ГӮШТИН
Медали биринҷии Мустафо Ахмедов дар Чемпионати Осиё
18-уми июн дар Ветнам Чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ миёни наврасони то 17-сола ва ҷавонони то 23-сола оғоз гардид, ки то 26-уми июн идома меёбад.
4 рӯзи аввал зӯрозмоиҳо миёни ҷавонони то 23-сола доир гаштанд, ки ягона намояндаи Тоҷикистон дар ин синну сол Мустафо Ахмедов дар гӯштини тарзи озод (-70 кг) медали биринҷӣ ба даст овард. Мустафо дар чорякфинал бар намояндаи Ҳиндустон Сагар Сагар пирӯз шуда, дар нимфинал аз варзишгари Қирғизистон Адис Раҳат уулу мағлуб гашт. Ӯ, сипас дар зӯрозмоӣ барои медали биринҷӣ бар Суан Доан, намоядаи кишвари мизбон, ғолиб омад.
Чемпионат то 26-уми июн миёни наврасон ҷараён мегирад, ки варзишгарони мо низ ширкат мекунанд.
ММА
Муҳаммад Наимов муқобили Богдан Град зафар ёфт
Размкори тоҷик Муҳаммад Наимов (13-3) муҳорибаи навбатии худро дар ташкилоти бонуфузи UFC анҷом дод. Рақиби Муҳаммад ин навбат Богдан Град (15-3) аз Австрия гардид.
Муҳорибаи онҳо дар мусобиқаи “UFC Baku” (Озарбойҷон) шаби 21-уми июн доир шуда, ба фоидаи Муҳаммад Наимов анҷом ёфт. Ин пирӯзии 13-уми Муҳаммад Наимови 30-сола аст. Ӯ 3 бохт низ дорад.
Охирон маротиба моҳи феврал дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ дар чаҳорчӯби мусобиқаи “UFC Fight Night 250” Муҳаммад Наимов (12-3) бар Каан Офлии (11-4-1) австралиягӣ пирӯзӣ ба даст оварда буд.
ФУТБОЛ
Лигаи олӣ: КМВА дар ҷадвали мусобиқа пешсаф шуд
Марҳалаи дуюми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ бо бозиҳои даври 12-ум оғоз ёфт.
Дар бозии марказии давр “Хуҷанд” дар майдони худ бар тими “Истиқлол” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ин ягона ғалабаи тими мизбон дар ин давр аст. Дар вохӯриҳои “Истаравшан” – “Равшан” (1:3), “Ҳосилот” – КМВА (1:2) дастаи меҳмонон пирӯз гашта, дар се дидор “Эсхата” – “Вахш” (1:1), “Регар-ТадАЗ” – “Барқчӣ” (0:0), “Ҳулбук” – “Панҷшер” (1:1) мусовӣ ба қайд гирифта шуд.
Ҳамин тариқ, тими КМВА бо 24 хол ба ҷойи аввали ҷадвали мусобиқа баромад. “Вахш” бо 24 хол дар ҷойи дуюм, “Равшан” бо 22 хол дар зинаи сеюм мавқеъ доранд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.06.2025 №: 122
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