АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚА. ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ТАНТАНА ДОШТ
Дар сарнавишти ҳар миллату давлат санаҳои тақдирсозе ҳастанд, ки бо маънии томашон ҳамчун оғози созандагиҳои бузург ва даврони саодатофарин маҳсуб мешаванд. Барои мо – мардуми шарифи Тоҷикистон 27-уми июни соли 1997 аз шумори ҳамин санаҳои тиллоӣ мебошад ва дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдории миллати куҳанбунёди дорои фарҳанги ғаниву маърифати баланд бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст.
Дар ин рӯз пас аз талошу қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Созишномаи мазкур, воқеан, санади наҷоти миллат, кишвар ва давлат мебошад. Ҳамзамон, ин сана, оғози ҳамдигарфаҳмӣ, сарҷамъӣ ва фароҳам овардани шароити орому осоиштаи зиндагӣ аст. Бо фаро расидани сулҳу оромӣ, Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ пояҳои давлатдории миллиро таҳким бахшида, дастовардҳо ва иқтидори иқтисодию иҷтимоии худро рӯз ба рӯз афзун мегардонад.
Ин нукта дар чорабинии бошукӯҳи идонае, ки дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бахшида ба таҷлили 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки директори Агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод, собиқадори соҳа Дилмурод Давлатзода, муовини директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Мералӣ Бодуршозода ва аҳли кормандони Агентӣ доир гардид, баён шуд. “Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ваҳдати миллӣ” аз мавзуъҳои асосии чорабинии мазкур буд.
Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Абдураҳмон Ҳалимзод зимни суханронӣ аҳли нишастро бо ҷашни миллӣ табрик намуда, зикр кард, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тақвими миллати куҳанбунёди тоҷик ҳамчун рӯзи пирӯзӣ бар қувваҳои ҷудоихоҳ ва оғози марҳалаи нави таърихӣ таҷлил мегардад.
Иштирокдорони ҳамоиш низ дар суханронии хеш аз раванди расидан ба ваҳдати миллӣ ва қаҳрамониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таҳкиму густариши сулҳу субот ёдовар шуданд.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
29 январ 2025, Чоршанбе
БО МАРДУМ ВА БАРОИ МАРДУМ Ё КОРНОМАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР СОЛИ 2024 БО РАҚАМҲО
18 ноябр 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН