ТОҶИКИСТОН. КИШВАРЕ, КИ ҚАЛБАШ БА ХОТИРИ ОСОИШИ БАШАРИЯТ МЕТАПАД
Аз миёни тамоми арзишҳои таърихию маънавӣ, ки мардуми тоҷикро сарҷамъу устувор нигаҳ доштаанд, ваҳдати миллӣ бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди замони соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Ин падидаи сарнавиштсоз ҳамчун пояи устувори давлатдории муосир, кафили сулҳу субот, амният ва рушди устувори кишвар дар саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистон ҷойгоҳи хосро соҳиб аст.
Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ таърихӣ ва беназир аст. Дар шароити печидаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва нооромиҳои дохилӣ, маҳз Пешвои миллат бо иродаи матин ва маҳорати баланди сиёсии худ тавонистанд миллатро муттаҳид карда, роҳу равиши сулҳомез ва гуфтугӯи созандаро ба ҷойи муқобилаву низоъ пешниҳод намоянд. Маҳсули ин талошҳои пайгирона боиси ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ (27-уми июни соли 1997) гардид, ки ҳамчун санади таърихии эҳёи давлатдории миллӣ, пояи сулҳу суботи кишвар ва рукни аслии ваҳдати миллӣ эътироф шудааст.
Мавриди зикр аст, ки ҷавонон ҳамчун неруи созандаи миллат вазифадоранд ваҳдати миллӣ ва сулҳи устуворро на танҳо ҳамчун мероси таърихӣ, балки ҳамчун масъулияти шаҳрвандии худ эҳтиром намуда, дар таҳкими он саҳми фаъол гузоранд. Бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва маърифати сиёсӣ насли ҷавон бояд посдори якпорчагии Ватан, муқовиматгаро бар зидди ҳар гуна иғвоангезӣ ва ҷонибдори фарҳанги таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмӣ бошанд. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва афзоиши таҳдидҳои нави идеологӣ, сиёсӣ ва иттилоотӣ маҳз тақвияти маърифати сулҳпарварӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ метавонанд ҷомеаи Тоҷикистонро аз хатарҳо эмин нигоҳ доранд. Зеро ваҳдати миллӣ танҳо як падидаи сиёсӣ нест, он рукни маънавии ҳастии миллат, намунаи олии муҳаббат ба Ватан ва рамзи иродаи муштараки мардум дар роҳи бунёди давлатдории миллӣ мебошад.
Тоҷикистон – кишваре бо қалби ваҳдатпарвар ва руҳи муттаҳид имрӯз бо такя ба арзишҳои волои миллӣ, бо эҳсоси самимии ҳамдигарфаҳмӣ, муҳаббати бепоён ба Ватан ва таҳти роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи шукуфоӣ ва ободиро бо иродаи қавӣ ва қадамҳои устувор мепаймояд. Ҷовидон бод сулҳу ваҳдати миллӣ ва миллати сарбаланди тоҷик!
Руҳафзо МУРОДОВА, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 01.07.2025 №: 129
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН