ТОҶИКИСТОН. КИШВАРЕ САДРНИШИН ДАР ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ОБУ ИҚЛИМ
Дар ҷаҳони муосир, ки об ба яке аз омилҳои муҳими амният ва рушди устувори давлатҳо табдил ёфтааст, Тоҷикистон бо ташаббусҳои доимии байналмилалӣ ва сиёсати оқилонаи Сарвари худ дар сатҳи ҷаҳонӣ мавқеи устувор касб менамояд. Барҳақ, кишвари мо тавонист, дар партави сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдомҳои муҳими глобалиеро доир ба масъалаи обу иқлим роҳандозӣ ва татбиқ намояд, ки ба нафъи аҳли башар нигаронда шудаанд.
Аз ҷониби Тоҷикистон бо истифода аз минбари Созмони Милали Муттаҳид то имрӯз панҷ ташаббуси муҳими байналмилалӣ пешниҳод шудааст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хушнудӣ пазируфта шуда, мавриди татбиқ қарор доранд.
Ҳамаи ин ташаббусҳо ба густурдагии ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳалли дастҷамъии мушкилоти умумӣ ва беҳтар кардани дастрасӣ ба оби тоза дар миқёси олам равона гардидаанд. Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари кӯҳистон ва дорои захираҳои бойи об бо зиёда аз 13 ҳазор пирях, ҳазорҳо дарё ва чашма манбаи асосии об дар минтақа ба ҳисоб рафта, беш аз 60 дарсади захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбад ва зимни истифода манфиати ҳамсояҳои поёноб ҳамеша ба инобат гирифта мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ дар минбарҳои баланд, аз ҷумла дар Созмони Милали Муттаҳид борҳо таъкид кардаанд: “Мо обро бояд ҳамчун манбаи сулҳу ҳамкорӣ, на василаи рақобат ва низоъ истифода барем. Тоҷикистон омода аст, ки минбаъд низ саҳми фаъолу созандаи худро дар рушди рӯзномаи глобалии об гузорад”.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистон аз соли 2013 ба ин сӯ дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи обро баргузор мекунад. То имрӯз ҷониби Тоҷикистон ҳафт маротиба чунин ҳамоиш доир кардааст, ки дар онҳо садҳо намояндаи мамлакатҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои илмӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзидаанд.
Маҳз ҳамин гуна чорабиниҳо имкон доданд, ки шаҳри Душанбе ҳамчун маркази гуфтугӯҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар мавзуи об шинохта шавад. Ҳамзамон, Тоҷикистон бо баргузории чунин конфронсҳо саҳми назарраси худро дар ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба масъалаи об ба таври возеҳ ифода мекунад.
Дар заминаи тадбирҳои амалӣ вобаста ба татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат моҳи марти соли 2023 Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Подшоҳии Нидерландия дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Конфронси ҷаҳонии оби СММ-ро ташкил кард. Ин чорабинӣ оғози марҳалавӣ дар таҳияи рӯзномаи амалиёти об гардид. Дар ин Конфронс зиёда аз 10 ҳазор намоянда иштирок карда, 700 иқдом ва садҳо пешниҳод матраҳ шуда, дар робита ба беҳтарсозии идораи захираҳои об мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии ифтитоҳии худ чунин таъкид карданд: “Мо итминон дорем, ки об бояд ҳамчун омили муттаҳидсозанда, василаи сулҳ, рушд ва ҳамкории кишварҳо дар миқёси байналмилалӣ арзёбӣ гардад”.
Нуктаи дигари қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки кишвари мо аз соли 2020 узви фаъоли Шурои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, Кумитаи роҳбарикунандаи Шабакаи оби Созмони Милали Муттаҳид мебошад. Чунин ҷойгоҳи шоиста ва нуфузи байналмилалӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар ташаккули сиёсати глобалӣ дар соҳаи об нақши боз ҳам фаъолтар дошта бошад.
Ин дар ҳолест, ки ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллати мо на рамзӣ, балки амали воқеӣ буда, дар заминаи онҳо садҳо лоиҳа дар кишварҳои мухталиф роҳандозӣ шуд, даҳҳо ҳамоиши сатҳи баланд ташкил гардид ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи обу дастрасии одилона ба ин неъмат афзуд, ки бесабаб нест, зеро ба таъбири Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Об яке аз захираҳои муайянкунандаи ояндаи инсоният аст”.
Сайдалӣ Сироҷиддин САЙВАЛӢ,
судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон
Санаи нашр: 12.06.2025 №: 116
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН