РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

13 июн 2025, Ҷумъа
12
Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён дар вилояти Хатлон бо мутахассисони соҳибтаҷрибаву ташаббускор, эҷодгару чашмикордон машҳур аст. Аз ин деҳкадаи машҳур дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар мутахассисоне сабзидаанд, ки саҳмашон дар пешрафти ҳамаи соҳаҳо: маориф, тандурустӣ, саноат, кишоварзӣ, мақомоти қудратӣ, илм, варзиш назаррас аст. Ба туфайли заҳмати арзандаи онҳо ноҳия дар иҷрои нақшаҳои ҷашнӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба истиқболи арзандаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешсафанд.
Яке аз чунин роҳбарони соҳибобрӯ, тӯдакаш, ташаббускор Муҳиддин Мусоев ба ҳисоб меравад. Вай баъди хатми мактаби миёна соли 1994 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино супурда, донишҷӯ гардид. Баъди гирифтани диплом бо ихтисоси табиби кӯдакон дар беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониён ба табобати маризон шуруъ намуд. Баъди панҷ сол мудири шуъба таъин гардид. Бисёр мехонд, аз таҷрибаҳои устодон баҳра мебардошт, сабабҳои ба беморӣ печидани тифлҳоро дақиқ муайян намуда, усулҳои гуногуни табобатро эҷодкорона истифода мебурд. Аз ин рӯ, зодмандони кӯдакон аз ӯ сипосгузор мешуданд.
Муҳиддин Мусоев ба касбомӯзии духтарони деҳот низ таваҷҷуҳ зоҳир месозад. Аз ҳаёти ҳамшираҳои шафқат, момодояҳо, лаборантҳо ва табибони машҳур қиссаҳои ҷолиб нақл намуда, ҷавонон, бавижа духтаронро ба пешаи табибӣ ҳавасманд месозад. Ин аст, ки қариб 70 дарсади донишҷӯёни Коллеҷро духтарон ташкил медиҳанд.
Табибони оянда машғулиятҳои амалии худро дар Беморхонаи ба номи Бурӣ Воҳидови шаҳри Бохтар, муассисаи «Акси шифои тибби Хатлон» ва марказҳои репродуктивии модару кӯдак мегузаронанд.
Мавриди зикр аст, ки бо ташаббуси соҳибкорон ва директор М. Мусоев дар соли хониши нав факултаҳои тибби ташхисӣ ва дандонпизишкӣ кушода шуд. Дар шафати Коллеҷ Маркази касалиҳои дил бо тамоми таҷҳизоти муосири ҷаҳонӣ, дармонгоҳи калонсолон, маркази ташхиси озмоишӣ ва ду дорухона фаъолият менамоянд. Дар ҳақиқат, ин мавзеъ шаҳрчаи табибон аст.
Директор иброз медорад, ки барои донишҷӯёни бепарастор ва аз оилаҳои ниёзманд, имтиёз зиёд аст. Онҳо аз маблағи шартнома озод мешаванд. Донишҷӯёни аълохон, ғолибони озмунҳои фаннии вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дастгирӣ меёбанд. Имрӯз 12 донишҷӯ, ки ғолиби даври якуми озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аст, ба даври дуюм омодагӣ мегирад.
Варзишгарони Коллеҷ дар чорабинии ҷумҳуриявии «Ҷоми раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи махсус» ва бахшида ба «Рӯзи ҷаҳонии футбол» ширкат варзида, дар ҷумҳурӣ сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
Музаффар МУРОДОВ, бойгоншиноси дастгоҳи раиси вилояти Хатлон
Санаи нашр: 13.06.2025 №: 117