ҚИРҒИЗУ ТОҶИК ДУ ЁРИ БАОР
Қиргизу тоҷик аз аҳди қадим
Дӯсту ҳамсоя буданду шафиқ;
Хайрхоҳи ҳамдигар аз дӯстӣ,
Меҳрубони ҳамдигар ҳамчун рафиқ.
Ташнагӣ бишкаста аз як коса об,
Карда қисмат байни ҳам як пора нон,
Бо муросо, бо мадоро зистанд
Дар бари як кӯҳу як рӯди равон.
Қирғизу тоҷик ду ёри баор!
Хайрхоҳу некбину дӯстдор!
Қирғизу тоҷик бо ҳам зиндаанд,
Бо бақои ҳамдигар пояндаанд.
Байни Турсунзодаву Чингиз буд,
Дӯстӣ чун рамзи некӣ бегазанд.
Монда мерос аз бузургони ду халқ,
Қиссаҳову ҳикмату андарзу панд.
Ин ду миллат дӯстдори ҳамдигар
Зиста бо ҳам чунон ширу шакар,
Зиста дар олами бе мутакко
Ҳамканору муттакои ҳамдигар.
Қирғизу тоҷик ду ёри баор!
Хайрхоҳу некбину дӯстдор!
Қирғизу тоҷик бо ҳам зиндаанд,
Бо бақои ҳамдигар пояндаанд.
Ин ҷаҳон зебо бувад бо дӯстӣ,
Ин ҷаҳон бо дӯстӣ поянда аст.
Дӯстии тоҷику қирғиз кунун
Раҳнамои рӯшани оянда аст.
Қирғизу тоҷик ду ёри баор!
Хайрхоҳу некбину дӯстдор!
Қирғизу тоҷик бо ҳам зиндаанд,
Бо бақои ҳамдигар пояндаанд.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 09.07.2025 №: 133
