ШОМИ ШАНБЕ

07 июл 2025, Душанбе
41
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ФИЛВОРДИ «ФУТБОЛ»
Дар ин филворд ном ё насаби футболбозони шинохтаи олам ҷой гирифтаанд. Тибқи қоидаи ҳалли филворд, шумо бояд аз чап ба рост, аз рост ба чап, аз боло ба поён ва аз поён ба боло ҳаракат карда, онҳоро пайдо намоед.
Таҳиягар Ш. АБДУЛЛОҲ
ҶАВОБ БА ФИЛВОРДИ «ҲОЛЛИВУД»:
1. Зендая 2. Дензел 3. Мортенсен 4. Снайпс 5. Дэй-Люис 6. Дуглас 7. Ривз 8. Лоуренс 9. Бейтс 10. Стрип 11. Валс 12. Уиллис 13. Нисон 14. Олдман 15. Дэвис 16. Стэтҳэм 17. Ҳепбёрн 18. Пегг 19. Круз 20. Буллок 21. Ҳэтэуэй 22. Йоҳанссон 23. Рейнолдс 24. Лайвли 25. Робби
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82
Масъули рубрика Ш. ШОКИР
ИНСУЛИН
Муъҷизаи 100 сол пеш дар «ҳуҷраи марг»
Соли 1922 дар яке аз шуъбаҳои беморхонаи Торонто кӯдаконе мехобидаанд, ки ба марг тан додаву аз зиндагӣ умед надоштанд. Онҳо аз кетоатсидози диабетикӣ, як мушкилии шадиди метаболикии диабети қанд, азият мекашиданд...
Худи ҳамон сол, дар ҳамин “ҳуҷраи марг” олимони Донишгоҳи Торонто бори аввал ба беморон гузарондани доруи навихтироъ – инсулинро таҷриба карданд. Вақте ба кӯдакон инсулин гузаронданд, яке паси дигаре аз ҳолати кома берун шуда, аз марг наҷот ёфтанд.
Ихтирои инсулин ба доктор Фредерик Бантинг тааллуқ дошта, ба ин хотир, ҳар сол дар рӯзи мавлуди ин олими соҳа – 14-уми ноябр – Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди диабети қанд таҷлил мешавад. Ин дар ҳолест, ки айни замон табобати бемории диабети қанд як чизи муқаррарӣ дониста мешавад, аммо зиёда аз 100 сол пеш наҷоти гирифторони ин беморӣ мисли муъҷиза буд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
15 ҒОРИ ҶОЛИБТАРИН ДАР ҶАҲОН
3. МАҒОРАҲОИ МАРМАРӢ (MARBLE CAVE), ЧИЛИ
Ғори Мармар яке аз зеботарин мавзеъҳои табиии сайёра аст. Он ёдгории миллии Чили буда, дар соҳили ғарбии кӯли пиряхҳои генерал Каррера дар Патагония ҷойгир аст. Дар маркази он ҷазираи бекас воқеъ аст, ки гӯё болои оби булӯр овезон бошад.
Дар дохили ин пораи замин ғорҳое мавҷуданд, ки ба лабиринтҳои аҷибе монанданд. Ба назар чунин мерасад, ки онҳоро рассоми боистеъдоде тасвир кардааст. Чунин шаклгирии ғорҳо дар тули зиёда аз 6000 сол бо таъсири об ва шамол ба вуҷуд омадаанд.
Ғори мармар як ёдгории беназири ҷаҳон аст, ки дар дили бинанда осори фаромӯшнашаванда мегузорад, зеро, ғорҳо махсусан ҳангоми субҳгоҳон, вақте ки нурҳои Офтоб дар оби кабуди кӯл нурпошӣ карда, дар санг акс меёбанд, ниҳоят зебову диққатҷалбкунанда мешаванд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
АЗ СЕРКОРӢ ТО БЕКОРӢ
РОБОТҲО БА МАҲРУМ ШУДАНИ ОДАМОН АЗ ҶОЙИ КОР ТАҲДИД МЕКУНАНД
Бонки швейтсарии UBS миқдори миёнаи соатҳои кории ҳафтаинаро дар шаҳрҳои бузурги ҷаҳон ҳисоб кард. Тавре «The Telegraph» иттилоъ додааст, аз ҳама камтар сокинони Париж кор мекунанд. Ба ҳисоби миёна ҳафтаи кории онҳо 30 соатро дар бар мегирад.
Ҳафтаи дарози корӣ дар Ҳонконг ба қайд гирифта шуд. Дар ин шаҳр одамон ҳафтае тақрибан 50 соат меҳнат мекунанд.
Олимон тахмин мекунанд, ки то соли 2045 нисфи аҳолии кураи Замин эҳтимол тамоман аз ҷойи кор маҳрум шаванд, зеро то он замон роботҳои тараққикарда метавонанд пурра амалҳои инсонро иҷро намоянд.
Таҳияи Кароматулло АТО
АЗ ҲИКМАТҲОИ КОНФУТСИЙ
Накукорӣ дӯст доштани мардум аст.
Аз он ки мансаби баланд надорӣ, дар ташвиш мабош. Сари иҷрои масъулияти хеш андеша кун.
Нисбат ба худ сахтгир будан, бешубҳа, худро аз ниятҳои бад эмин нигоҳ доштан аст.
Ташвишҳо ба зудӣ пайдо хоҳанд шуд, агар шахс дар фикри нақшаҳои дарозмуҳлат бошад.
Ман вақте ба ҳалқаи шахсони дигар мепайвандам, ки он ҷо касе бошад, то аз ӯ чизе омӯхта тавонам.
Фароҳамсоз Кароматулло АТО
ПӮЧОҚИ ТУХМРО ЗИНҲОР НАПАРТОЕД
* Одатан, пас аз ҷӯшондан ё бирён кардани тухми мурғ, пӯчоқи онро мепартоянд. Ин кори хатост, зеро пӯчоқи тухм на камтар аз худи он нафъ дорад. Инак, чанде аз манфиатҳои он:
* Ба хӯроки кӯдакони то сесола, ки дар ин давра бофтаҳои устухонашон ташаккул меёбад, илова кардани хокаи пӯчоқи тухм муфид аст. Он, ҳамчунин, воситаи хуби пешгирӣ аз бемориҳои камхунӣ, чиллаашӯр (рахит) ва диатез мебошад. Ба тифли аз 6-моҳа то 1-сола хокаро ба андозаи нӯги корд, аз 1 то 3-сола ду маротиба зиёдтар медиҳанд.
* Барои он ки мӯй ва нохунатон ҳамеша зебо бошад, ҳар ҳафта камаш сеяки қошуқча хокаи пӯчоқи тухмро бо 2 ғелаки (капсулаи) равғани моҳӣ истеъмол намоед.
Таҳияи Кароматулло АТО
ЗАКОВАТИ ЗАН
Марде канори чоҳ зани зебоеро дида пурсид:
– Зиракии занон дар чист?
Зан доду фарёд бардошт ва мардумро фаро хонд. Марди ваҳшатзада пурсид:
– Чаро чунин мекунӣ? Ман, ки қасди азият намудани туро надоштам, дидам хонуми зебо ва муҳтараме ҳастӣ, хостам аз ту суоле кунам.
Дар ин ҳангом қабл аз он ки мардум бирасанд, зан сатили обе аз чоҳ берун овард ва бар сари худ рехт.
Мард бо тааҷҷуб пурсид:
– Чаро чунин кардӣ?
Зан ба мардуме, ки барои ёрӣ расида буданд, хитоб кард:
– Эй мардум, ман дар чоҳ афтида будам ва ин мард маро наҷот дод.
Мардум аз он мард ташаккур карданд ва ба роҳи худ шуданд. Зан ин ҳангом ба мард гуфт:
– Ин аст зиракии занон. Агар азияташон кунӣ, туро ба коми марг мекашанд ва агар эҳтиромашон намоӣ, хушбахтат мекунанд.
Таҳияи Кароматулло АТО
ВАРЗИШГАРОНИ МУВАФФАҚИ ОЛАМ
ТЕДДИ РИНЕР
Тедди Ринер, ҷудокори фаронсавӣ, ки дар вазни +100 кило қувваозмоӣ мекунад, серҷоизатарин варзишгар дар таърихи ҷудо мебошад. Ӯ қаҳрамони панҷкаратаи олимпӣ (мусобиқаҳои инфиродӣ 2012, 2016, 2024, мусобиқоти дастаӣ 2020, 2024), 12 карат қаҳрамони ҷаҳон, қаҳрамони панҷкаратаи Аврупо аст. Қадаш 204 см ва вазнаш тақрибан 150 кг мебошад. Ринер бори нахуст соли 2007 дар Рио-де-Жанейро дар синни 18 солу 5-моҳагӣ миёни калонсолон қаҳрамони ҷаҳон шуда, ҷавонтарин қаҳрамони ҷаҳон дар таърихи ҷудо байни мардон гардид. Дар сатҳи калонсолон, солҳои 2009-2024, ҳамагӣ чаҳор бохт дорад. Дар тули беш аз 9 сол, аз соли 2011 то соли 2019, мағлуб нашудааст ва дар ин давра 157 ғалабаи пайиҳам ба даст овардааст.
