НАХУСТКОНСЕРТИ ОРКЕСТРИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОН. САҲИФАИ НАВ ДАР САНЪАТИ МИЛЛӢ

17 июн 2025, Сешанбе
12
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар маросими муаррифии оркестри кӯдакон ва наврасони Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Хушбахтона, дар ин чорабинии сатҳи баланд, ки саршори таронаву оҳангҳои тоза буд, мо низ ширкат варзидем.
Дар барнома аз наврасону масъулони соҳаҳои фарҳанг то сафирону намояндагони кишварҳои дигар иштирок карда, як ҷаҳон лаззати маънавӣ бардоштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар поёни барномаи симфонӣ чанд нуктаи муҳимро арзёбӣ карданд, ки воқеан ҳам, боиси андеша аст. Бавижа, таъкид гардид, ки маҳз санъати воло миллатро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ карда метавонад.
Сарвари кишвар нахуст, ба бузургии забони тоҷикӣ-порсӣ ишора намуда, фармуданд, ки ҳар кӣ даъвои ҳунар мекунаду аммо забони худро намедонад, шинохта намешавад: “Вақте хориҷиҳо гуфтугӯи муқаррарии моро бо забони адабӣ мешунаванд, гумон мекунанд, ки мо шеър мехонем. Ин забони ширину шоирона қудрати офаридани асарҳои бузургро дораду доштааст. Аз насли нави санъаткорон талаб карда мешавад, ки забони модарии худро, пеш аз ҳама, омӯзанд”;
Дувум нукта, наврасону ҷавононро ба талоши бештар аз имрӯза хонданд: “Мебинед, ки дар дунё чӣ меравад, зеҳни сунъӣ чӣ кор мекунад? Дар чунин фазои мураккаб аз шумо – санъаткорони наврасу ҷавон донистани техникаву технологияи муосир, офаридани асарҳои ҷаҳонӣ тақозо мешавад. Шеъре нависед, оҳанге созед ё таронае сароед, ки мурда аз шунидани он зинда шавад. Аз хотир набароред, ки бузургтарин фарҳангиёни дунё фарзандони Шарқ – гузаштагони мову шумо буданд, аз ҷумла Аҳмад Зоҳир, ки ситораи Шарқ мегӯянд”;
Нуктаи севум ишора ба устодону мураббиён буд, то дар тарбияти шогирдону пайравони хеш саҳлангорӣ накунанд, фардои миллати худро андешанд: “Устоде, ки аз худ шогирд боқӣ намегузорад, тамоми кору бораш ҳеҷ аст. Устод бояд бо сабру таҳаммул шогирдони нав парварад, медонистаашро омӯзонад, бахилӣ накунад. Фардо дар кӯча ё чорабиние дида салом диҳад, дар шабакаҳои телевизионӣ ҳунарнамоӣ кунад, ифтихор ва сари баланди устодон аст”.
Нуктаи ниҳоӣ ва бисёр муҳим сохтмони бинои нави Театри миллии Тоҷикистон ва пур кардани он аз мутахассисон буд: “Ба ҳама мушкилиҳо нигоҳ накарда, сохтмони Театри миллӣ босуръат ва бомаром идома дорад. Баъди як ё яку ним сол ҳамроҳ дар ифтитоҳи он иштирок мекунем. Он бино танҳо бино не, балки бояд макони мутахассисони ботаҷрибаи санъату ҳунари тоҷик бошад. Ҳоло мебинам, ки шумораи кӯдакон ва наврасони ин ҷо баромадкарда 130 кас аст. 130 кас ба як гӯшаи он театри бузург ҷо мешаваду халос. Боқимонда кормандону донандагони соҳаро аз куҷо гирем? Хонед, омӯзед, то театр ва асбобу анҷоми муосири онро дуруст истифода баред. Дар ин театр 3 толор мешавад, ки аз 1000 то 2000 бинандаро дар худ меғунҷонад. Мо бояд саҳнаи он толорҳои калонро аз барномаҳои фарҳангӣ пур кунем”;
Ҳамзамон, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар мушовирон дастур доданд, ки аз ин ба баъд консерти симфонии кӯдакон ва наврасон дар Театри давлатии академии опера ва балет ҳар моҳе як бор баргузор ва хидматчиёни давлатӣ дар он бо навбат ва тибқи рӯйхат иштирок намоянд.
Бояд гуфт, ки Оркестри симфонии кӯдакон ва наврасон дар ҳайати кӯдакону наврасони лаёқатманд ба ҳайси захираи кадрҳои академии санъат бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7-уми феврали соли 2024 таъсис дода шуда буд. Шумораи ҳунарварони ин оркестри симфонӣ 78 кӯдаку наврасро ташкил медиҳад.
Тазаккур бояд дод, ки аксари ҳунармандони Оркестри кӯдакон ва наврасон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва барандагони барномаи мазкур ҷоизадорони Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, мебошанд.
Бори дигар муҳри тасдиқ зада шуд, ки ибтикор ва дурандешии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълону роҳандозии озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки ҳадафи аслиашон дарёфту кашфи чеҳраҳо ва истеъдодҳои нав мебошад, самар оварда, оянда низ бо паёмҳои саршори фарҳангӣ миллати мо ва аҳли фарҳанги ҷаҳонро шодоб хоҳад кард.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.06.2025 №: 119