ҲИФЗИ ПИРЯХҲО МАСЪУЛИЯТИ АҲЛИ БАШАР АСТ

16 июн 2025, Душанбе
35
Дар шароити кунунии ҷаҳон, ки тағйирёбии иқлим ва коҳиши захираҳои табиӣ ба яке аз мушкилоти глобалӣ табдил ёфтааст, масъалаи ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи муҳими оби ошомиданӣ ва кишоварзӣ аҳамияти бузург пайдо намудааст. Бо назардошти он ки, обшавии босуръати пиряхҳо ба оқибатҳои манфӣ оварда мерасонад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21-уми март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон гардад.
Боиси хушнудист, ки ташаббуси панҷуми Роҳбари Тоҷикистон дар соҳаи об 14-уми декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид якдилона дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи махсуси худ соли 2025-ро – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21-уми мартро Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон кард. Ҳамчунин, соли 2025 дар шаҳри Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба нақша гирифта шуд. Хушбахтона, он рӯз ҳам фаро расид ва пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе, рӯзҳои 29-31-уми май мизбони маҳимтарин ҳамоиши ҷаҳонӣ – аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо гардид. Ҷиҳати иштирок дар ин Конфронс зиёда аз 2500 нафар коршиносу намояндагони беш аз 80 кишвари ҷаҳон ба Душанбе омаданд.
29-уми май дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Форуми минтақавӣ оид ба мониторинги пиряхҳо ва криосфера дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид. Дабири кулли Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ Селеста Сауло зимни суханронӣ дар Форуми мазкур, аз ҷумла иброз дошт: “Президенти Тоҷикистон, дарвоқеъ, шахсияте ҳастанд, ки на танҳо барои ояндаи неки мардуми худ, балки барои ояндаи неки тамоми башарият талош мекунанд”.
Бале, ҳақ бар ҷониби Селеста Сауло ҳаст, зеро ҳамаи ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти обу иқлим барои таъмини шароити мусоиди зиндагии наслҳои имрӯзу ояндаи башарият нигаронда шудаанд. Ин аст, ки иқдомҳои Сарвари давлати мо аз ҷониби коршиносон ва ҷомеаи башарӣ бахубӣ пазируфта мешаванд ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ эътироф мекунанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханрониҳои худ сабаби асосии обшавии босуръати пиряхҳоро натиҷаи тағйирёбии иқлим ва гармшавии ҳаво маънидод мекунанд ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват менамоянд, ки дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим иқдомҳои дастаҷамъона ва муассир андешанд. Ба ибораи дигар гӯем, ҳифзи пиряхҳо на танҳо вазифаи кишварҳои алоҳида, балки масъулияти тамоми аҳли башар аст.
ИЗАТУЛЛОЗОДА Р.Х., ходими илмии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва "иқтисоди сабз"-и ДБССТ
Санаи нашр: 16.06.2025 №: 118