МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ. БЛОГЕРҲО БАРОИ ДИФОЪ МУТТАҲИД МЕШАВАНД
“Зиёд будани истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, аммо холӣ будани фазои иттилоотӣ аз маълумоти саҳеҳ нигаронкунанда аст. Бояд фаъолияти ҳар як истифодабарандаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои пешрафти давлату миллат, пос доштани арзишҳои миллӣ, тарғиби сиёсати башардӯстонаи давлат равона бошад, чун шабакаҳои иҷтимоӣ сиёсатсоз ва тафаккурсозанд”.
Бо чунин суханҳо Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Форуми ҷавононро дар мавзуи “Дарёфти роҳҳо ва абзорҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиатҳои миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдорию давлатсозӣ” ҳусни оғоз бахшид. Форум 26 апрели соли равон дар толори КВД БА "Амонатбонк" баргузор гашт, ки дар он намояндагони ҷавони вазорату идораҳо, ВАО ва блогерони кишвар ширкат варзиданд.
Абдулло Раҳмонзода иброз дошт, ки истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон ба 4,2 миллион мерасад ва бо назардошти зиёд гардидани аҳамияти шабакаҳои иҷтимоӣ ва нақши истифодабарандагони он дар рушди давлату ҷомеа зарурати зиёд намудани чорабиниҳо ҷиҳати фаҳмондани истифодаи дуруст ва оқилонаи онҳо ба миён омадааст. Шабакаҳои иҷтимоӣ на танҳо бо мақсади муошират, балки барои пешбурди тиҷорат, инчунин, паҳн кардани иттилооти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим истифода мешаванд.
Ҳабибулло Амирбекзода, муовини якуми раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз дошт, ки барои пешрафти соҳаи сайёҳӣ минбаъд бо блогерон ҳамкориро густариш бояд бахшид, зеро барои пешрафти соҳа имиҷ сохтан хеле муҳим аст ва фаъолияти ҳар як блогер дар он зоҳир мегардад. Инчунин, Кумита озмуни «Беҳтарин блогер"-ро ҷиҳати ҳавасмандгардонии онҳо ва тарғиби мавзеъҳои сайёҳӣ баргузор хоҳад кард.
Зубайдулло Давлатов, намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, посдории фазои иттилоотии кишварро аз масоили муҳим дониста, гуфт, ки фазои иттилоотӣ чун сарҳади давлатӣ қадр дорад ва он бояд муҳофизат шавад. Блогерон бошанд, дар он нақши бузург доранд ва дар ташаккули ҳар як шахс нақш мебозанд, зеро дар ҷомеаи имрӯза мақоми шоиста касб кардаанд ва аудиторияи худро доранд.
Бахтиёр Маҷидов ба фаъолият пардохтани Ассотсиатсияи блогеронро эълон дошта, гуфт ки ҳоло 50 блогер дар он сабти ном шуда, мақсад ҳифзи ҳуқуқ ва пешрафти кори блогерон аст.
Бо тасдиқи ин суханҳо Зафар Раҳимзода, намояндаи Вазорати корҳои дохилӣ, изҳор дошт, ки маҳз тавассути Ассотсиатсия блогерон метавонанд раванди фаъолияти ҳуҷҷатнигории худро қонунӣ намуда, аз ҳуқуқҳои муаллифии худ ҳимоя кунанд.
Рӯзноманигорону блогерон низ, дар ин радиф андеша ва пешниҳодҳои худро баён намуданд. Аз ҷумла, Ҷасур Абдуллоев, журналисти Агентии иттилоотии “Азия плюс” пешниҳод намуд, ки барои блогерон Кодекси ахлоқ таҳия шуда, як шурои доимоамалкунанда таъсис ёбад. Ин ба пешрафти кори блогерон ва ҳамкории зичи онҳо мусоидат хоҳад кард.
Диловар Сафаров, блогери тоҷик низ, иброз дошт, ки фаъолияти як ҷаласаи доимоамалкунанда барои блогерони ватанӣ айни мудаост.
Рафаэл Гулов, блогери ҷавон, оид ба муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар тавассути блогерон гуфт, ки мо бо аудиторияи худ имконияти муаррифии ҷойҳои таърихию сайёҳиро дорем. Робитаи Кумитаи рушди сайёҳӣ бо блогерон бошад, ин равандро метезонад.
Дар идомаи Форум бо мақсади бозгӯйи имкониятҳои сайёҳии кишвар рӯзҳои 27-29 апрели соли равон намояндагони ҷавони вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалӣ, ВАО ва блогерон аз мавзеъҳои сайёҳиву таърихӣ ва дастовардҳои ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва Гулистон шинос хоҳанд шуд.
Дилноза ҲУКМАТУЛЛОЕВА,
Латифабону РУСТАМЗОДА,
“Ҷумҳурият”