МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ. АЗ РОҲИ ҲУНАР – САМАРИ БЕШТАР

13 июн 2025, Ҷумъа
75
Муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳое, ки ба қувваи корӣ ниёз доранд, як ҷузъи муқаррарии ҳаёт буда, садҳо миллион нафарро дар саросари ҷаҳон фаро гирифтааст. Дар бузургтарин кишварҳо, ба мисли Чин, Ҳиндустон, Филиппин, як қисми даромади калони иқтисодӣ аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнатӣ таъмин мешавад. Яъне, масъалаи муҳим дар ин самт идораи дурусту босамари қувваи корӣ мебошад.
АВВАЛ ШАРТНОМАИ МЕҲНАТӢ, БАЪД РОҲИ САФАР
Ҳарчанд, муҳоҷират аз давлати Филиппин зиёд аст, аммо танзими дурусти он бо роҳи ҳунаромӯзии қувваи корӣ ва бастани шартномаҳои тарафайни меҳнатӣ самараи бештар ба бор оварда, мушкилот дар ин самт барои кишвари мазкур қариб ба назар намерасад.
Томас Ачакосо, коршиноси риштаи муҳоҷирати меҳнатии Филиппин, собиқ мушовири Бонки ҷаҳонӣ, зимни як мусоҳиба аз таҷрибаи давлати Филиппин дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ёдовар шуда, танзими босамари онро дар бастани шартномаҳои дуруст бо корфармоёни давлати дигар мебинад. Яъне, номбурда бастани чунин шарномаро роҳи асосии дуруст идора кардани қувваи корӣ медонад.
Аммо мушоҳидаи мо тайи ду соли охир дар Федератсияи Россия нишон дод, ки бештари қувваи корӣ аз кишвари мо бидуни бастани шартномаҳои меҳнатӣ бо корфармоён корро интихоб мекунанд. Дар баъзе ҳолат ин боиси нодида гирифтани таҷрибаю малакаи онҳо ва поймолшавии ҳуқуқҳояшон мегардад, дар ҳоле ки имрӯзҳо коргарони тоҷик бо омӯзиши ҳунар ва меҳнати пайваста дар аксари корҳои созандагию бунёдкорӣ пешравии назаррас доранду ба мутахассисони ҳирфаӣ табдил ёфтаанд. Дар муқоиса бо дигарон, ҳамватанони мо аз коргарони устувор ва боэътимод ба шумор мераванд. Коргурез нестанд. Вале вақте онҳо бидуни шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд, ба саргардониҳои зиёд, аз ҷумла дар мавриди ҳуҷҷатгузорӣ, пайдо намудани ҷойи кори муносибу манзили зист, дучор мешаванд. Ҳол он ки дар кишвари Россия, ки дорои корхонаҳои бисёр аст, ба қувваи кории Тоҷикистон ниёзмандии хеле зиёд ба назар мерасад.
АЗ РОҲИ ҲУНАР – САМАРИ БЕШТАР
Касбу ҳунар ба ҳар инсон имкон медиҳад, ки дар дилхоҳ ҷой зиндагии шоиста дошта бошаду андешаи солим. Вақте ҷавон ҳунар ва касб дорад, ӯ ҳамарӯза пайи фикрҳои созанда ва мусбат мебошад. Соҳибҳунар дар ҳама ҷо мавриди эҳтиром ва ҳимоя мебошад. Дар акси ҳол, касони беҳунар бе ҷойи кор монда, дар бунбасти моддию маънавӣ қарор мегиранд. Нафарони соҳибкасбу боҳунар дар дохил ва хориҷи кишвар ба осонӣ соҳиби ҷойи кори хуб ва сердаромад шуда, фоидаашон ба Ватану ҳамватанон даҳчанд мерасад. Азбаски вақти худро бештар ба корҳои дурусту созанда мегузаронанд, ба корҳои номатлуб даст намезананд.
Шартномаи меҳнатӣ низ вақте самари дилхоҳ медиҳад, ки коргарон соҳибҳунару уҳдабароанд ва риояи бечунучарои онро талаб кардан имкон дорад. Дар ин ҳолат корфармо ба ҳама шарту хоҳиши коргар розӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳунаромӯзӣ барои эътибори бештар пайдо кардани қувваи корӣ масъалаи аз ҳама муҳим аст. Бо роҳи тахассусманд гардидани қувваи корӣ, бахусус, эътибори ҳамватанон дар хориҷ боз ҳам боло меравад. Барои мисол, ҳангоми кор дар шаҳри Первоуралски вилояти Свердловск бо Наим ном як ҳамватанамон вохӯрдам, ки мутахассиси хеле хуб дар самти рангубор (маляр) буд. Корфармоёни рус аз ӯ хоҳиш мекарданд, ки бо онҳо шартномаи меҳнатӣ банданд. Наим нисбат ба коргарони қаторӣ ду баробар зиёд музди меҳнат мегирифт ва барояш махсус аз тарабхона хӯроки гарм меоварданд.
Аз рӯи маълумоти интернетӣ, имрӯзҳо дар бозори меҳнат зиёда аз 40 ҳазор касбу ҳунар мавҷуд аст, ки ҳар кадом харидори худро дорад. Албатта, омӯзиши 40 ҳазор касб яксон нест. Омӯзиши як қисм мураккаб ва қисми дигар осонтар аст. На ҳама қобилияту завқи азхудкунии тахассусҳои баландро доранд. Дар ҳоли ҳозир ба роҳ мондани омӯзишҳои кӯтоҳмуддати 1, 2,3,4-моҳаи касбу ҳунарҳои серхаридори бозори меҳнат барои як гурӯҳ қувваи қобили меҳнат боз ҳам теъдоди соҳибҳунаронро дар таркиби қувваи корӣ зиёд намуда, арзиши меҳнати онҳо ва манфиаташонро ба ҷомеа бештар мегардонад.
МАРКАЗҲОИ ТАЪЛИМИ КАЛОНСОЛОН НОМ ҲАСТУ НИШОН НЕ
Аллакай, пас аз муҳайё гардидани сулҳу амонӣ дар мамлакат баробари дигар соҳаҳо бо ғамхории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои касбомӯзии калонсолон дар мамлакат марказҳои таълими калонсолон таъсис ёфтанд, ки ҳоло теъдодашон ба 30 адад мерасад. Онҳо барои соҳибтахассус намудани як қисм шаҳрвандоне, ки завқи касбомӯзӣ доранд ё занону духтарони хонашин ташкил ёфтаанд. Ин марказҳо метавонанд заминаи ибтидоии соҳибкасбшавии аксари шаҳрвандон бошанд. Аммо фаъолияти онҳо дар бисёри ноҳияҳо айни замон мақоли «Хоҷа, боғ дорӣ? Дорам»-ро мемонаду халос. Масъулони маҳал ба фаъолияти онҳо эътибор намедиҳанд. Чунин як марказ танҳо дар шаҳри Душанбе мақсаднок фаъолият дораду халос. Дар аксар шаҳрҳои сернуфуси кишвар самаранокии фаъолияти онҳо зери суол аст. Ҳол он ки дар ҳолати фаъолияти натиҷабахши ин марказҳо аз ҳисоби онҳо шумораи қувваи кории тахассусманд дар миёни шаҳрвандон афзуда, ба иқтисоди миллӣ низ фоидаи даҳчанд ворид мегардад.
Бо назардошти бозори меҳнати ҷаҳонӣ, ҷоннок гардондани фаъолияти марказҳои таълими калонсолон дар маҳалҳо яке аз роҳҳои соҳибҳунар гардондани қувваи корӣ мебошад. Зарур аст, ки таълимгирандагон бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири корӣ таъмин бошанд, бо он кор карда тавонанд. Ба қаллобӣ ҳангоми додани сертификати ихтисос, ки имрӯз дар чунин ба ном марказҳои таълим ба як савдои ошкоро табдил ёфтааст, тариқи пешбинии ҷазои сангин бояд хотима дод. Пас аз он ки шаҳрвандон фоидаи таълим дар ин марказҳоро мебинанду бештар ҳавасманд мегарданд, хароҷоти он зуд пӯшонда мешавад. Ҳамзамон, дар ҳоли тахассусманд гардидани қисми бештари қувваи корӣ фоидаи иктисодии он даҳчанд меафзояду ҳамватанон дар хориҷ низ бо осонӣ соҳиби ҷойи кору даромади устувор мегарданд.
Имкон надорад, ки ҳама олим шавад, аммо як қисми қувваи корӣ метавонад бо омӯзишҳои кӯтоҳмуддати 1,2,3,4-моҳа соҳибҳунар шуда, ҷойгоҳу манзалати баланде касб намояд. Имрӯз кам нест тоҷики боҳунаре, ки дар ҳама ҷо то фурудгоҳ ба истиқболаш меоянд. Пас, бо истифода аз имкониятҳое, ки давлату Ҳукумат дар роҳи омӯзиши касб фароҳам овардааст, сафи онҳоро зиёд бояд кард.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.06.2025 №: 117