НУҚРАИ ЗАБОНИ МОДАРӢ

07 июл 2025, Душанбе
22
Мо – писарону духтарони тоза аз кӯҳистон ба шаҳри Душанбе омадаро дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Квотаи президентӣ ҷамъ овард. Мебоист баъди хатм омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик мешудем. Ҳеҷ аз ёд намеравад, ки омӯзгори ғамхор ва ҳамабин Нуқра Ёраҳмадова бо муҳаббати тасвирнопазир руҳи забони модариро дар ҷони мо дамид. Бешак, ӯ дилсӯзтарин фарди ин миллат аст, ки барои ҳифзи забони тоҷикӣ хастагинопазирона мубориза мебарад. Ҳамин руҳи мубориз, оташин ва пурэъҷозро дар кӯтоҳтарин фурсат ба мо ҳам бахшид.
Моро аз ду фан дарс мегуфт, яке забони адабии ҳозираи тоҷик ва дигаре пунктуатсия. Дар дарси пунктуатсия тарзи истифодаи аломатҳои китобатро омӯзонд. Ин дарси дар назар сода, ончунон боаҳамият шуд, ки дигар мо будему ҷустани ҷои гузоштани вергул, мо будему пайдо кардани ҷои тиреву нимтире, нохунаку аломати савол. Кор ба ҷое расид, ки баъзе аз ҳамсабақони моро барои ҷобаҷогузориву мураттабсозии ҳуҷҷатҳои факултет ва ҳатто Донишгоҳ мебурданд, зеро мо мавқеи аломатҳои китобат ва тарзи дурусти пур кардани ҳуҷҷатҳоро омӯхта будем.
Аввалин вазифаи хонагӣ, ки пеш аз ин ҳеҷ гоҳ касе ба мо нафармуда буд, хоҳ савора, хоҳ пиёда бошем, ҷуста, ёфта ва дар дафтари алоҳида қайд кардани хатоҳои овезаҳои тарғиботӣ, номҳои тарабхонаву ошхонаҳои шаҳр буданд. Ин вазифа барои мо бисёр аҷиб ва масъулиятбахш буд, зеро ҳама кам ё беш худро масъули Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ҳис карда, бо ифтихори беинтиҳо кори “нозириро” идома медодем.
Дар дарси оянда хатоҳои мо ёфтаро баррасӣ мекард. Фикри “нозирон”-и ҷавони забонро бо табассум гӯш медод. Аз он шогирдонаш завқ ва салиқаи ҷустани камбудиҳоро ёфтаанд, нақд дар вуҷудашон ташаккул меёбад, кӯдаквор шод мешуд. Нуқра Ёраҳмадова, ин бонуи резапайкари хурдҷусса, пайкараи сӯзони забони модариро мемонд. Тасаввур кунед, ки ӯ тани танҳо то куҷо муқаддас будани забоне, ки шабу рӯз бо он суҳбат менамоему гап задан бо он як амали муқаррариро мемонад, ба мо фаҳмонд. Ба мо омӯзонд, ки нозу шӯхии ноҷо бо забони модарӣ моро ба нобудӣ мерасонад. Маълум мешуд, ки ин модар танҳо дар вақти дарс гуфтан не, балки дар зиндагӣ ҳам ҳамин гуна сахтгиру сахтгапу сахтфармон аст. Наздиктарин касони худро, ки ба забони тоҷикӣ - порсӣ беэътиноӣ мекунанд, намебахшад ва ҳатман бо суханҳои тунде “сила” мекунад.
Азизон медонанд, ки дар ДБЗХТ ба номи Сотим Улуғзода бештар аз 11 забонро меомӯзанд, аз ҷумла забон ва адабиёти тоҷикӣ ва форсиро ҳам. Мо ростӣ, дар марҳалаи аввали таҳсил ҳис кардем, ки таваҷҷуҳ ба забони тоҷикӣ дар макони худ камранг аст ва ҳама ҳавасманди забонҳои хориҷиянд.
Шӯрбахтона, кам-кам мо ҳам бовар мекардем, ки об дар ҳован мекӯбем. Вале Нуқра Ёраҳмадова чун Офтоб абрҳои тираву хираи андешаҳои моро меронд ва бовар мебахшид, ки касе, ки забони модарии худро медонад, сарфарозтарин одами ин миллат аст. Бештар вазифа мефармуд, ки акнун барномаҳои телевизионӣ, сурудҳо, филмҳо ва тарҷумаи силсилафилмҳои туркиро бо назари интиқод омӯзед.
Мо бо ҳамин бовар забони модарии худро дӯст доштем, дар ҳар куҷо барои покизагии он садо баланд кардем, дар рӯзномаву ҳафтаномаҳои гуногун мақолаҳои шогирдона навишта, дар дифои забон камар бастем.
Имрӯз мо ҳама сари кору масъулиятҳои гуногун ҳастем, дар ҳуҷҷатгузорӣ ва корҳои идора бебокем, аммо Нуқраи забони модарӣ бемор аст, дар остонаи 88-солагист. Чор ҳамсабақи дерин ба зиёраташ рафтем, бо ранҷ, бо чашмҳои ашкбор ва хастаи зери айнакбуда мепурсид: “Ҳоло ҳам камбудиву хатоҳои овезаҳои шаҳрро мебинед, мекобед ё “одамони калон” шудеду забонро фаромӯш кардед?”
Дар дили мо як олами андеша ба шӯру исён омад, ин садоқат ва муҳаббати беинтиҳо дар ҷону ҷаҳони як зан нисбат ба забони модарӣ аз куҷост? Ва муҳимтар аз ин, чаро модари омӯзгор посдори забони худ бошаду мо – фарзандонаш не?
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 03.07.2025 №: 130