ҲАР КӢ ХАНДОНАД ЯТИМИ ХАСТАРО...

24 июн 2025, Сешанбе
16
Меҳри падару модарро ба фарзанд ҳаргиз касони дигар дода наметавонанд, зеро он меҳру муҳаббати беолоиш пайванди хуниву руҳӣ буда, бешубҳа, барои кӯдак туҳфаи илоҳист. Фарзанди одам ҳамеша ба дилгармӣ ва меҳру муҳаббати самимӣ ниёз дорад. Бахусус, ятим бештар ниёзманди нармиву ҳалимиву меҳрубонӣ мешавад, чунки дили шикаста дорад. Эҳсоси хуштар аз ин нест, вақте инсон як ятимро хурсанду хандон месозад.
Гузаштагони мо дар ҳузури ятимон, ҳатто, сила кардани сари фарзанди хешро нораво донистаанд. Ятим будану набудан ба иродаи кас вобаста нест. Балки он амри тақдир мебошад. Ҳамин аст, ки дар тамоми гӯшаву канори дунё гурӯҳе аз аҳолиро ятимон ва бепарасторон ташкил медиҳанд. Аммо нуктаи аз ҳама муҳим ин аст, ки дар ҳар куҷо аз онҳо ба таври гуногун ҳимоя ва нигоҳубин мекунанд.
Пешвои миллат аёдати шахсони яккаву танҳо, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, ғамхорӣ ба ятимону бепарасторонро аз фазилатҳои неки инсонӣ меҳисобанд. Дар ин замина, давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ бо мақсади нигоҳубини ятимон ва дар шароити хонавода ба воя расондани кӯдакону наврасон садҳо кӯдак аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ба фарзандӣ қабул карда шудаанд.
Бибинед, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимон чи хитобе доранд: “Ман ҳеҷ вақт ягон ятимро дар нимароҳ намемонам, меомӯзонам, тарбия мекунам, ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамоям”.
Барои нигоҳубини ин гурӯҳи тифлону наврасон дар кишвар ятимхонаҳо фаъолият мекунанд. Онҳо дар беҳтарин шароит бо меҳру муҳаббат парасторӣ ёфта, аз афсурдагиву ғам дар каноранд. Маҳз сиёсати ятимпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намегузорад, ки онҳо заррае дарди бекасиро эҳсос намуда, аз ятимии худ ёд кунанд.
Ҳанифа ҚУРБОНОВА,
мураббии Маркази дастгирии оила
ва кӯдаки №1-и шаҳри Душанбе
Санаи нашр: 24.06.2025 №: 123