи шарикии кишварҳо дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама Созмони Милал, изҳори қаноатмандӣ гардид.
Ҳамкорӣ дар масоили тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои таъсири он ба муҳити зист, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034, аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
Мавқеи наздик ва ҳамсони кишварҳо оид ба таъмини амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, бахусус мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, таъкид гашт.
Дар фароварди суҳбат Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон даъват намуданд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.
МУЛОҚОТИ САРВАРИ ДАВЛАТ БО САРВАЗИРИ КАМБОҶА
9-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитса дар ҳошияи Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус бо Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа муҳтарам Ҳун Манет мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ масоили густариши муносибатҳои Тоҷикистону Камбоҷа баррасӣ гардид.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз сӣ соли барқароршавии робитаҳои дипломатӣ изҳор доштанд, ки мо ҷонибдори тақвият бахшидани онҳо ҳастем.
Ҷонибҳо ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, саноат ва бахши фарҳанг таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, роҳандозӣ ва рушди ҳамкории байнипарлумониро мувофиқи мақсад донистанд.
Дар чаҳорчӯби робитаҳо дар созмонҳои байналмилалӣ аз дастгирии ташаббусҳои якдигар изҳори қаноатмандӣ шуд.
Таҳкими ҳамкорӣ дар масоили пешгирӣ аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва таъмини устувории муҳити зист аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
Дар фароварди суҳбат аз Сарвазири Шоҳигарии Камбоҷа даъват шуд, ки барои анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.
Санаи нашр: 10.06.2025 №: 114
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН