ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «ҲУНАРМАНДОНИ ҲОЛЛИВУД»
Дар ин филворд ном ё насаби ҳунармандони маъруфи Ҳолливуд ҷой гирифтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. АБДУЛЛОҲ
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «ҶАҲОН»:
1. Аваруа 2. Барбадос 3. Валлетта 4. Гамбург 5. Ессентуки
6. Зимбабве 7. Камерун 8. Ленинакан 9. Манама 10. Папеэте
11. Равалпинди 12. Сараево 13. Тбилиси 14. Уфа 15. Чикаго 16. Кито 17. Ява 18. Ханой
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон:
238-53-82
Масъули рубрика
Ш. ШОКИР
ОРЗУҲОРО ГУЗОРЕМУ БА АМАЛ МАШҒУЛ ШАВЕМ
Асосгузори ширкати “КFС”, полковник Сандерс 5-сола буд, ки ятим монд. Дар 15-солагиаш мактабро партофт. Дар 17-солагӣ аз 4 корхона ронда ва дар 20-солагӣ ҳамагӣ баъди ду соли оиладорӣ аз ҳамсараш ҷудо шуд. Дар 26-солагӣ ӯро аз як корхонаи дигар ҳам пеш карданд. Ниҳоят, вақте дар 65-солагӣ ба нафақа баромад, дар ҷайбаш ҳамагӣ 105 доллар дошт. Ба худкушӣ хеле наздик буд, ки ба сараш як фикр омад. Пухтупазро, ки бенияҳоят дӯст медошт, бо 105 доллар мурғ харида, ба як хӯриши ғайриодии худ онро омода сохт ва ба фурӯш баровард.
Марде, ки дар 65-солагӣ мехост худкушӣ кунад, дар 85-солагӣ миллиондор шуд. Барои ҳамин, оғози ягон кор ҳеҷ гоҳ дер намешавад.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
КАМ-КАМ АЗ ҲАР СӮ
* Гавҳараки чашмони мо аз замони ба дунё омадан то ба охири умр андозаи худро дигар намекунад. Аммо гӯшу бинӣ ҳеҷ гоҳ аз инкишоф намемонанд.
* Соҳибхонаҳо ба ҳангоми анҷом додани кори хона, ба ҳисоби миёна, дар як рӯз 11 километр роҳро тай менамоянд.
* Хадамоти ҷосусии кишварҳои мухталиф дар кори худ аз «хизмат»-и ҷонварон низ ба таври васеъ истифода мебаранд. Барои мисол, соли 2007 кормандони артиши Эрон 14 санҷоби ҷосусро дастгир намуданд, ки ин дар таърихи хадамот воқеаи нодир ба ҳисоб меравад.
* Агар аҳолии Чин қадам зада, аз назди шумо гузаштанро оғоз намоянд, ин қадамзанӣ ҳеҷ гоҳ ба охир намерасад, зеро ба ҳангоми аз наздатон гузаштани як чинӣ, дуи дигар ба дунё меояд.
Таҳияи Кароматулло АТО
МАСЛИҲАТҲОИ МУФИД
Ҳолатҳое мешаванд, ки мушкиле пеш меояд, аммо на ҳамеша роҳи ҳалли дуруст, осон ва камхарҷи онҳо ба ёд мерасад. Ба ин хотир, азм кардем, ки ба кумаки шумо, алоқамандони “Шоми шанбе”, рубрикаи “Маслиҳатҳои муфид”-ро таҳия созем. Ҳамчунин, шумо метавонед аз таҷрибаи шахсӣ маслиҳату пешниҳоди судмандро ба мо ирсол доред, то дигарон низ аз он баҳра баранд.
Шӯрбои пухтаатон шӯр омад? Боке нест. Ба дег як картошка ё себи пӯстканда андохта, 10 дақиқа ҷӯшонед, шӯрияш меравад.
**
Асали тозаро шинохтан душвор нест. Барои ин, бо қошуқча ба самти гардиши ақрабаки соат онро кобед. Асали тоза ба қошуқ мечаспад, бесифаташ аз он мешорад. Ҳамчунин, ба коғази тоза ду қатра асал рехта, оташ занед. Асали тоза бояд тағйир наёбад. Агар он оташ гирад, сиёҳ шавад, ба ҷойи асал қиём харидаед.
**
Агар чанд дона қаҳваро дар дохили яхдон гузоред, бӯйи бадро мегирад.
Таҳияи Кароматулло АТО
ЯК АЙБИ ТЕЛЕФОН
Баъзеҳо Александр Беллро ҳамчун кашшофу олими машҳури амрикоӣ мешиносанд ва ҳам медонанд, ки падараш нависандаи маъруфу бобояш корманди театр буданд. Ҳатто шояд огоҳ бошанд, ки худи кашшофи оянда ҳам дар наврасӣ ба театр дилбастагии беандоза дошту борҳо матни намоишномаҳоро аз пушти парда хондааст. Вале аксарият Беллро ҳамчун ихтироъкори телефон мешиносанд, ҳарчанд намедонанд, ки телефони сохтаи ӯ як камбуди ҷиддӣ ҳам дошт. Бале боварнокарданист, вале далел аст, ки аввалин телефони кашфнамудаи Белл тугмачаи хомушкунанда надошт. Яъне, то он даме, ки як ҷониб гӯшаки телефонро намегузошт, суҳбат беохир давом кардан мегирифт.
Аз русӣ тарҷумаи
С. РАҲМОНЗОДА
ЯК ДАМ
Барномасоз Практик Ҷоши ба хотири сохтани ояндаи беҳтаре ба зану фарзандонаш, 6 сол дар шаҳри Лондон мезист. Ниҳоят, муваффақ гашт ва ҳуҷҷатҳои лозимаро ҷамъ оварду оилаашро ба наздаш хонд.
Ду рӯз пеш аз сафар, ҳамсараш доктор Коми Вяс бо ҳазорон умед аризаи аз кор рафтанашро навишт, барои худу се фарзандаш бағоҷи сафар омода кард. Ба тайёра нишастанд, акси хотиравӣ бардоштаву ба наздикон низ фиристоданд: чеҳраҳои чун гул шукуфону лабҳо пур аз ханда. Аммо тайёрае, ки онҳоро бояд ба макони хушбахтӣ мебурд, баногоҳ суқут кард ва орзуҳои 241 мусофири он якбора ба хокистар табдил ёфт.
Ин воқеаи ҳузнангез моро хотиррасон мекунад, ки зиндагӣ ҳамин дам аст, фардо чи мешавад, касе намедонад. Пас, бояд ба қадри ҳамин лаҳза расид, коре, ки имрӯз анҷом доданаш мумкин аст, ба пагоҳ вонагузошт.
Аз русӣ тарҷумаи Меҳрангез ҚОДИРОВА
ОШХОНАҲОИ ҶАҲОН
Ошхона танҳо фарогири таомҳои миллию минтақавӣ набуда, балки таърих, фарҳанг ва тарзи ҳаёти халқҳоро инъикос мекунад. Ҳар яке аз таомҳо дорои хусусият, усулҳои хоси пухтупаз ва афзалиятҳои таъм мебошанд.
ОШХОНАИ ИТОЛИЁӢ
Ошхонаи итолиёӣ бо таомҳои аз макарон тайёршуда дар ҷаҳон машҳур буда, зиёда аз 600 номгӯйи хӯроки макаронӣ тайёр мекунад. Соусҳои маъмулии ҷаҳонӣ низ маҳз аз Итолиё паҳн шудаанд. Аз ҷумла, Pizza низ аз Неапол баромадааст ва аз ҷониби ин давлат тибқи қонун ҳифз карда мешавад. Мувофиқи қонун Pizza-ро танҳо аз рӯйи дастурамали қатъӣ омода кардан мумкин аст. Маргаритта машҳуртарини Pizza ба ҳисоб рафта, соли 1889 ба хотири малика Маргаритта Савойская пухта шудааст. Маҳсулоти он (помидор, панир ва райҳон) рангҳои рамзи парчами Итолиё мебошанд.
Ҳоло Pizza машҳуртарин хӯроки амрикоиҳо ҳисобида шуда, дар ин ҷо ҳамасола 9-уми феврал Рӯзи миллии Pizza таҷлил мегардад. Ҳар сол танҳо дар ИМА зиёда аз 3 миллиард Pizza фурӯхта мешавад.
Таҳияи Оҳистамо ВАФОБЕК
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ЗАМИН ЛАҒЖОНАК АСТ
Аз имтиҳони давлатӣ бо ҳузури падару модар:
– Замин чӣ гуна шакл дорад?
Писари муаллим: «Курашакл аст»;
Писари агроном: «Ҳамвор аст»;
Писари шикастабанд: «Лағжонак аст, устод».
Таҳияи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
ЯК МАСЛИҲАТ
Дар суҳбати духтур:
– Ака, бахшиш, доруҳои навиштаи шуморо нӯшида натавонистам.
– Чаро?
– Аз бӯяшон дилам беҳузур шуд.
Шумо, умуман, ягон моеъ менӯшед?
– Бале, кам-кам шароб менӯшам.
– Офарин. Ана, акнун пеш аз истеъмоли дору тасаввур кунед, ки шароб нӯшида истодаед. Дигар дору дилатонро беҳузур намекунад.
– Духтурҷон, намешавад, ки шароб нӯшида, тасаввур кунам, ки дору хӯрда истодаам?!
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
ПАНҶ ДОНИШГОҲИ БУЗУРГТАРИНИ ОЛАМ
3. ДОНИШГОҲИ АНАДОЛУ
Ин Донишгоҳ соли 1958 дар шаҳри Эскишеҳири Туркия бунёд ёфтааст. Дар солҳои аввали пайдоиш ҳамагӣ дорои 2 факултет буд. Айни ҳол дар Донишгоҳ ба ғайр аз факултетҳо зиёда аз 25 маркази тадқиқотӣ амал мекунад. Дар Донишгоҳи Анадолу 2 миллион донишҷӯ илм меомӯзад.
Таҳияи З. ҚУТБИДДИН
ШИНОВАРӢ ЭЪТИМОДРО МЕАФЗОЯД
Дар Нигерия ба як гурӯҳ бачаҳои биноияшон суст шиноварӣ меомӯзонанд. Ин метавонад барои онҳо як маҳорати наҷот бошад.
Тибқи маълумоти Ташкилоти ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола дар ҷаҳон беш аз 200 ҳазор нафар ғарқ мешавад. Аксари ҳолатҳои ғарқшавӣ дар кишварҳои даромадашон паст ва миёна рух медиҳанд.
Ин курсҳои омӯзишӣ, инчунин, барои шикастани стереотипҳое, ки дар ҷомеаҳои Африқо дар бораи одамони дорои маълулият мавҷуданд, кумак мекунанд. Эмеки Чукс-Ннади, мураббии шиноварӣ мегӯяд: "Дар Африқо волидайн аз фарзандони маъюби худ шарм медоранд. Онҳоро дар хона “маҳбас” мекунанд. Мо мекӯшем, ба мардум нишон диҳем, ки кӯдаки нобино ва ё сустбини онҳо метавонад ситораи шиноварӣ, ҳуқуқшинос, ё табиб шавад".
Шиноварӣ фаъолияти мағзи сарро таҳрик медиҳад, кайфиятро беҳтар мекунад ва эътимодро дар кӯдакони дорои нуқсони ҷисмонӣ афзоиш медиҳад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
ЯК ПАНД
То мард хомӯш бошад, бар ӯ хатаре нест, зеро сарнавишти ӯ ба забонаш бастагӣ дорад.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
ВАРЗИШГАРОНИ МУВАФФАҚИ ОЛАМ
УСЕЙН БОЛТ
Усейн Болт аз Ямайка яке аз варзишгарони муваффақ дар давидан ба масофаи кӯтоҳ мебошад. Ӯ чемпиони ҳашткаратаи олимпӣ ва чемпиони ёздаҳкаратаи ҷаҳон (рекорд дар таърихи ин мусобиқаҳо байни мардон) аст. Дар корномаи варзишии худ ҳашт рекорди ҷаҳонӣ гузоштааст, ки то ҳол дутои он: давидан ба масофаи 100 метр (9,58 сония) ва 200 метр (19,19 сония) пойбарҷост.
Усейн Болт ягона варзишгарест, ки дар се бозиҳои олимпӣ пайиҳам (Пекин-2008, Лондон-2012 ва Рио-де-Жанейро-2016) дар давидан ба масофаҳои 100 ва 200 метр ғолиб омадааст.
Таҳияи Иброҳими САЙФУЛЛО
ПРОФЕССОР ВА АСПБОН
Профессор вориди толор мешаваду танҳо як нафарро дида, нороҳат мегардад.
– Ба фикри ту, барои як нафар маъруза хонам ё не? – мепурсад аз ӯ.
– Ман як саиси одиям. Агар бубинам, ки ба ҷуз як асп ҳамаи аспҳо гурехта бошанд, ба он як асп ҳатман ҷав медиҳам.
Профессор аз ин посух руҳбаланд гашта, ду соат маъруза мехонад. Дар интиҳо аз саис мепурсад:
– Ба суханронии ман чӣ гуна баҳо медиҳӣ?
Саис:
– Муҳтарам профессор, ман як саиси одиям. Аз гуфтаҳои шумо чизи зиёде нафаҳмидам, аммо такрор мекунам, ки агар ҳамаи аспҳо бигурезанду танҳо як асп бимонад, ба он ҳатман ҷав медиҳам, аммо на аз меъёр зиёд, ки меъдааш бикафад.
Таҳияи Умар АЛӢ
15 ҒОРИ ҶОЛИБТАРИН ДАР ҶАҲОН
2. Ғорҳои Бату (Малайзия)
Ғорҳои Бату, ки дар масофаи 13 км дуртар аз шаҳри Куала-Лумпур ҷойгиранд, яке аз мавзеъҳои ҷолибтарин дар Малайзия мебошад. Ин макон, ки берун аз Ҳиндустон ҷойгир аст, зиёратгоҳи машҳури ҳиндуҳо маҳсуб меёбад.
Ҳайкали бузурги Муруган, ки 43 метр аст, дар домани кӯҳ гузошта шудааст. Зиёда аз 270 зинаи рангоранг касро ба ғорҳо мебарад. Дар он ҷо маймунҳои чолок кӯшиш мекунанд, ки чизе бидузданд. Бинобар ин, дар ғор либосҳои тобнок бо ҷавоҳирот пӯшидан мумкин нест. Илова бар ин, шумо набояд кӯшиш кунед, ки маймунҳоро дӯстдорӣ намоед, зеро онҳо хашмгинона муносибат мекунанд.
Пас аз гузаштани ин монеаҳои ночиз, сайёҳ худро дар ғори маъбад – бузургтарин аз се ғори калон ва ҳафт хурди Бату мебинад. Дар он зиёратгоҳҳо, ҳайкалҳо ва расмҳои ба мифологияи ҳиндуҳо бахшидашуда мавҷуданд. Ҳамчунин, тамаддуни чандинмиллионсола - сталактитҳо ва сталагмитҳоро дидан мумкин аст.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
3 МИЛЛИОН ДОЛЛАР – НАРХИ “ХУДХОҲ”
Дар Лондон гаронтарин чойник ба намоиш гузошта шудааст, ки 3 миллион доллари ИМА арзиш дорад.
Чойник аз ҷониби заргарони итолиёӣ бо тиллои зарди дараҷаи олӣ сохта, бо сангҳои қиматбаҳо (1658 алмос ва 386 ёқут) оро дода шудааст ва дастааш аз дандони мамонт мебошад.
Дар маркази чойник як ёқути вазнаш 6 қирот (1,2 грамм) ва дар сарпӯшаш бошад, ин санги қиматбаҳо бо вазни 20 қирот (4 грамм) мавҷуд аст.
