ФУТБОЛ

11 июн 2025, Чоршанбе
18
Тоҷикистон бо Филиппин мусовӣ бозӣ кард
Бозии тими миллии футболи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, дар гурӯҳи “А”, дар меҳмонӣ бо дастаи мунтахаби Филиппин бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт.
Вохӯрии дастаҳо 10-уми июн дар варзишгоҳи «Ню-Кларк-Сити»-и шаҳри Капас доир гардид. Ҳисобро мизбонон тавассути Бйорн Кристенсен дар дақиқаи 28-ум кушоданд. Пас аз се дақиқа Эҳсони Панҷшанбе ҳисобро баробар намуд. Дар охири нимаи аввали бозӣ мизбонон дар ҷаримагоҳи худ қоидаи бозиро муқобили Эҳсони Панҷшанбе вайрон карда, ӯро аз по афтонданд. Сардовар Ҳасан Акрамӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ба дарвозаи филиппиниҳо ҷаримаи 11-метра таъин кард. Пеналтиро Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 42-юм бехато иҷро кард.
Дар қисми дуюм мизбонон фаъол шуда, дар дақиқаи 79-ум боз ҳам Бйорн Кристенсен гол зад. Ҳамин тариқ, бозӣ бо ҳисоби 2:2 ба поён расид ва ҳар ду даста якхолӣ гирифтанд.
Дар бозии дигари гурӯҳи “А” тими миллии Тимори Шарқӣ дастаи мунтахаби Молдивро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввали марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027, ки 25-уми марти имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бар тими миллии Тимори Шарқӣ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуда буд.
Баъди натиҷагирии даври дуюм дастаҳои мунтахаби Филиппин ва Тоҷикистон бо чорхолӣ пешсафанд. Аз рӯйи таносуби беҳтари тӯбҳо Филиппин дар ҷои аввал, Тоҷикистон дар зинаи дуюм қарор доранд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии сеюми худро дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 рӯзи 9-уми октябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе муқобили тими миллии Молдив анҷом медиҳад.
Дар марҳалаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2027 тимҳои миллӣ ба шаш гурӯҳи иборат аз чордастаӣ тақсим шудаанд ва танҳо ғолибони гурӯҳҳо ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 15-уми январ то 8-уми феврали соли 2027 дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Тими ҷавонони Тоҷикистон (U-18) Чемпионати CAFA-ро бо пирӯзӣ оғоз кард
Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон дар даври аввали Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20), дар гурӯҳи “А” бар тими ҷавонони Афғонистон бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад.
Ба иттилои ФФТ, бозии дастаҳо шоми 10-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гашт. Голҳои дастаи моро Абдулло Иброҳимзода ва Зариф Зарифзода заданд. Ҳамчунин, Зарифзода беҳтарин бозигари вохӯрӣ эътироф шуд.
Дар гурӯҳи “В” тими ҷавонони Эрон бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд.
Бозиҳои даври дуюм 12-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешаванд.
Дар асоси низомнома ғолибони гурӯҳҳо ба финал роҳ меёбанд, дастаҳои ҷойи дуюм барои медалҳои биринҷӣ бозӣ мекунанд. Ҳамчунин, бозӣ барои ҷойи панҷум низ сурат мегирад.
Марҳалаи сеюми Мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар Осиё анҷом ёфт
Бо натиҷагирӣ аз бозиҳои марҳалаи сеюми мусобиқаи интихобӣ дар қораи Осиё, шаш даста соҳиби роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон-2026 гардиданд.
Дар ин марҳала 18 даста дар се гурӯҳ барои роҳхат мубориза бурданд. Ҳамин тариқ, аз гурӯҳи “А” дастаҳои Эрон, Ӯзбекистон, аз гурӯҳи “В” Ҷумҳурии Корея, Урдун ва аз гурӯҳи “С” Ҷопон, Австралия ҳаққи ширкат дар Чемпионати ҷаҳонии соли 2026-ро пайдо карданд.
Дар Чемпионати ҷаҳонии навбатӣ, ки дар Канада, ИМА ва Мексика баргузор хоҳад шуд, бори аввал 48 даста ширкат мекунад (то ин замон 32 даста буд). Барои қораи Осиё 8,5 ҷой ҷудо шудааст. Дар марҳалаи чорум дастаҳое, ки дар марҳалаи сеюм дар гурӯҳ ҷойҳои сеюму чорумро гирифтаанд, муборизаро идома медиҳанд. Шаш даста – АМА, Қатар, Ироқ, Умон, Арабистони Саудӣ, Индонезия – ба ду гурӯҳ тақсим шуда, барои ду роҳхати дигар мубориза мебаранд ва ғолибон роҳхати Ҷоми ҷаҳонро ба даст меоранд. Дастаҳои ҷойи дуюми гурӯҳҳо бо ҳам вомехӯранд ва тими ғолиб дар бозии плей-оффи байниқоравӣ имкон дорад як роҳхати дигарро сазовор гардад.
Ногуфта намонад, ки тимҳои миллии Ӯзбекистон ва Урдун бори аввал дар Чемпионати ҷаҳон ширкат мекунанд.
Мусобиқаи интихобӣ дар Уқёнус низ анҷом ёфтааст, ки ягона ҷойи ҷудошуда насиби Зеландияи Нав шуд. Дар дигар қораҳо мусобиқаҳои интихобӣ ҷараён доранд. То ин вақт дар баробари дастаҳои мизбон – Канада, ИМА, Мексика, аз Амрикои Ҷанубӣ Аргентина, Эквадор ва Бразилия низ соҳиби роҳхат шудаанд.
САМБО
Душанбе бори аввал мизбони Ҷоми ҷаҳон мешавад
20-21-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо баргузор мешавад.
Ба иттилои Федератсияи самбои Тоҷикистон, ин тасмим дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии самбо (FIAS), ки дар он тағйирот ба тақвими мусобиқоти байналмилалӣ баррасӣ гашт, гирифта шуд. Ҳамчунин, тасдиқ гардид, ки Чемпионати ҷаҳонии самбо соли равон дар шаҳри Бишкек (Қирғизистон) аз 7 то 9-уми ноябр баргузор мешавад.
Барои Тоҷикистон Ҷоми ҷаҳон аввалин мусобиқаи самбо дар чунин сатҳ хоҳад буд. Интихоби пойтахти Тоҷикистон ҳамчун мизбон ба маъруфияти самбо дар минтақа рабт дода шуд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 11.06.2025 №: 115