МАНУ ТУ ҶОВИДОН ҲАМСОЯГӢ ДОРЕМ!

24 июн 2025, Сешанбе
19
Бикун ғайрат, ало эй модари қирғиз,
Бикун ғайрат, ало эй модари тоҷик.
Ки ҷони оштиву сулҳ дар хавф аст,
Ба пои остони хонамон наздик!
Чи некӯ, мо ба ҳам дорем садҳо сол,
Чу ҳамсоя, чу хешу ақрабо пайванд.
Манасро руҳи покаш бо Каникейо,
Ба лафзи дӯстӣ ҳам дода савганд!
Ба қирғизу ба тоҷикон нашояд ҳеҷ
Ситезу ҷангу хунрезиву кинтӯзӣ.
Бибинад родмарди модарон дар марз,
Паёми субҳро бо сулҳу хушрӯзӣ.
Агарки зинда буд Чингизи некӯном,
Набудӣ байни мо ин баҳси хунин ҳам.
Ҷаҳони пурғаму андӯҳи мо дорад,
Паёми сулҳи Турсунзодаро ҳам кам.
Бигӯяд мардуми қирғиз: туро беҳ аст,
Бидон аз хешҳо ҳамсояи наздик.
Заминҷунбӣ кунад гар кӯҳро вайрон,
Сухан ҳам мекушад! Гӯяд масал тоҷик.
Барои сулҳ дасти ҳамдигар гирем,
Биё, бо ҳарф дилҳоро маёзорем.
Садои тору мармуз аст поянда,
Ману ту ҷовидон ҳамсоягӣ дорем!
Гулзода СТАНЛИЕВА, шоири қирғиз
Санаи нашр: 24.06.2025 №: 123