ФУТБОЛ
«Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» дар Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё-2025/26 ширкат мекунанд
Конфедератсияи футболи Осиё рӯйхати кишварҳоеро нашр кард, ки дастаҳояшон барои ширкат дар мусобиқоти бошгоҳии мавсими нав ҳуқуқ доранд.
Чемпиони Тоҷикистон-2024 «Истиқлол»-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода барои ширкат дар Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё-2025/26 муҷаввиз гирифтанд. Дастаи шаҳри Душанбе баромадро аз марҳалаи гурӯҳӣ оғоз мекунад. Тими шаҳри Турсунзода бошад, барои роҳ ёфтан ба марҳалаи гурӯҳӣ, бояд бозии плей-офф-ро анҷом диҳад.
Ба рӯйхати нашркардаи Конфедератсияи футболи Осиё дар Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё-2025-2026, аз Осиёи Ғарбӣ клубҳои футболи 12 давлат шомил шудаанд: “Ан-Наср” (Арабистони Саудӣ), “Ал-Васл” (АМА), “Ал-Аҳли” (Қатар), “Истиқлол” (Эрон), “Андиҷон” (Ӯзбекистон), “Ал-Ҳусейн”, “Ал-Ваҳдат” (Урдун), “Ал-Муҳаррақ”, “Ал-Халдия” (Баҳрайн), “Моҳун Баган” (Ҳиндустон), “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Аркадаг” (Туркманистон), ғолиби Ҷоми Ироқ-2025, ки ҳоло маълум нест. Ҳамчунин, чор даста – “Регар-ТадАЗ” (Тоҷикистон), “Гоа” (Ҳиндустон), “Аҳал” (Туркманистон), “Ас-Сиб” (Уммон) – барои баромадан ба марҳалаи гурӯҳӣ қувваозмоӣ мекунанд. Дастаҳо ба чор гурӯҳ тақсим мешаванд. Чор гурӯҳи дигар дар минтақаи Осиёи Шарқӣ ташкил мешавад. Аз ҳар гурӯҳ дудастаӣ ба 1/16-финал роҳ меёбанд ва муборизаро барои унвони чемпионӣ идома медиҳанд.
Тими ҷавонони Тоҷикистон (U-18) бо Афғонистон ва Қирғизистон вомехӯрад
Ҳарифони дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20), ки аз 10 то 17-уми июн дар шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода баргузор мешавад, муайян гаштанд.
Дар натиҷаи қуръакашӣ, ки 9-уми июн доир гашт, мунтахаби ҷавонони мо ҳамроҳ бо дастаҳои Афғонистон ва Қирғизистон ба гурӯҳи «А» шомил шуданд. Тимҳои ҷавонони Эрон, Ӯзбекистон ва Туркманистон гурӯҳи «В»-ро ташкил доданд.
Футболбозони ҷавони мо имрӯз – 10-уми июн бо Афғонистон, 14-уми июн бо Қирғизистон вомехӯранд.
Дар асоси низомнома ғолибони гурӯҳҳо ба финал роҳ меёбанд, дастаҳои ҷойи дуюм барои медалҳои биринҷӣ бозӣ мекунанд. Ҳамчунин, бозӣ барои ҷойи панҷум низ сурат мегирад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 10.06.2025 №: 114
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН