КОР ДАР ХОРИҶА. ИМКОНИЯТҲО ФАРОГИР МЕШАВАНД

09 июл 2025, Чоршанбе
45
Ба иттилои Агентии ба кор таъминкунӣ дар хориҷа дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, имрӯзҳо 15 кишвари хориҷӣ, аз ҷумла Олмон, Қатар, Арабистони Саудӣ, Корея, Россия, Арманистон, барои ҷалби коргарон аз Тоҷикистон дархост фиристода, маоши муносиб ва ҷойи хобу хӯроки гарм ваъда доданд.
Ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, барои онҳое, ки хоҳиши кор дар хориҷро доранд, пеш аз ҳама, донистани забони кишвари иқомат дар сатҳи муошират мебошад. Инчунин, ба дорандагони тахассуси вижа, аз ҷумла кафшергари барқӣ, сохтмончӣ, ошпазҳо, ҳамшираи шафқат, маоши баланд пешбинӣ гардидааст. Дар маҷмуъ, аксари ширкатҳои хориҷӣ барои ҷалби коргарон аз Тоҷикистон аз 600 то 2000 доллари ИМА маош, ҷойи хоб ва се вақт хӯрок ваъда додаанд. Дарёфти даромадҳо ва ё корҳои дигари муносиб аз фаъолияти худи коргарон дар ин кишварҳо вобаста аст.
Меҳринисо Муҳаммадаминова, омӯзгори забони куриёӣ, гуфт, ки марҳалаи аввали сафарбарии коргарон баъди итмоми курси омӯзиш ба Куриёи Ҷанубӣ оғоз ёфтааст.
– Аз 31 кас 27 нафар тавонист аз имтиҳони кафшергарӣ ва забони куриёӣ гузарад. Онҳо ҳоло дар раванди гирифтани раводид ва чиптаи парвоз қарор доранд. Барои онҳое, ки мехоҳанд ба кишварҳои гуногун рафта, ба осонӣ кор бо маоши баланду шароити хуб пайдо намоянд, курсҳои омӯзиши боз шудаанд, – изҳор дошт Меҳринисо Абдуҷабборова.
Ба иттилои масъулони Вазорат, имсол нисбат ба соли гузашта дархости давлатҳо барои ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон хеле зиёд гардидааст ва ин раванд дар натиҷаи фаъолияти хубу устуворонаи коргарони ҷалбшуда боз рӯ ба афзоиш хоҳад овард. Зеро кори натиҷаовар ва бетаъхири коргарони тоҷик дар кишварҳои номбурда, корфармоёнро барои дарёфти қувваи кории зиёдтар аз Тоҷикистон бештар ҳавасманд намудааст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 08.07.2025 №: 132