САЙЁҲӢ. ТАҲКИМИ ҲАМКОРИҲО ДАР ҲОШИЯИ ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сайёҳии «Хатлон - қалби гарми сайёҳӣ» дар шаҳри Кӯлоб, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо сафирони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Покистон ва Туркманистон дар Тоҷикистон мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ бо сафири Қазоқистон Валихан Туреханов масъалаҳои марбут ба таҳкими робитаҳои дуҷониба миёни вилояти Хатлон ва воҳидҳои маъмурии Ҷумҳурии Қазоқистон таваҷҷуҳ шуд. Ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои сайёҳӣ, фарҳанг, савдову иқтисод, кишоварзӣ ва мубодилаи таҷрибаи касбиро муҳокима карданд.
Раиси вилоят бо ишора ба имкониятҳои васеи вилояти Хатлон дар самти соҳаҳои сайёҳӣ, кишоварзӣ ва саноати коркард аз сафир даъват ба амал овард, ки доираҳои соҳибкории Қазоқистонро ба ҷалби сармоягузорӣ ба ин минтақаи Тоҷикистон ташвиқ намояд.
Валихан Туреханов бо изҳори сипос аз пазироии самимӣ, омодагии ҷониби Қазоқистонро барои таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо вилояти Хатлон иброз дошт. Гуфт, ки табиати нотакрор, иқлими мусоид ва мероси бойи таърихиву фарҳангии Хатлон метавонад таваҷҷуҳи сайёҳону сармоягузорони қазоқистониро ҷалб намояд.
Дар мулоқот бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар маҷмуи васеи масоили ҳамкории дуҷониба, хусусан дар самтҳои рушди тиҷорату сармоягузорӣ, кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ, робитаҳои фарҳангӣ ва рушди сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт. Давлаталӣ Саид аз сатҳи равобити дӯстона ва шарикии стратегии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагиро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо бо музофотҳои Покистон, бахусус Хайбар Пахтунхва иброз намуд.
Таъкид гардид, ки таҳкими робитаҳои байнивилоятиву байниминтақавӣ дар пояи иродаи сиёсӣ ва дастгирии роҳбарони олии ду кишвар имконпазир гаштааст.
Раиси вилоят ба сафир ҷиҳати саҳми арзишманд дар таҳкими муносибатҳои дуҷониба, хусусан дар самти вусъати робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ изҳори сипос намуда, ширкатҳои покистониро ба сармоягузории соҳаҳои саноати сабук, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ даъват кард. Таъкид гардид, ки ташкили форумҳои муштараки соҳибкорон, густариши ҳамкориҳо байни муассисаҳои олии таълимии ду кишвар ва рушди нақлиёти боркашонӣ тавассути коридори Покистон-Афғонистон-Тоҷикистон метавонад заминаҳои амалии нав барои ҳамгироии минтақавӣ эҷод намояд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
Санаи нашр: 26.06.2025 №: 125-126
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН