ПЕШВОИ СУЛҲУ ВАҲДАТ
Омадӣ аз осмон ҳамчун сурӯш,
Дар дилат меҳри Ватан андар хурӯш.
Пешвои сулҳу ваҳдатоварам,
Ҳарфи қалби хастаро кардӣ ту гӯш.
Эй ту Исмоили Сомонии мо,
Ҷовидона фарри Раҳмонии мо.
То абад поянда бошӣ, Пешво,
Зинда бошӣ, зинда бошӣ, Пешво!!!
Ваҳдат ДАЙХУДО,
ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии
“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”
ШУОИ ВАҲДАТ
Ваҳдат сапедаҳои самои нишоти мост,
Дар лавҳи рӯз шуълаи гарми ҳаёти мост.
Ваҳдат паёму нусрати мо дар китоби бахт,
Ҳар вожааш чу қосиди фазлу наҷоти мост.
Бо номи ӯ ҳаёти нав оғоз мешавад,
Дил аз фараҳ ба рӯи вафо боз мешавад.
Ҳар пайраҳе, ки ҷониби ӯ раҳнамо бувад,
Бо набзи меҳри мову ту ҳамроз мешавад.
Садҳо дурахши ишқи Ватан дар ҳузури ӯст,
Гулбазми боғу роғи чаман аз сурури ӯст.
Бо ӯ ҳамеша модари тоҷик шукуфтарӯст,
Дар хандаҳои тифлаки мо субҳи нури ӯст.
Бахшад тавони зиндагӣ ҳар дилшикастаро,
Чун офтоб гарм кунад ҷони хастаро,
Барнову пир металабад аз Худои худ
Дар ҳар дуо-ш ваҳдати поку хуҷастаро.
Ҳастем дар дифои Ватан, посдори сулҳ,
Афрохтем парчами шаъну шиори сулҳ.
Бар халқи даҳр гашта кунун Пешвои мо
Як раҳнамои мушфиқу омӯзгори сулҳ.
Мо тоҷикем, меҳру зиё дар нигоҳи мост,
Ваҳдат футуҳи ҳастиву тахту сипоҳи мост.
Ишқи Ватан ба сина сипар аз ҳама балост,
Чун номи Ҳақ ба ҳар ду ҷаҳон додхоҳи мост!
Рудобаи МУКАРРАМ,
раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон
Санаи нашр: 28.06.2025 №: 127-128
Ҳамчунин хонед:
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