КОРМАНДИ ШОИСТА. ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ САФИРИ ЗАБОНУ ФАРҲАНГИ ТОҶИКӢ МИРЗО ОЛИМ

Корманди шоистаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Олимро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Ӯзбекистон ҳам нек мешинохтанд, зеро ӯ аслан зодаи ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона буда, то охирин лаҳзаи умр барои Тоҷикистон хидмат намудааст. Ин мардро ба ҷуз аз пизишкӣ, ҳамчун сафири забону фарҳанги тоҷикӣ дар водии Фарғона ҳам медонанд.
НАХУСТИН САРДУХТУР
Номбурда 18-уми июни соли 1935 дар ноҳияи Сӯх дар хонаводаи деҳқон таваллуд шуд. Баъди мактаби ҳафтсола ба шаҳраки Сӯх рафту дар интернат манзил гирифт. Бо сабаби шароити вазнини иҷтимоӣ дар колхоз подабон шуд. Модар медонист, ки дили писараш ба таҳсил моил аст, вале гуфта наметавонист. Ин аст, ки бо пофишории модар соли 1953 роҳи шаҳри Душанберо пеш гирифт. Соли 1959 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Синоро ба охир расонд. Бо роҳхат ӯро ба Исфара, ба шаҳре, ки наздик ба зодгоҳаш буд, фиристоданд. То соли 1975 дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара дар вазифаҳои гуногун фаъолият дошт ва ҳамон сол сардухтури осоишгоҳи “Зумрад” таъин гардид.
“ЗУМРАД” ТАНҲО ҶОИ ОСОИШУ ТАБОБАТ НАБУД
Дар ҷойи имрӯзаи «Зумрад» соли 1972 барои кормандони соҳаи кишоварзӣ хонаи истироҳат бунёд ёфт. Рафта-рафта шумораи муроҷиаткунандагону ниёзмандон афзуд ва баъди се сол он ба осоишгоҳи “Зумрад” табдил ёфт. Бунёди осоишгоҳ бо талошу ташаббуси Ортиқбой Қурбонов оғоз шуд. Декабри соли 1975 Мирзо Олимро нахустин сардухтури осоишгоҳи «Зумрад» таъин намуданд. Ӯ осоишгоҳро ба маркази фарҳангу ҳунар, маҳфилу конфронсҳо ва барномаҳои фароғатӣ табдил дод. Маҳз бо талошу ғояҳои пурвусъати ӯ «Зумрад» ҷойи дӯстдоштаи мардуми Тоҷикистон, фаротар аз он, фароғатгоҳи писандидаи рӯшанфикрони мо гардид.
ПИЗИШКИ ХОМАКАШ
Мирзо Олим муаллифи 50 мақолаи илмӣ-оммавӣ ва китобҳои «Курорт Исфара – санаторий Зумрад», «Меҳрномаи Сино», «Уринамуолиҷа», «Дуои модар», «Кохи дилафрӯз» буд. Ин аст, ки узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузида шуда, дар байни адибону рӯзноманигорон эҳтироми вижа дошт. Ин табиби кордон бо талоши пайваста 11 километр болотар аз осоишгоҳи номбурда, осоишгоҳи мавсимии «Зумрад-2»-ро сохта, мавриди истифода қарор дод, ки пазируфтани ниёзмандонро аз соли 1990 оғоз намуд.
Бо иштирок ва роҳбарии мавсуф ду филми мустанад дар бораи «Зумрад», усул ва тарзи гирифтани табобатҳо, роҳҳои пешгирии бемориҳо, табобат дар табиат ва таърихи осоишгоҳ сабт гардида, то ба мо расидааст.
Аз соли 1975 то соли 1996, то замоне ки Мирзо Олим сарвари “Зумрад” буд, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муъмин Қаноат, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Лоиқ Шералӣ, Гулрухсор, Гулназар, Қутбӣ Киром, Валӣ Самад, Ҳақназар Ғоиб ва дигаронро хуш пазируфта, бо онҳо дӯстони ҷонӣ шуда буд. Ба маҳфилҳои зебову хотирмони ин шахсиятҳо, ки дар осорхона ё чойхонаи осоишгоҳ мегузашт, аз гирду бари вилояти Суғд ва ҳатто аз кишварҳои дигари шуравӣ ҳам ҳаводорон омада, иштирок мекарданд. Даҳҳо китобу асар ва рисолаҳои муҳими пажӯҳишгарону чакомасароёни мо маҳз дар оғӯши “Зумрад” эҷод шудаанд.
ГИРОМИДОШТ
Баъди марг Осорхонаи тибби тоҷик ба номи Мирзо Олим, яъне ба номи асосгузораш гузошта шуд. Ин аввалин Осорхонаи тибби тоҷик дар Осиёи Марказӣ мебошад. Дар сохтани Осорхона устоҳои моҳири Тоҷикистону Ӯзбекистон ширкат варзидаанд.
Номбурда дорандаи ордени Байрақи сурхи меҳнат, медали Барои меҳнати шоён бахшида ба 100-солагии Ленин, Аълочии нигаҳдории тандурустии Иттиҳоди Шуравӣ» буд. Хидматҳои шоистаи Мирзо Олим буд, ки МТМУ № 18-уми шаҳри Исфара ба номи ӯ гузошта шуд ва мазораш дар шаҳри Исфара зиёратгоҳи аҳли дил ва шогирдону пайравони вай аст.
Бузургмеҳри БАҲОДУР,
“Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 17.06.2025 №: 119
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН