ШОҲСУТУНИ СУЛҲУ СУБОТ

01 июл 2025, Сешанбе
28
Халқи тоҷик аз қадим сулҳпарвару ваҳдатгаро буда, онро ҳамчун арзишҳои асосӣ дар сиёсати давлатдорӣ устувору пойбарҷо нигоҳ медорад. Чунки, дар давлате, ки сулҳ ҳукмфармост, дар он якдилию ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва миллӣ ба вуҷуд меояд. Ваҳдат ба низоъ ва кинаю адоват нуқта гузошта, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодию иҷтимоиро таъмин менамояд. Ин ақидаро таҷрибаи ҳаётии Тоҷикистон асоснок менамояд.
Имрӯз ваҳдати миллӣ барои Тоҷикистон на танҳо рамзи сулҳу субот, балки таҳкимбахши истиқлоли давлатӣ, рушди иқтисод, беҳбудии маориф, фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа гардидааст. Пешбурди сиёсати ваҳдатгароёна, таҳаммулпазирӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон вазифаи муҳими ҳар як шаҳрванди кишвар ба шумор меравад.
Вақте мо калимаи ваҳдатро ба забон меорем, набояд онро танҳо хотираи таърихӣ ё рамзи сулҳ донист. Нигоҳдошти ваҳдати миллӣ имрӯз бештар аз ҳар вақти дигар муҳимтар аст, зеро дар шароити ҷаҳони пуртазоду пуртаҳдиди муосир, ки ҳар лаҳза метавонад хатарзо бошад, муттаҳид будан бештар тақозо мегардад.
Қалби ваҳдат маърифат аст ва маърифат қалби миллатро бедор мекунад. Аз ин рӯ, яке аз роҳҳои муҳими таҳкими ваҳдат, маърифат ва худшиносии миллӣ мебошад. Маҳз ба шарофати ваҳдат ва суботи сиёсӣ дар Тоҷикистон соҳаи илм ба пешравиҳои бузург ноил гардида, асолати миллӣ, мероси ниёгон мавриди пажӯҳиш қарор гирифт, ки ин дар худшиносию худогоҳӣ таъсири амиқ гузошт.
Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистонро бештар ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҷавонон на танҳо ояндаи миллатанд, балки посдорони ваҳдати миллӣ низ ҳастанд. Онҳо бояд таҳсил намоянд, ҳунар омӯзанд, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосир рӯй оваранд, вале ҳеҷ гоҳ аз решаҳои миллии худ, забон, фарҳанг, анъана ва арзишҳои миллӣ дур нашаванд.
Ҳимояи ваҳдат, рушди Ватан ва ифтихор аз давлату миллат бояд асоси виҷдону андешаи ҳар як тоҷик бошад. Ваҳдати миллӣ арзиши гаронбаҳоест, ки бояд онро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошт. Чунки, танҳо дар фазои сулҳу субот ва ҳифзи якпорчагии марзу бум метавон ба ояндаи боз ҳам дурахшон расид.
А. ҲАКИМОВ, омӯзгори МДТ «Коллеҷи тиббии ноҳияи Ёвон»
Санаи нашр: 01.07.2025 №: 129