ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҲАҚНАЗАР ҒОИБ ДАР МЕҲМОНИИ «ҶУМҲУРИЯТ»

ҲАҚНАЗАР ҒОИБ ДАР МЕҲМОНИИ «ҶУМҲУРИЯТ»

26 апрел 2023, Чоршанбе
40
0


 
Ин бор меҳмони гиромиқадри рӯзномаи «Ҷумҳурият» Ҳақназар Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, буданд. Вохӯриро Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири «Ҷумҳурият» ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. 

Устод Ҳақназар Ғоиб дар вазифаҳои гуногуни соҳаи рӯзноманигорӣ фаъолияти пурсамар доштанд. Алҳол котиби масъули бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистонро дар минтақаи Кӯлоб ба уҳда доранд.
Дар муддати беш аз 60 соли фаъолияташон зиёда аз 30 маҷмуаи ашъор ба табъ расондаанд, ки «Зинароҳ», «Тоҷи Офтоб», «Эҳёнома», «Нигоҳи гарм», «Чашми саҳар», «Атри гиёҳ», «Барги сабзи ишқ», «Дар таҷаллии Офтоби Аллома Иқбол», «Қиссаи аспи хатлӣ», «Навҳаи Фирдавсӣ дар марги Рустам» аз ин қабиланд.
Мавзуи шеърҳои Ҳақназар Ғоиб гуногун ва доираи андешаи муаллиф фарох мебошад. Тавре худ ёдовар шудаанд: «Шоирӣ, аз рӯи хулосаи ман, мушкилтарин фаъолият аст. Шумо дар кураи оташ обутоб ёфтани оҳанро тасаввур намоед. Ба ин монанд, шоирӣ ҳам саду як сӯзу созро дар ҷон эҳсос карда, обутоб ёфтан аст».
Бо меҳмони навбатии рӯзнома суҳбат, асосан, дар бораи асрори шеъру эҷод, таъсири сохтҳои ҷамъиятӣ, Истиқлолияти давлатӣ, нақши сафарҳо ба кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ҷаҳонбинии адиб, шинохти истеъдоду эътирофи соҳибистеъдод, нақди адабӣ, мусиқӣ ва суруд сурат гирифт. Маврид ба зикр аст, ки дар эҷоди матни суруд муаллиф муваффақ мебошанд ва онҳо аз ҷониби овозхонҳои маъруфи кишвар сароида мешаванду аз эътирофи махсуси шунавандагон дар солҳои гуногун бархурдоранд.
Ҳақназар Ғоиб шарҳ доданд, ки волидонаш ба мусиқӣ ва созҳои мусиқӣ, суруд муҳаббат доштанд. Ин ҳама ба ӯ аз даврони кӯдакӣ таъсири амиқ гузоштаанд. Аз ин рӯ, ба омӯзиш ва навохтани созҳои мусиқӣ ҷиддан машғул мешаванд ва дар чандин базмҳои шодии навхонадорон ҳунарнамоӣ мекунанд. Дар охири суҳбат иброз доштанд, ки пеш аз истиқлол, дар даврони ҷавонӣ ва баъдҳо низ, ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» таваҷҷуҳи хос доштанд ва нахустин шеърҳояшонро маҳз дар ин нашрия ба табъ расондаанд. «Рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки дар он рӯзноманигорони соҳибистеъдод кор мекунанд, воқеан ҳам, таърихи замон дар замонҳост. Шукргузорем, ки «Ҷумҳурият» ин мақоми ифтихорияшро ҳунармандона, бо касбияти баланд ҳифз менамояд», – гуфтанд Ҳақназар Ғоиб.


Абдулқодири РАҲИМ, 
«Ҷумҳурият»

P.S: Фишурдаи суҳбат дар шумораи ояндаи «Ҷумҳурият» ба табъ мерасад ва ба воситаи ютуб - канали ин нашрия намоиш дода мешавад.

Санаи нашр: 26.04.2023 №: 86
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив