САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

26 июн 2025, Панҷшанбе
25
25-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, суҳбату мулоқот бо сокинони шаҳру ноҳияҳо ва иштирок дар тантанаҳои Ҷашни Ваҳдати миллӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд.
Боздиди кории Сарвари давлат аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт. Меҳмони олиқадрро дар деҳаи Пайшанбеободи ноҳия сокинон ва аҳли фарҳангу ҳунар гарму самимӣ истиқбол намуданд.
Бояд гуфт, ки ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Ванҷ бунёду навсозии 140 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора, то имрӯз 90 иншоот мавриди истифода қарор гирифт, ки дар самти муҳайё намудани ҷойҳои нави кор, беҳтар гардондани вазъи кору хизматрасонӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии мардум нақши муҳим мегузоранд.
Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе – Кулма
25-уми июн Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ, нахуст, роҳи маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе – Кулмаро ба истифода доданд.
Роҳи мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳо барои ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани шароити хизматрасонӣ бунёд шуда, аз ду хатти ҳаракат иборат мебошад ва 16 километрро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бунёди роҳ ба ташаккули долонҳои нақлиётӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва боз ҳам беҳтар намудани шароити зиндагии мардум мусоидат мекунад.
Бунёди истгоҳҳои нақлиётӣ, гузаргоҳ барои пиёдагардон, шинондани дарахтони ороишию сояафкан ва сабзкорӣ роҳро зебо намудааст.
Қисмҳои роҳ дар маҳалҳои аҳолинишин тибқи талабот чароғон шуд, ки шабонгаҳ дар баробари таъмини рӯшноӣ, ҳамзамон ба осудагию бехатарии мардум мусоидат менамояд.
Бо супориши Роҳбари давлат дар доираи ин лоиҳа 3 километр роҳҳои дохилии ноҳияи Ванҷ низ навсозӣ мешаванд.
Роҳи марказии ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе – Кулма аҳамияти зиёди иқтисодию иҷтимоӣ дошта, барои баланд бардоштани ҳаҷм ва сифати боркашонию мусофиркашонӣ замина мегузорад. Иҷрои саривақтии супоришҳои Роҳбари давлат имкон фароҳам овард, ки бунёди роҳ дар муҳлати муайянгардида, мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ ба анҷом расад.
Баъди ифтитоҳи қитъаи роҳ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи масъулони дахлдори соҳа ва коргарону мутахассисонро ба нигоҳубини дурусти роҳ ҷиҳати солиёни зиёд ба мардум хизмат расондан ҷалб намуданд.
Санаи нашр: 25.06.2025 №: 124