Идеяи сохтани он ба Нирмал Сетия, муассиси ширкати чойи “Newby Teas” (Лондон) тааллуқ дорад. Чойник барои дам кардани чой танҳо ба як нафар пешбинӣ шудааст, аз ин рӯ, ба он “худхоҳ” ном гузоштаанд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
ШАРАФ
Императори Юнон ба шоҳи Форс Куруш гуфт:
- Мо барои шараф меҷангем, шумо барои сарват:
Куруш гуфт:
- Оре, ҳар кас барои надоштаҳояш меҷангад.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
МЕХОҲЕД МАЙНААТОН СОЛИМ БОШАД?
Нишастани тулонӣ, новобаста ба он ки машқи субҳгоҳӣ мекунед, метавонад ба майнаи сар зарар расонад.
Вақте ки шумо муддати дароз мешинед, ҷараёни хун ба майна суст мешавад. Ин маънои онро дорад, ки майна камтар оксиген ва маводи ғизоӣ мегирад, ки барои солим нигоҳ доштани ҳуҷайраҳо муҳиманд. Бо гардиши камтари хун, майна барои нигоҳ доштани робитаҳои мустаҳкам байни ҳуҷайраҳои худ мубориза мебарад. Бо мурури замон, ин метавонад боиси коҳиш ёфтани гиппокамп - қисми майна, ки хотираро идора мекунад - шавад.
Тавсия дода шудааст, ки ҳангоми суҳбатҳои телефонӣ ва хондани паёмҳои электрониву номаҳо дар ҳуҷраи корӣ қадам занед. Майна барои солим мондан ба ҳаракати мунтазам ниёз дорад.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
ПУЛИ ТИЛЛОИИ ВЕТНАМ
«Skywalk» байни дастҳои бузург
Пули тиллоӣ мисли ҷавоҳироти ниҳонӣ дар осоишгоҳи «Ба На Ҳиллз» дар Ветнам дурахшанда буда, меҳмононро ба таҷрибаи ҷолиб даъват мекунад. Меъмор Ву Вет Ан роҳи пиёдагардеро эҷод намуд, ки гӯё дар фазои абрнок ва ҷодугарии кӯҳи Ба На дар осмон шино мекунад. Ин кӯпруки дарозиаш 150-метраи пиёдагардон на танҳо як гузаргоҳ аст, инчунин, бо омезиши истеъдоди фавкулодаи эстетика ва инженерӣ, асари бадеӣ низ мебошад. Пул соли 2018 ифтитоҳ ёфт ва бо пайдоиши дастони азими сангӣ дар сартосари ҷаҳон машҳур гашт. Тарҳи беназири TA Landscape Architecture ҳамоҳангии комили бузургии табиат ва эҷодиёти инсонро нишон медиҳад.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ВАРЗИШҲОИ ҒАЙРИОДӢ
МОҲИПАРТОӢ
Мусобиқаи расмии моҳипартоӣ ба масофаи дур дар Австралия маъмул аст. Анъанаи баргузории мусобиқа аз соли 1862 сарчашма мегирад. Бо мурури замон мусобиқа бениҳоят маъмул гашт, ки ҳудуди 30 000 бинандаро ҷалб мекунад.
Вазифаи иштирокчӣ чист? Ӯ бояд моҳиро, ки аз 8 то 10 кило вазн дорад, ба ба масофаи дур партояд. Техникаи ин намуди варзиш ба гурзпартоӣ монанд аст. Ба бозигар қувва ва дақиқият лозим мебошад. Ҷолиб он аст, ки пеш аз мусобиқа моҳии яхшударо бо ресмон мепечонанд, то дар даст устувортар бошад.
Ҷоиза 7000 долларро ташкил медиҳад. Рекорди моҳипартоӣ соли 1998 гузошта шуда, то имрӯз шикастнопазир боқӣ мемонад. Он вақт варзишгар тавонист моҳиро ба масофаи 37,23 метр партояд.
Таҳияи УМАРАЛӢ С
Санаи нашр: 20.06.2025 №: 121
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН