CASA-1000. РУШДИ ДИПЛОМАТИЯИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН БО КИШВАРҲОИ МИНТАҚА

23 июн 2025, Душанбе
20
Татбиқи лоиҳаи бунёди хатти интиқоли барқи CASA-1000 барои ҳамаи мо ҳамчун рамзи шуруи ҳамкориҳои воқеӣ байни кишварҳои минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ лаҳзаи хотирмону дорои аҳамияти таърихӣ мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
CASA-1000 яке аз бузургтарин тарҳҳои энергетикӣ миёни минтақаи Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Бар асоси ин тарҳ, ба масофаи 750 километр хатти баландшиддати интиқоли барқ сохта мешавад, ки аз қаламрави Афғонистон гузашта, ба Покистон мерасад. Дар натиҷаи амалишавии ин лоиҳа низоми энергетикии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон хубтару муназзамтар гардида, бо як пайванди систематикӣ фаъолият хоҳанд кард. Ҳамин тавр, пурра амалӣ гардидани лоиҳа барои кишварҳо ҷиҳати ташкил намудани бозори ягона ва савдои солона имконияту шароити беҳтар фароҳам меорад, ки тавассути он кишварҳои минтақа бо шумули Тоҷикистон ва Қирғизистон ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ неруи барқи иловагиро дар ҳаҷми 1300 мегаватт содир мекунанд. Миёни кишварҳо бозори минтақавии иқтисодии электроэнергия ташкил хоҳанд кард, ки на танҳо барои чор давлат муносибу муфид аст, балки дар такмилу танзими низоми интиқоли барқ ва ҳавасмандгардонии кишварҳои минтақа ҷиҳати устуворнамоии ҳамкориҳои байниминтақавӣ мусоидат менамояд.
Тибқи нақшаи лоиҳа, кишварҳо баъди ба истифода додани CASA-1000 даромадҳои содиротиро, пеш аз ҳама, барои фаъолияти бефосилаи лоиҳаи “CASA-1000”, аз ҷумла пардохтҳои саривақтӣ ба истеҳсолкунандагони неруи барқ, пардохти қарзҳо, инчунин, барои мусоидат ба барномаҳои сарфакоронаи энергия ва дигар тадбирҳо ҷиҳати рафъи камбуди неруи барқ дар фасли зимистон истифода мебаранд.
Ҳамин тавр, Покистон бо доштани беш аз 240 миллион аҳолӣ ва ҷойгиршавии стратегӣ ба як маркази муҳими минтақа табдил ёфта, бо кишварҳои Осиёи Марказӣ тиҷорат, сармоягузорӣ ва иртиботи минтақавиро тавсеа дода, бо эҷоди интегратсияи иқтисодӣ ва мубодилаи технологияҳои пешрафта, заминаро дар эҷоди бозорҳои нав ва имкониятҳои хуб дар минтақа фароҳам месозад. Бо бунёди долонҳои иқтисодӣ ва инфрасохтори самараноки нақлиётӣ ин кишвар метавонад ба маркази иқтисодии минтақа табдил ёбад. Дар натиҷаи фаъолияти муштараки амалии ҷонибҳо ҷойҳои нави кор таъсис ёфта, интиқоли саривақтии борҳо ба роҳ монда шуда, буҳрони энергетикӣ дар кишварҳои минтақа коҳиш меёбад.
Тоҷикистон, дорои захираҳои табиӣ ва пойгоҳҳои бузурги тавлиди неруи барқ, 947 дарё ва пиряхҳои зиёд аст, ки бо истифодаи дурусти онҳо ба аҳолии кишвар ва сайёра манфиат расонда, бо эҷоди долонҳои тиҷоратӣ метавон Осиёи Марказӣ ва Ҷанубиро ба як минтақаи динамикӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавӣ бо шумули СҲШ ва МҲТБО ба иттиҳоди ниҳоии иқтисодӣ табдил дод.
Хулоса, тарҳи “CASA-1000”-ро ҳамчун стратегияи пайвандгари Осиёи Марказӣ бо Осиёи Ҷанубӣ бояд донист, ки баҳри манфиати мардумони минтақа ба роҳ монда шудааст.
Бовар дорем, ки амалӣ гардидани лоиҳа барои ташкили бозори минтақавии электроэнергия дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASAREM) мусоидат менамояд. Барои татбиқи лоиҳаи “CASA-1000” Шурои байниҳукуматӣ ташкил шудааст, ки дар зинаҳои аввал он ҳамкориҳои самараноки минтақавиро таъмин намуда, дар доираи Шурои байниҳукуматӣ давлатҳо оид ба амалисозии лоиҳа қарор қабул карда, роҳу равишҳоро бо стандартҳои ягонаи техникиву экологӣ барои таъмини бехатарии умумӣ таҳия менамоянд.
Бо вуҷуди монеаҳову масоили печида дар минтақа, татбиқи лоиҳаи “CASA-1000” мушкилоти энергетикии кишварҳоро то андозае бартараф карда, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат менамояд ва рушди саноату сармоягузории кишварҳои минтақаро беҳтар мегардонад.
Мирсаид РАҲМОНОВ, ходими калони илмии шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо
Санаи нашр: 23.06.2025 №: 122