БӮСТОН. БА МАҲАЛЛАИ НАВРӮЗ ОБ ОМАД

01 июл 2025, Сешанбе
15
Дар рӯзҳои таҷлили 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сокинони маҳаллаи Наврӯзи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд.
Он рӯз шодию хурсандӣ ва нишоту тараби аҳолии 4000-нафараи маҳалларо ҳадду канор набуд.
Дар маросими ифтитоҳи ин иншооти муҳими иҷтимоӣ раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирок намуд.
Ба иттилои масъулон, хатти нави оби нӯшоӣ аз чоҳи амудии наздикии кӯл ба масофаи 2400 метр бо истифода аз лӯлаҳои дорои қутри 16 мм кашида шудааст. Ҳоло таъминот бо оби босифати ошомиданӣ дар маҳалла бамаротиб беҳтар гардида, сокинон бо изҳори қаноатмандӣ ва шукргузорӣ, ба давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ миннатдорӣ баён намуданд.
Саъдулло МАҲКАМОВ, рӯзноманигор
Санаи нашр: 01.07.2025 №: 129