МУҚАДДАС НАБИЕВА

ШАРОРАИ ХОТИРАҲО
Зери ин рубрикаи нав аз ҳаёт ва фаъолияти ҳунармандони шинохта, ки имрӯз дар миёни мо нестанд, маълумоти мухтасар медиҳем. Чун номи рубрика ба суруди машҳури Муқаддас Набиева рабт дорад, бинобар ин, хостем дар навбати аввал ҳаёту фаъолияти ин ҳунарманди маҳбубро дигарбора бозтоб намоем.
Ин овозхони маҳбуб, ҳарчанд умри зиёд надид, дар як муддати кӯтоҳ тавонист бо овози маҳину таронаҳои дилнишинаш дар дили миллионҳо нафар ҷой гирад. Дар 27-солагӣ ба унвони Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон мушарраф гашт. Ӯ бо садояш, бо ҳунараш сарҳадҳоро убур кард. Ба Осиёву Аврупо сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, эстрадаи тоҷикро бо сабку услуби нав муаррифӣ намуд. Овозхони шаҳири Шарқ Аҳмад Зоҳири зиндаёд, ҳатто, мафтуни овозу ҳунари волои Муқаддас Набиева шуда буд ва мехост бо ӯ дуэт бисарояд.
Муқаддас Набиева 7-уми январи соли 1950 дар ноҳияи Фархор ба дунё омада, мактаби миёнаро дар шаҳри Душанбе хатм кардааст. Як сол дар Донишкадаи кишоварзӣ таҳсил мекунад. Чун мебинад, ки кишоварзӣ шуғли вай нест, онро тарк намуда, ҳамон сол ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дохил мешавад. Соли 1972 онро ба итмом расонда, дар мактаби ибтидоии варзишии ноҳияи Фархор ба ҳайси мураббӣ ба кор шуруъ менамояд. Муқаддас, дар баробари мураббигӣ, ба дастаи ҳаваскорони санъати хонаи маданияти Фархор пайваста, дар ҷашну чорабиниҳои гуногун ҳунарнамоӣ мекунад.
Соли 1973 нахустин бор Озмуни эҷодиёти халқ – “Бӯстон” баргузор гардид ва Муқаддас Набиева дар он суруди «Республикаи ман»-ро бо маҳорати воло иҷро кард. Роҳбари ансамбли эстрадии «Гулшан» Орифшо Орифов истеъдоди нотакрори ӯро дида, ба ҳайси яккахон ба кор даъват намуд.
Муқаддас Набиева соли 1974 ба «Гулшан» пайваст ва дар ин ансамбл роҳи наву сабки хоси сурудхониро кушод. Сурудҳои ӯ бо форамию салосат ва зарбу оҳанги дилнишинашон базудӣ дар дили шунавандагон ҷо гирифтанд. Масалан, суруди «Ситораи ман» ба Муқаддас шуҳрати зиёде овард ва ҳатто, Мирзо Турсунзода ӯро падарвор «ситораи ман» мегуфт.
Баҳодур Неъматов, замоне ки ба «Гулшан» даъват шуд, нахуст якҷо бо Муқаддас Набиева овозхонӣ кард. Яке аз таронаҳои иҷронамудаи ишон "Шаб ба хайр" аст, ки зуд вирди забонҳо шуд. Баҳодур Неъматов мегӯяд, ки Муқаддас Набиева тавонист дар умри кӯтоҳаш омезиши овозхонии мардумӣ бо сабки эстрадиро бо маҳорати олиаш ба дараҷаи баланд барорад.
Муқаддас Набиева, дар баробари таронаҳои тоҷикӣ, бо забонҳои русӣ, арманӣ, туркӣ, қирғизӣ низ суруд хонда, дар сартосари кишвари паҳновари Иттиҳоди Шуравӣ шуҳратёр гардид. Теъдоди сурудҳояш ба 50 мерасад ва то имрӯз маҳбубияташонро аз даст надодаанд.
30-юми сентябри соли 1979 Муқаддас Набиева дар 29-солагӣ ба таври фоҷиавӣ аз дунё даргузашт.
Ӯ аз худ як писар боқӣ гузошта буд, ки дар театри «Аҳорун» ҳамроҳи хоҳараш Сабоҳат Қосимова кор мекард. Мутаассифона, соли 2010 писараш низ ба таври фоҷиавӣ ҳалок гардид ва имрӯз дар паҳлуи модараш хоб аст.
Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 04.07.2025 №: 131
