ДАНҒАРА. ИФТИТОҲИ ДУ КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ОКСИГЕН ДАР БЕМОРХОНАИ МАРКАЗӢ

16 июн 2025, Душанбе
20
11-уми июн бо иштироки муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ва роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Артур ван Дизен дар беморхонаи марказии ноҳияи Данғара ду коргоҳи истеҳсоли оксиген ба истифода супурда шуд.
Бо назардошти он, ки ҳифзи саломатии модарону кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи тандурустии мамлакат ба шумор меравад, як коргоҳи истеҳсоли оксиген дар шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказӣ ҷойгир карда шуд, ки барои занони ҳомила ва тифлони навзод дар ҳолати зарурӣ хизмат мерасонад.
Эмомалӣ Мирзоев, директори маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият» маълумот дод, ки тамоми шуъбаҳои таваллудхона бо хатти оксиген таъмин гардида, барои ба роҳ мондан фаъолияти коргоҳҳои мазкур мутахассисон омӯзонда шудаанд ва, аллакай, мустақилона кори онҳоро идора мекунанд.
Тавассути коргоҳи дигари истеҳсоли оксигени дар беморхонаи мазкур ҷойгиргардида имкон ҳаст, ки дар баробари таъмини беморони муассисаи тандурустӣ, ҳамзамон, ба беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои гирду атрофи ноҳияи Данғара низ дар ин самт хизмат расонда шавад.
Дар умум, бо мавриди истифода қарор додани ду коргоҳи истеҳсоли оксиген хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар гардида, эҳтиёҷи беморон бо оксиген дар ин муассисаи тандурустӣ пурра таъмин мешавад.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 16.06.2025 №: 118