АЙНӢ. АВЛАВИЯТ БА ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ

20 июн 2025, Ҷумъа
40
Ҷойҳои таърихӣ дар Тоҷикистон хеле зиёданд ва аз ҷониби муаррихон пайваста мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор мегиранд. Яке аз онҳо масҷид ва манораи Варз дар ноҳияи Айнӣ мебошад. Манора гарчанд аз гил сохта шудааст, вале то замони мо омада расидааст.
Манораи Варз аз нодиртарин ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангии ноҳияи Айнӣ буда, мероси бебаҳои гузаштагони соҳибтамаддунамон ба наслҳои имрӯза мебошад. Дар ноҳия боз дутои дигар чунин манора мавҷуд аст ва ривоятҳо оид ба пайдоиши онҳо гуногунанд.
ВАРЗ – АВВАЛИН МАНОРА ДАР ВОДИИ ЗАРАФШОН
Мувофиқи маълумоти таърихӣ, манора ва масҷид, ки дар як макон ҷой гирифтаанд, дар як замон сохта шуда, ба ҳам алоқамандии зич доранд. Бунёди он ба асрҳои X-XI рост меояд ва аввалин манора дар водии Зарафшон дониста мешавад.
Тибқи маълумоти мутахассисон, маҳсулоти барои манораи Варз истифодашуда аз масолеҳи маҳаллӣ: санг ва хишти хом мебошад. Таҳкурсии он сангин буда, қатораҳои қисми поёнии он бо хишти хоми ҳашткунҷа сохта шудаанд. Баъдан, қомати гирдшакли манора ба боло меравад ва то рафт бориктар мешавад. Баландии манора 13 метр буда, сарфи назар аз боду борон, ҳанӯз бузургию ҳашаматашро нигоҳ доштааст. Агар бодиққат назар намоем, дар рӯи он кандакории хоссаро мушоҳида карда метавонем. Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки манора дар дохилаш зинапояи тобхӯрда дошта, тақрибан ҳазор сол боз пойбарҷост ва дар худ ҳазорон розҳои пинҳон дорад.
МАСҶИД УСЛУБИ СОХТМОНИ ВОДИИ ЗАРАФШОН АСТ
Чуноне дар боло гуфтем, масҷид ҳам бо манора дар як вақт сохта шудааст. Қисмати берунии он борҳо навсозӣ гардидааст, вале қисми дарунии он ҳанӯз ҳамон аст, ки буд. Аз рӯи ривоятҳо, масҷид дар замони бунёд гаштанаш хеле боҳашамат буда, масоҳати берунияш ҳам хеле калон будааст. Дар даврони шуравӣ мавқеъ ва аҳамияти ҳам манора ва ҳам масҷид куллан шакли дигар гирифтааст. Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати фарҳангпарваронаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он дубора эҳё гашта, чун мавзеи сайёҳӣ ва ибодатгоҳ истифода мешавад. Мувофиқи маълумоти осорхонаи ноҳия, соли 2015 мардуми деҳа масҷид ва атрофи онро хуб таъмир кардаанд. Масоҳати масҷид имрӯз баъди азнавсозӣ васеъ ва бошукӯҳ гашта, мардуми ноҳия ва меҳмонон аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ бемалол аз он истифода мебаранд. Гуфтан ба маврид аст, ки бо вуҷуди таъмир, қисми дарунии он шакли қадимаашро нигоҳ доштааст. Сутуне, ки дар байни масҷид қарор дорад, аз чӯби чормағз мебошад. Устоҳои кандакор бо маҳорати баланд сутунро оро додаанд. Ин гуна сохтмонҳоро дар бисёр ҷойҳои болооби соҳили дарёи Зарафшон метавон мушоҳида кард. Яъне, сохтмони масҷид услуби сохтмонҳои Фалғари қадим ва водии зархези Зарафшон аст.
ҲИФЗУ ГИРОМИДОШТИ ОН ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ
Бояд гуфт, ки ноҳияи Айнӣ бо ҷойҳои таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ ва ёдгориҳои бостониаш таваҷҷуҳи садҳо меҳмонону сайёҳонро ҷалб менамояд. Ин аст, ки ҳамасола сайёҳони зиёд аз ин маконҳо дидан мекунанд ва таассуроти рангине бо худ мебаранд. Ин ҷиҳат таваҷҷуҳи бештарро ба ҳифзу тарғиби ёдгориҳо талаб менамояд.
Бояд гуфт, ки ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ агар, аз як тараф, барои баланд бардоштани руҳияи ватандӯстиву хештаншиносии мардум бисёр муҳим бошад, аз ҷониби дигар, баҳри муаррифии таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди мо дар арсаи байналмилалӣ ва ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ низ нақши калидӣ дорад. Бо назардошти ин, Ҳукумати мамлакат дар самти ҳифз ва муаррифии мероси моддиву ғайримоддии миллатамон дар дохил ва хориҷи кишвар иқдомоти зиёдеро амалӣ мегардонад.
Ҳамин тавр, масҷид ва манораи Варз яке аз нодиртарин ёдгориҳои таърихӣ ба шумор рафта, маҳфуз ва гиромидошти он ҳамчун осори бебаҳои ниёгон вазифаи ҳар яки мо – ворисони ин мероси бузург ба шумор меравад.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 20.06.2025 №: 121