ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА ТАҲКИМИ СОҲИБИХТИЁРИИ ДАВЛАТ
Имсол мардуми сарбаланди тоҷик чун солҳои гузашта бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандона ва сулҳпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои орому осуда бо шукӯҳи хос ҷашн мегиранд. Ҳоло тантанаҳои идона бахшида ба ин санаи фархунда дар тамоми гӯшаҳои Ватани азизамон идома дошта, сокинони мамлакат бо шукргузорӣ аз неъматҳои бебаҳои истиқлоли давлатӣ арзиши волои сулҳу ваҳдати миллиро гиромӣ медоранд.
Чи тавре Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медоранд: «Дар таърихи ҳар як халқу миллат воқеаҳое рӯй медиҳанд, ки ҳамчун маҳсули ақлу хиради ҳамон миллат барои пойдории давлат аҳамияти бузурги ҳаётӣ дошта, ба наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Воқеият ин аст, ки майлу ирода, саъю талош, таҳаммулгароӣ ва хиради азалии миллати тамаддунсозу фарҳангсолори тоҷик ва тафаккури созандаву руҳи шикастнопазири халқи Тоҷикистон муҳимтарин омили расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад. Вале дар айни замон, мо бояд як нуктаи муҳимро ҳаргиз фаромӯш накунем, ки сулҳу оромӣ арзишмандтарин неъмати ҳаёти мост ва ҳифз кардану пойдор нигоҳ доштани он вазифа ва қарзи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Зеро сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ барои мо арзишҳои ҳаётан муҳиме мебошанд, ки ба шарофати онҳо мардуми Тоҷикистон ҳоло ба хотири ободии Ватан, пешрафти давлат, амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ ва осоиши ҳар як хонадон сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд».
Воқеан, яке аз асосҳои муҳими давлатдории миллӣ ва таҳкими соҳибихтиёрии давлатӣ ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ мебошад. Давлате, ки дар он ваҳдати миллӣ мавҷуд нест, ҳамеша зери хатари таҷзия, бесуботӣ ва халалдоршавии соҳибихтиёрӣ қарор дорад. Аз ин ҷост, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи устувори соҳибихтиёрии миллӣ арзёбӣ мегардад.
Ваҳдати миллӣ маънои муттаҳидии ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ, динӣ ва фарҳангии кишварро зери мафкураи ягонаи миллӣ дорад. Ин мафкура метавонад соҳибихтиёрӣ, суботи сиёсӣ, амнияти умумимиллӣ ва рушди иқтисодӣ бошад.
Ҳамон тавре маълум аст, Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд. Ин ҷанг на танҳо суботи кишварро зери хатар гузошт, балки ба пояҳои соҳибихтиёрии давлатӣ низ таъсир расонд. Танҳо баъд аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар соли 1997 марҳалаи нави рушди кишвар оғоз гардид. Ин иттифоқи таърихӣ имкон фароҳам овард, ки зербинои истиқлоли давлатӣ қавӣ гардида, иқтисоди миллӣ аз вартаи буҳронӣ раҳо ёбад ва Тоҷикистон мавқеи байналмилалии худро таҳким бахшад.
Ҳоло мебинем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи соҳибихтиёрӣ на танҳо асосҳои ташаккули давлатдориро тавсеа дод, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ тавассути чандин пешниҳод ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ обрӯву эътибори калонро соҳиб гардид.
Таҳкими соҳибихтиёрии давлат дар шароити ваҳдати миллӣ аз ин омилҳо иборат мебошанд:
– ҳамгироии тамоми қишрҳои ҷомеа дар атрофи як идеяи миллӣ. Ин амр бо роҳи баланд бардоштани ҳисси ватандорӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихори миллӣ анҷом меёбад;
– таҳкими низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ. Ваҳдати миллӣ имкон медиҳад, ки тамоми гурӯҳҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар чорчӯбаи қонун амал намоянд;
– сиёсати созандаи давлат дар дохил ва хориҷӣ кишвар. Ваҳдати миллӣ давлатро дар қабули сиёсати мустақилу устувор қавӣ месозад;
– рушди соҳаи иқтисоди миллӣ. Бе ваҳдати дохилӣ давлат наметавонад иқтисоди худро ба таври устувор рушд диҳад.
Соҳибихтиёрии давлатӣ, ҳамчунин, тавассути як қатор ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, кафолатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла муҳофизати сиёсӣ, ҳарбӣ, байналмилалӣ ва дипломатӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ, ки ба таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва таъмини бехатарии миллӣ равона гардидаанд, таъмин карда мешавад.
Аз таҷрибаи таърихии Тоҷикистон метавон хулоса намуд, ки таҳкими соҳибихтиёрии давлат танҳо дар заминаи ваҳдати миллӣ имконпазир аст. Агар миллат муттаҳид бошад, душманони дохилӣ ва хориҷӣ наметавонанд ба истиқлолият ва тамомияти арзии он зарба зананд. Пас, ҳар фарди ҷомеа бояд дар нигоҳ доштани ваҳдат, таҳкими истиқлол ва соҳибихтиёрии миллӣ саҳмгузор бошад.
Тоҷиддин СУЛТОНЗОДА,
муовини прокурори нақлиёти Тоҷикистон,
мушовири адлияи дараҷаи 2
Санаи нашр: 26.06.2025 №: 125-126
