ГӮШТИН

13 июн 2025, Ҷумъа
28
Курси байналмилалии такмили ихтисоси мураббиён дар Душанбе
Дар пойтахти кишвар курси байналмилалии такмили ихтисоси мураббиён оид ба гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ ба анҷом расид.
Курси омӯзиширо барандаи медали нуқраи бозиҳои олимпӣ, инструктори расмии Иттиҳоди ҷаҳонии гӯштинҳо (UWW) Юсуф Абдусаломов гузаронд.
"Ман ба Ватан баргаштам. Барои ман шарафи бузург аст, ки таҷрибаи андӯхтаамро бо ҳамватанонам мубодила мекунам. Умедворам, ки чунин чорабиниҳо мунтазам баргузор мешаванд ва ҳамин тавр, мо метавонем насли нави гӯштин ва мураббиёнро тарбия кунем", - зикр кард Ю. Абдусаломов.
Барномаи курси такмили ихтисос дар асоси равишҳои муосири тарбияи варзишгарон сохта шуда, ҳам ҷанбаҳои амалӣ ва ҳам назариявиро дар бар гирифт.
"Мураббиён бояд як қадам пеш бошанд, тамоюлҳои ҷаҳониро дарк кунанд ва тавонанд онҳоро ба низоми мо мутобиқ созанд. Агар хоҳем, ки паҳлавонони худро дар суфаи ифтихор бубинем, аз ин ҷо роҳ оғоз мешавад", - таъкид кард Ю. Абдусаломов.
Пас аз анҷом ба иштирокчиёни курс шаҳодатнома супурда шуда, ба Юсуф Абдусаломов, нишони қадрдонӣ аз саҳми ӯ дар рушди варзиши кишвар, туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла либоси миллии тоҷикӣ, тақдим гардид.
ҶУДО
Мариус Визер бори ҳаштум президенти IJF интихоб шуд
11-уми июн дар Будапешт (Венгрия), қабл аз оғози Чемпионати ҷаҳонии ҷудо, конгресси Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) доир гашт, ки Мариус Визери руминиягӣ дигарбора роҳбари ин ниҳоди байналмилалӣ интихоб шуд. Ҳамчунин, намояндагони 180 федератсияи миллӣ узви нави Кумитаи иҷроияи IJF-ро барои давраи солҳои 2025-2029 тасдиқ карданд.
Аз ҷумҳурии мо дар конгресс директори генералии Федератсияи ҷудо Қурбоналӣ Сафаров ва директори варзишии Федератсия Рамзӣ Шамиров ширкат карда, шодбошии раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоирро ба Мариус Визер расонданд ва омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо бо IJF таъкид намуданд.
Мариус Визери 66-сола бори нахуст соли 2007 президенти IJF интихоб шуда буд. Аз он пеш 7 сол раиси Иттиҳоди ҷудои Аврупо буд. Аз соли 2013 то соли 2015 ӯ, ҳамчунин, ба ҳайси президенти “SportAccord” кор кардааст.
ФУТБОЛ
Марҳалаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оғоз мегардад
Пас аз танаффуси сеҳафтаина, бо далели бозиҳои тими миллии Тоҷикистон бо дастаҳои мунтахаби Камбоҷа (2:1) ва Филиппин (2:2), марҳалаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон-2025 байни дастаҳои Лигаи олӣ оғоз мешавад.
Дар даври дувоздаҳум 13-уми июн “Эсхата” бо “Вахш”, 14-уми июн “Регар-ТадАЗ” бо “Барқчӣ”, “Ҳулбук” бо “Панҷшер”, “Истаравшан” бо “Равшан”, 15-уми июн “Ҳосилот” бо КМВА ва 18-уми июн “Истиқлол” бо “Хуҷанд” вомехӯранд.
Феълан дар ҷадвали мусобиқа “Вахш”-и Бохтар бо 23 хол пешсаф аст. КМВА ва “Истиқлол” бо 21 хол дар ҷойҳои дуюму сеюм мавқеъ доранд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 12.06.2025 №: 116