ФУТЗАЛ

13 июн 2025, Ҷумъа
17
«Соро компания» - барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2025
Дастаи "Соро компания"-и Душанбе бори панҷум барандаи Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал гардид.
Ин тим бо раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар бозии ниҳоӣ, ки 11-уми июн дар шаҳри Душанбе доир гашт, тими "Сипар"-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:1 шикаст дод.
Пас аз анҷоми бозии ниҳоӣ маросими ҷоизасупорӣ доир гардид. Ба “Соро компания” медалҳои тилло ва Ҷоми Тоҷикистон супурда шуд. Дастаи “Сипар” бо медалҳои нуқра сарфароз гашт.
Зимнан, дастаи “Соро компания” қаблан солҳои 2020, 2021, 2022 ва 2023 ғолиби Ҷоми Тоҷикистон шуда буд. Моҳи майи соли равон бошад, даста аз рӯи натиҷаҳои се бозии силсилаи ниҳоии Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2024/2025 бар тими “Истиқлол”-и Душанбе бо ҳисоби умумии 3:0 пирӯз гашта, ба унвони чемпионӣ даст ёфт.
ФУТБОЛ
КФО чамани сунъиро дар мусобиқаҳои расмӣ манъ мекунад
Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) бо нашри як изҳороти расмӣ хабар дод, ки аз моҳи августи соли равон истифодаи чаманҳои сунъӣ дар як қатор мусобиқаҳои расмии қоравӣ манъ хоҳад шуд.
Ин иқдом бо мақсади таъмини шароити беҳтар барои бозигарон, коҳиши хатари осебгирӣ ва баланд бардоштани сифати бозӣ дар мусобиқаҳои сатҳи қитъавӣ амалӣ мегардад.
Баргузории бозиҳо дар майдонҳои сунъӣ дар мусобиқаҳои зерин манъ хоҳад шуд: марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё, бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳонии FIFA, мусобиқаи интихобии олимпӣ миёни бонувон, Лигаи чемпионҳои элитаи Осиё (AFC Champions League Elite), Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё (AFC Champions League 2), Лигаи чемпионҳои Осиё миёни бонувон (AFC Women’s Champions League).
Гуфта шудааст, ин қарор дар асоси натиҷаҳои омӯзишҳои тиббӣ ва машварат бо коршиносони техникӣ қабул гардидааст. Мақомоти КФО бар ин назаранд, ки истифодаи майдонҳои сунъӣ метавонад ба сатҳи бозии дастаҳо ва саломатии футболбозон таъсири манфӣ расонад.
Ёдовар мешавем, ки дар мавсими 2025/2026-и Лигаи дуюми чемпионҳои Осиё аз кишвари мо дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” иштирок мекунанд ва бо сабаби сунъӣ будани чамани Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, шояд “Истиқлол” бозиҳои хонагиро дар дигар варзишгоҳҳои кишвар доир мекунад.
Чемпионати CAFA (U-20): даври дуюм паси сар шуд
Дар даври дуюми Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни ҷавонон, ки 12-уми июн доир гашт, дар гурӯҳи “А” Қирғизистон бар тими Афғонистон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Бозии гурӯҳи “В” байни дастаҳои ҷавонони Ӯзбекистон ва Туркманистон мусовӣ (1:1) анҷом ёфт.
Даври сеюм ва ҳалкунандаи марҳалаи гурӯҳӣ 14-уми июн доир мегардад. Тими ҷавонони Тоҷикистон бо дастаи Қирғизистон ва Эрон бо Ӯзбекистон вомехӯранд.
Тибқи низомнома ғолибони гурӯҳҳо ба финал мебароянд, дастаҳои ҷойи дуюм барои медали биринҷӣ талош мекунанд. Ҳамчунин, бозӣ барои ҷойи панҷум сурат мегирад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 13.06.2025 №: 117