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО
ҲАСУД
Аз Арасту пурсиданд:
- Чаро ҳасудон ҳамеша ғам-гину хиратабъанд?
Гуфт:
- Чунки онҳо нафақат аз ноко-миҳои худ, балки аз комёбиҳои дигарон низ, ғамгин мешаванд.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНОВ
НАВИШТА НАМЕТАВОНАМ...
Камбағалбачае аз роҳиби мадраса дархост кард:
- Хӯрдание надорам, бароям коре диҳед.
- Биё дар мадраса котиб шав, - гуфт роҳиб.
- Навишта наметавонам.
- Набошад, ман ду доллар дорам, як долларашро ба ту медиҳам.
Ҷавон пулро гирифту бо як доллар 1 қуттӣ сигор харида, онро ба ду доллар фурӯхту 4 қуттӣ харид. Сипас, он 4 қуттиро фурӯхта, 8 қуттӣ харид. Баъдтар дукон, мағоза кушоду мошин харид. Молики киштӣ, тайёра ва коргоҳи истихроҷи маъдан шуд.
Рӯзе ин миллиондори ҷавон аз назди мағозае мегузашт ва чашмаш ба шаддаи марҷоне аз алмос афтод ва хост онро барои ҳамсараш бихарад.
- Арзиши шадда чанд аст?
- 3 миллион доллар.
- Хуб, - гӯён аз ҷайб пулҳои 100-долларӣ бароварда, шумурдан гирифт.
Фурӯшанда гуфт:
- Ҷаноб, метавонед чек нависед?
- Навишта наметавонам.
- Магар ин имкон дорад?
- Агар навишта метавонистам, алъон котиби мадраса будам.
Таҳияи Умар АЛӢ
БОЗӢ БА ХОТИРИ СУЛҲ
Футболбози машҳур, ҳамлагари тими миллии Португалия Кристиан Роналдо ба Президенти ИМА Доналд Трамп пероҳани футболиашро бо соядаст туҳфа кард.
Пероҳанро раиси Шурои Аврупо Антонио Коста зимни саммити G7, ки 15-17-уми июн дар Канада доир гашт, ба Доналд Трамп тақдим намуд.
Футболбози 40-сола дар пероҳан навиштааст: "Ба Президент Доналд Трамп! Барои сулҳ бозӣ мекунем".
Чанде пеш дар ҳайати тими миллии Португалия Роналдо ғолиби Лигаи миллатҳои Аврупо дар мавсими 2024/2025 гардид.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
TOYOTA
Серхаридортарин автомобилҳои олам
Ширкати TOYOTA, ки яке аз маъруфтарин ширкатҳои автомобилсозии ҷаҳон мебошад, соли 1937 аз ҷониби Киитиро Тоёда таъсис ёфтааст.
Бояд гуфт, ки автомобилҳои ин ширкат дар олам серхаридортарин буда, тақрибан ба 170 давлати ҷаҳон содир мешаванд. Фоидаи софи он аз фурӯш ҳар сол тақрибан 18 миллиард доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Тавре гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир ширкат 90 навъи мошинҳоро истеҳсол мекунад, ки Toyоta Land Cruiser, Toyota Camri, Toyota Corolla, Toyota Rav 4, Tayota Avalon аз тамғаҳои машҳуртарин ба ҳисоб мераванд.
Таҳияи Далер ИБРОҲИМЗОДА
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
Артур Уортон аввалин футболбози сиёҳпӯстест, ки соли 1885 дар ҳайати клуби англисии «Дарлингтон» ба майдон баромадааст.
* * *
Ладислав Кубала ягона футболбозест, ки дар ҳайати се тими миллии гуногуни зери сарпарастии ФИФА: Аргентина, Испания ва Колумбия бозӣ кардааст.
