НУСХАИ НОДИРИ “МУНТАХАБИ АШЪОР”-И КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

24 июн 2025, Сешанбе
38
Олам сухани Камол бигрифт,
Имрӯз ҷуз ин сухан сухан нест.
Камоли Хуҷандӣ, шоир ва орифи бузург, бо абёти пурмуҳтаво ва андешаҳои фалсафавию саршор аз ғояҳои баланди инсонӣ ҳанӯз дар замони зиндагияш миёни дилбохтагони шеъри воло маҳбубияти хос дошт.
Дар сарчашмаҳои адабиву таърихӣ номи шоир Камолиддин Абуаҳмад Муҳаммади Хуҷандӣ сабт шуда, бо тахаллуси Камол шеър мегуфт.
Камоли Хуҷандӣ тақрибан байни солҳои 1318-1320 дар Хуҷанд таваллуд шуда, дар ҳамин ҷо бештари илмҳои замонашро аз бар менамояд. Сипас, илму донишашро дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро такмил дода, чанде баъд шаҳри Табрезро ҳамчун маркази ободу зебо барои зиндагӣ ихтиёр мекунад.
Шаҳри Табрез дар замони Камоли Хуҷандӣ пойтахти ҳукумати канории муғулҳо маҳсуб шуда, дорои боғистонҳои зиёд буд. Шоир то лаҳзаи охири умр дар Валиёнкӯҳи ин шаҳр ба сар мебурд. Хоҷа Камол баъди вафоташ дар боғи ободкардаи худаш дафн карда мешавад.
Баъди соҳибистиқлолӣ бо эҳтимоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд мақбараи Камол бунёд гардида, турбати ӯ аз Табрез ба Ватанаш интиқол ёфт. Ҳоло мақбараи шоир мавзеи зеботарини шаҳри Хуҷанд ба шумор рафта, сокинони кишвар ва меҳмонони зиёд аз он дидан мекунанд ва ба шахсияти ин шоиру ориф эҳтиром мегузоранд.
Камоли Хуҷандӣ аз худ осори гаронбаҳое ба мерос гузоштааст, ки мазмуни аксари онҳоро ақидаҳои башардӯстона ташкил медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигаҳдории осори илмиву адабии бузургони миллати тоҷик Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Қалъаи Хуҷанд” нақши муассир дорад. Айни ҳол дар толори экспозитсионии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд нусхаҳои нодири дастнавису чопи сангии шоирону мутафаккирони барҷастаи миллатро ба маърази тамошо гузоштаанд. Ҳоло қадимтарин нусха, ки дар асри XVI китобат шудааст “Захират-ул-мулук”-и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад.
Соли 2023 кормандони шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашри Муассиса тасмим гирифтаанд, ки нусхаи ашъори Камоли Хуҷандиро пайдо кунанд. Албатта, дар баъзе аз китобхонаҳои дохиливу кишварҳои хориҷӣ осори ин орифи бузург ба назар мерасад, аммо фақат дар шакли электронӣ. Ниҳоят, аввали соли 2024 нусхаи “Мунтахаби ашъор”-и Камоли Хуҷандиро пайдо карданд. Нусхаи мазкур дастхат буда, соли 1340/1921 китобат шудааст.
Китоб бо ғазали
Мани дилхаста ба дарди ту даво ёфтаам,
Ранҷҳо дидаву имрӯз шифо ёфтаам
оғоз ёфта,
бо ғазали
Ҳар даме бо дигаре ноз макун,
Чашмам ба рӯйи хасон боз макун...
ба охир мерасад.
Дар умум, ин нусха 200 ғазалро дар бар мегирад. Ҳолати китоб хуб буда, андозаи он 25х15 мебошад. Китоб гарчанде ки мунтахаб ҳам бошад, яке аз нодиртаринҳо ба ҳисоб меравад ва арзиши баландӣ илмию оммавӣ дорад.
Даврон ИСОБОЕВ,
мудири шуъбаи дастхатҳо
ва табъу нашри МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Санаи нашр: 24.06.2025 №: 123