МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО СИ ҶИНПИН
17-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар доираи ҳамоиши дуюми “Осиёи Марказӣ-Чин” бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин баррасӣ гардиданд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “сафари таърихии давлатии Шумо ба Тоҷикистон уфуқҳои нави шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду кишварро боз кард”.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон сатҳи шарикии стратегии ҳамаҷониба бо Чинро баланд арзёбӣ менамояд.
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин аз сафари давлатии худ ба Тоҷикистон, ки соли гузашта ҷараён дошт, бо қаноатмандӣ ёдовар шуда, изҳори бовар намуд, ки татбиқи натиҷаҳои он барои ҳар ду ҷониб самарабахш хоҳад буд.
Раиси Чин ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим баҳои баланд дода, Сарвари давлати моро бо баргузорсозии муваффақу босамари нахустин Конфронси байналмилалӣ доир ба ҳифзи пиряхҳо табрику таҳният гуфт.
Муҳтарам Си Ҷинпин ҳамчунин таъкид дошт, ки Чин минбаъд ҳам рушди ҳамаҷониба ва таҳкими истиқлоли давлатии Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳад кард.
Ба масоили густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла дар самтҳои саноат, энергетика, нақлиёт, коммуникатсия ва кишоварзӣ, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Аз рушди ҳамкории минтақаҳои ду кишвар изҳори қаноат шуд.
Зикр гашт, ки дар сохтори гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон саҳми Чин ҳудуди зиёда аз 20 дарсадро ташкил медиҳад.
Дар робита ба рушди соҳаи кишоварзии мо тавассути ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ изҳори ҳавасмандӣ шуд.
Таъкид гардид, ки ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ амал мекунад.
Ҷонибҳо бо назардошти рушди босуръати саноат, бунёди паркҳои муштараки технологии саноатӣ, инчунин “IT-марказҳо”-и илмию тадқиқотиро амри муҳим донистанд.
Ташкили корхонаҳои муштарак бо ҷалби сармояи чинӣ оид ба истеҳсоли мошинҳои барқӣ, панелҳои офтобӣ, дорусозӣ ва саноати химия дар Тоҷикистон, зарур шумурда шуд.
Мусоҳибон таъсиси ширкати лизингии Тоҷикистону Чинро самти ояндадори ҳамкорӣ номиданд.
Доир ба рушди муносибатҳо дар соҳаи маориф, аз ҷумла ҷудо кардани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик, бахшҳои тандурустӣ ва робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, табодули андеша сурат гирифт.
Ҷонибҳо оғози парвозҳои мустақими мусофиркашонӣ миёни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим арзёбӣ намуданд.
Аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон дар соли равон истиқбол гардид.
Cатҳи баланди ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай ва ҳамоиши “Осиёи Марказӣ-Чин” таъкид шуд.
Тарафҳо барои тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти таъмини амният алоқамандии худро таъкид сохтанд.
Аз рӯи натиҷаи мулоқоти сарварони давлатҳои Тоҷикистон ва Чин як қатор санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд:
– Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;
– Барномаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи то соли 2030;
– Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба таъсиси механизми муколамаи стратегии сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ;
– Ёддошти тафоҳум оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии рушду ислоҳоти Ҷумҳурии Мардумии Чин;
– Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Народная газета” ва Корпоратсияи расонагии Чин;
– Созишнома оид ба истиқрор намудани муносибатҳои бародаршаҳрӣ миёни вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Мардумии Чин.
Санаи нашр: 18.06.2025 №: 120
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
13 феврал 2025, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МОРАТОРИЙ БА САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