САРЧАШМАИ САОДАТ

01 июл 2025, Сешанбе
22
Ваҳдати миллӣ ҳамчун яке аз дастовардҳои калидии таърихи навини Тоҷикистон сарчашмаи муҳимтарини рушду тараққиёти мамлакат, кафили озодиву ҳамбастагии миллати тоҷик ва асоси сарнавишти дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Ба шарофати истиқрори сулҳу ризоят дар ҷомеа барқарор намудани тартиботи давлатӣ, таҳкиму таҳаввулоти иқтисодӣ, пешрафти соҳаҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ва эътирофи ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамчун шарики устувору боъэтимод дар мубориза бо хатарҳои экологиву экстремистӣ имконпазир гардид.
Пас аз давраи мураккаби солҳои 90-ум, маҳз идеяи ваҳдати миллӣ мардуми кишварро муттаҳид сохт ва имкон дод, ки ба марҳалаи созандаву осоишта гузарем. Ин раванд, пеш аз ҳама, ба шарофати иродаи сиёсӣ, сиёсати созанда ва стратегияи пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Бояд гуфт, ки арзиши муқаддасу таърихӣ ва омили муҳимтарини ҳамаи дастовардҳои миллати мо пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, бешубҳа, ваҳдати миллӣ мебошад. Дар амал, маҳз мавҷудияти ризоят ва субот ба давлат имкон дод, ки кӯшишҳои худро ба барқарорсозии инфрасохтор, рушди минтақаҳо, ҳалли вазифаҳои иҷтимоӣ, дастгирии маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ равона намояд. Қисми муҳими ин кор рушди тамоми минтақаҳо ва муттаҳиду ягона намудани онҳо буд, ки дар давраи бесарусомниҳо аз ҳам ҷудо ва хароб гашта буданд. Имрӯз дар тамоми минтақаҳои кишвар бо дастгирии Ҳукумати мамлакат рушди устувори соҳаҳои хоҷагии халқ босуръат ҷараён дорад. Лоиҳаву барномаҳои муҳим дар самтҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, роҳсозӣ, кишоварзӣ, саноат, маориф, тиб, сохтмон ва сайёҳӣ, амалӣ карда мешаванд. Пешрафти бесобиқаи тамоми соҳаҳо натиҷаи субот, таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти кишвар ва иштироки фаъолонаи шаҳрвандон мебошад, ки аз ваҳдат сарчашма мегиранд.
Хушбахтона, имрӯз ваҳдати миллӣ дар муттаҳидсозии талошҳо баҳри пешрафт, иштироки шаҳрвандон дар эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати дунявӣ, таҳкими институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва эҳтиром ба арзишҳои милливу давлатӣ таҷассум меёбад.
Таҷрибаи даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон тасдиқ кард, ки танҳо ба шарофати сулҳу ваҳдат ҳаракат ба сӯи пешрафту тараққиёт имконпазир мегардад. Ин дастовардест, ки бояд ҳифз намуд, таҳким бахшид ва ба наслҳои оянда гузошт, зеро ваҳдати миллӣ шарти муҳимтарини нигоҳ доштани истиқлолияти миллӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар ва баланд бардошани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мебошад.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 01.07.2025 №: 129