ВАРЗИШИ САБУК

24 июн 2025, Сешанбе
24
4 медали варзишгарони мо дар Тошкент
21-22-юми июн дар шаҳри Тошкент Мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи мураббии хизматнишондодаи Ӯзбекистон Геннадий Арзуманов доир гашт.
Ба иттилои Федератсияи варзиши сабуки Ӯзбекистон, варзишгарони 14 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон, аз рӯи 29 низом дар се равия – дав (200, 400, 5000 метр, 110 м/монеа, 400 м/монеа), ҷаҳиш (баландӣ, дарозӣ, секарата) ва партоб (диск, ядро, гурз) – сабқат карданд.
Варзишгарони мо дар ин Мусобиқаи бонуфуз ба гирифтани 4 медал – 2 нуқра, 2 биринҷӣ – мушарраф гаштанд. Медалҳои нуқраро миёни мардҳо Леонид Пронженко дар дав ба масофаи 110 метр бо монеаҳо ва Муҳаммадризо Мирзозода дар дав ба масофаи 400 метр бо монеаҳо ба даст оварданд. Миёни бонувон Муштарӣ Бобоқулова дар дискпартоӣ ва София Диордитса дар гурзпартоӣ ҷойи сеюмро гирифтанд.
ФУТЗАЛ
Пирӯзии тими миллии Тоҷикистон бар АМА
Тими мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии рафиқона муқобили дастаи Амороти Муттаҳидаи Араб бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.
Вохӯрии дастаҳо 23-юми июн дар Дубай доир гашт. Ҳар ду голро Идрис Ёров зад.
Бозии дуюми рафиқона байни дастаҳои АМА ва Тоҷикистон 25-уми июн баргузор мешавад.
ВОЛЕЙБОЛ
“Регар ТадАЗ” сазовори Ҷоми Ваҳдати миллӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Восеъ мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол доир гашт, ки дар он 18 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе ширкат карданд.
Дастаҳои Душанбе ва “Регар-ТадАЗ” бар ҳарифон пирӯз гашта, ба финал роҳ ёфтанд, ки дар натиҷа ғолибият насиби тими шаҳри Турсунзода гашт. Дастаи ноҳияи Ванҷ бошад, ҷойи сеюмро гирифт.
Ба дастаи ғолиб Ҷоми Ваҳдати миллӣ ва Шоҳҷоиза – автомобили тамғаи «Мерседес Бенс», ба дастаи Душанбе, ки мақоми дуюмро касб кард, 10 ҳазор сомонӣ ва ба волейболбозони ноҳияи Ванҷ 5 ҳазор сомонӣ тақдим гардид.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 24.06.2025 №: 123