* * *
Ҳуштак дар футбол бори аввал 10-уми июли соли 1878 зимни бозие, ки дар Лондон баргузор шуд ва онро пулис доварӣ мекард, истифода гардид. Ҳангоми бозӣ байни футболбозон ҷанҷоле ба миён омад, ба ин хотир, довар зуд садои ҳуштакро баланд кард, ки ин боиси хотима ёфтани моҷаро шуд.
Аз русӣ тарҷимаи
Иброҳими САЙФУЛЛО
ПАНҶ ДОНИШГОҲИ БУЗУРГТАРИНИ ОЛАМ
2. ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ
БАНГЛАДЕШ
Донишгоҳи миллии Бангладеш дар радабандии бонуфузтарин донишгоҳҳо мақоми дуюмро касб кардааст. Ин муассисаи олии таълимӣ соли 1992 бунёд гардида, ҳоло зиёда аз 30 факултет дорад. Шумораи донишҷӯён 2 миллиону 100 ҳазор нафар аст. Дар ин боргоҳ, қариб аз тамоми давлатҳои дунё донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Таҳияи З. ҚУТБИДДИН
ҚОМУЗ
Қомуз сози тории қирғизӣ буда, дастаи дарозаш ба танаи косахонаи мурудшакли он пайваст мебошад. Қомуз 3 тор дошта, тори якуму сеюм ба тарзи унисон (ҳамовоз) ва тори мобайн бо фосилаи кварта ё квинта ҷур мешавад.
Дар қомуз мусиқии ду ё сеовозаро навохтан имконпазир аст ва, ҳамчунин, ҷурнавозӣ (аккомпанемент)-и начандон мураккаб низ дорад. Онро бо ангуштон менавозанд. Қомуз дар ҳайати оркестри созҳои халқии қирғизӣ яке аз созҳои асосӣ ба шумор рафта, баъзан вазифаи якканавозиро низ адо мекунад. Дар фарҳанги халқҳои дигари турктабор низ сози мусиқии шабеҳи қомуз вуҷуд дорад.
Таҳияи Шодмон АБДУРАҲИМ
ОДАМИРО АХЛОҚАШ ЗЕБО МЕКУНАД
Устод аз шогирдон пурсид:
- Чӣ инсонро зебо мекунад?
- Чашмони дурушт, қади баланд, пӯсти сафеду шаффоф, - шунида шуд аз толор.
Устод ду косаро канори шогирдон гузошт ва гуфт:
- Ба ин ду коса нигоҳ кунед. Яке аз тилло дуруст шудааст ва дар дарунаш заҳр аст. Дуюмӣ косаи гилӣ буда, дохилаш оби гуворост. Шумо аз кадом коса менӯшед?
Шогирдон бо як овоз ҷавоб доданд: “Аз косаи гилӣ!”
Устод гуфт:
- Замоне ки ҳақиқати дохили косаҳоро дар назар гирифтед, зоҳири онҳо бароятон беаҳамият шуд. Одамӣ ҳам мисли ин косаҳост. Он чи ки одамиро зебо мекунад, зоти дарун ва ахлоқи хубаш аст.
Таҳияи Умаралӣ САФАРАЛӢ
ВАРЗИШҲОИ ҒАЙРИОДӢ
ШОҲМОТБОКС
Шоҳмотбокс як намуди варзиши гибридӣ аст, ки шоҳмот ва боксро муттаҳид мекунад. Ҳар як раунд дар байни бозиҳои шоҳмотбозии босуръат ва мусобиқаҳои шадиди бокс мегузарад.
Мусобиқа аз 11 давр иборат аст. Рақамҳои тоқ бозии шоҳмот мебошанд ва рақамҳои ҷуфт бокс дар ринг, ки 3 дақиқа давом мекунанд. Байни даврҳо 1 дақиқа танаффус дода мешавад, то ки варзишгарон барқарор шаванд. Вақти барои тамоми қисмати шоҳмот ҷудошуда аз 12 дақиқа зиёд нест ва як бозӣ камтар аз 4 дақиқа давом мекунад.
Иштирокчӣ бо панҷ роҳ метавонад пирӯз шавад: нокаут дар бокс, вақте ки яке аз ҳарифон наметавонад муборизаро идома диҳад; мат дар шоҳмот; нокаути техникӣ (мубориз бозии шоҳмотро давом дода наметавонад); пирӯзӣ дар муҳориба; ниҳоят, ғалаба ба даст меояд, агар вақти ҳариф барои бозии шоҳмот (12 дақиқа) тамом шавад.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
Санаи нашр: 04.07.2025 №: 131