ҶУДО

16 июн 2025, Душанбе
17
Ду медал дар Чемпионати ҷаҳон-2025
13-уми июн дар шаҳри Будапешти Венгрия Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо оғоз ёфт. Дар рӯзи дуюми зӯрозмоиҳо паҳлавонони вазнашон -66 кг рӯйи татамӣ баромаданд. Дар ин вазн ҷумҳурии моро ду нафар – ҷудочии рақами яки ҷаҳон Эмомалии Нуралӣ ва Обид Ҷебов намояндагӣ карда, ҳар ду сазовори медал шуданд.
Қабл аз оғози зӯрозмоиҳо пешгӯӣ мешуд, ки ду ҷопонӣ – чемпиони чоркаратаи ҷаҳон ва дукаратаи олимпӣ Ҳифуми Абе ва чемпиони Бозиҳои олимпии Париж-2024 Такеши Такеока дар финал бо ҳам вомехӯранд, вале дар варзиш на ҳама пешгӯиҳо дуруст иттифоқ меафтанд.
Гап сари ин ки дар чорякфинал Ҳифуми Аберо паҳлавони тоҷик Обид Ҷебов мағлуб намуд. Обид қабл аз ин дар ду давр бар намояндагони Венгрия (Балинт Гомбас) ва IJF (Рамазон Абдуллоев) пирӯз гашт.
Эмомалӣ низ дар се давр варзишгарони Испания (Адриан Чинарро), Гурҷистон (Ваша Маргелашвили), Қазоқистон (Гусман Қирғизбоев)-ро шикаст дод. Дар нимфинал ҳар ду варзишгари мо бо ҳам гӯштин гирифтанд ва Эмомалӣ ба финал баромада, бо ҷопонӣ Такеши Такеока вохӯрда, барандаи медали нуқра шуд. Ногуфта намонад, ки аввалин маротиба буд, ки варзишгарони мо ба финал баромаданд ва ин аввалин медали нуқраи Тоҷикистон аз чемпионатҳои ҷаҳонии ҷудо аст.
Обид низ аз медал бенасиб намонд. Ӯ дар зӯрозмоӣ барои ҷойи сеюм паҳлавони фаронсавӣ Валиде Хиярро мағлуб кард.
Эмомалӣ барои ҷойи дуюм 15000 евро ва Обид 8000 евро ҷоизапулӣ гирифтанд. Дар баробари ин, дар Ватан онҳоро ҷоизаи Президенти ҷумҳурӣ интизор аст. Дар асоси низомномаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ба Эмомалии Нуралӣ 150 000 сомонӣ ва ба Обид Ҷебов 100 000 сомонӣ тақдим хоҳад шуд.
Чемпионати ҷаҳон то 20-уми июн идома меёбад, ки варзишгарони хушноми мо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Кароматулло Ҳакимов (-100 кг) ва Темур Раҳимов барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.
Ногуфта намонад, ки то ин вақт ҷудочиёни мо аз чемпионатҳои ҷаҳон ду медал доштанд. Соли 2007 Расул Боқиев дар Рио-де-Жанейро ва соли 2024 Сомон Маҳмадбеков дар Абу-Даби сазовори медали биринҷӣ гардида буданд.
ҚАЙИҚРОНӢ
Муҳаммадӣ Раҷабов дар ду масофа чемпиони Осиё шуд
12-15-уми июн дар шаҳри Районги Тайланд Чемпионати Осиё оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ миёни ҷавонон, ҷавонони то 23-сола ва варзишгарони имконияташон маҳдуд доир гашт.
Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон 3 варзишгарро ба ин мусобиқа сафарбар намуд, ки 4 медал гирифтанд. Муҳаммадӣ Раҷабов дар каноэи якнафарӣ (С1) миёни ҷавонон дар масофаҳои 1000 ва 200 метр медали тилло, дар масофаи 500 метр медали нуқра гирифт. Ҳамчунин, ӯ ҳамроҳ бо Фирдавс Шарипов дар каноэи дунафарӣ (С2) ба масофаи 500 метр сазовори ҷойи сеюм гашт.
ФУТБОЛ
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) барои медалҳои биринҷии Чемпионати CAFA-2025 мубориза мебарад
Марҳалаи гурӯҳии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни ҷавонони то 20-сола ба анҷом расид.
Дар даври ниҳоӣ мунтахаби ҷавонони кишвар бо дастаи Қирғизистон мусовӣ (1:1) бозӣ кард. Дастаҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон дар гурӯҳи “А” 4-холӣ ба даст оварданд. Бо далели беҳтар будани таносуби тӯбҳо, бозигарони Қирғизистон зинаи аввалро ишғол намуданд ва дар финал бо дастаи Эрон, ки ғолиби гурӯҳи «В» гардид, вомехӯранд.
Мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон дар бозӣ барои ҷойи сеюм бо дастаи Ӯзбекистон бозӣ мекунад. Дидори дастаҳо 16-уми июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.
Дидори ниҳоии Чемпионат миёни тимҳои ҷавонони Қирғизистону Эрон 17-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор доир мегардад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 16.06.2025 №: 118