САЙЁҲӢ. НАВОВАРИҲО ЧӢ ТАВР ТАТБИҚ МЕШАВАНД?

10 июл 2025, Панҷшанбе
25
Таҷрибаи бисёр кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки дар сурати амалисозии тағйироти муайян дар шаҳру минтақаҳо, сайёҳӣ ба яке аз бахшҳои таъминкунандаи рушди босуръати иқтисодиёт табдил меёбад. Калиди муваффақият дар ин кори муҳиму фоиданок – ҷорӣ намудани навовариҳои рақамӣ ҷиҳати таъмини сифати баланди хизматрасониҳо ба сайёҳон ва сатҳи беҳтари бехатариву бароҳатии онҳо мебошад.
НАВОВАРИҲО ДАР САЙЁҲӢ
Ба навовариҳо дар сайёҳӣ сайрҳои мавзуӣ, хатсайрҳои нави сайёҳӣ бо истифода аз дастовардҳои техникӣ, илмӣ, технологияҳои IT, роҳбаладҳои сайёҳии GPS, рамзҳои QR, маркетинг ва менеҷмент дохил мешаванд, ки афзоиши даромадро таъмин намуда, имиҷи сайёҳии кишвар ва минтақаро беҳтар мекунанд, инчунин, ба рушди иҷтимоиву иқтисодӣ суръат мебахшанд.
Коршиносони соҳа дар асоси таҳлилҳо муайян намудаанд, ки навовариҳо дар соҳаи сайёҳӣ ба беҳтар кардани робита бо истеъмолкунанда ва аксаран барои қонеъ гардондани дархосту хоҳишҳои муштариён нигаронда шуда, аз омилҳои муҳимтарини татбиқи инноватсияҳо мебошад. Дараҷаи рушди инноватсионии соҳаи сайёҳиро омилҳои ба монанди бозор, сатҳи таҳсилот ва тахассуси кадрҳо, рушди инфрасохтор ва сатҳи ҳамкории мақомоти марказиву маҳаллӣ, инчунин, ҷомеаи тиҷоратии соҳаи сайёҳӣ ва ба он марбут муайян мекунанд.
ДАР ТОҶИКИСТОН КАДОМ НАВОВАРИҲОИ РАҚАМӢ ҲАСТАНД?
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рақамикунонии иқтисоди мамлакат ва гузаштани соҳаи сайёҳӣ ба низоми рақамӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор тадбирҳо амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, ба роҳ мондани портали интернетии traveltajikistan.tj ва замимаи мобилии Tour.tj барои пешбурди пешниҳодҳо ва хизматрасониҳои сайёҳӣ баҳри осон кардани дарёфти маълумоту хизматрасониҳо пешбинӣ шудаанд. Портали миллии сайёҳӣ пайвандҳоро бо ширкатҳои сайёҳии хориҷӣ, ширкатҳои ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои дигари дар Тоҷикистон ба фаъолияти сайёҳӣ машғулбуда ва доираи васеи шабакаҳои иҷтимоӣ таъмин менамояд. Платформаи рақамии сайёҳии Tour.tj низоми фармоишдиҳии бастаҳои сайёҳии ширкатҳои сайёҳии ватаниро ба ҳам овардааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ, нишон додани иқтидори сайёҳии мамлакат, муаррифии мероси таърихиву фарҳангӣ ва табиати нотакрор аксҳои ҷолиби шаҳри Душанберо дар харитаҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳонӣ, аз қабили GoogleMap, YandexMap ва OSM ҷойгир кард. Сайёҳон ҳангоми ҷустуҷӯи шаҳри Душанбе дар харитаҳои рақамӣ метавонанд тавассути аксҳо аз зебоиҳои пойтахти Тоҷикистон дидан намоянд. Чанде пеш дар Кумитаи рушди сайёҳӣ барномаи 3D-и «Аҷинатеппа» муаррифӣ шуд. Акнун сайёҳон имкон доранд, ки дар бораи ин мавзеи таърихӣ ба воситаи барномаи 3D маълумот гиранд.
Ҳамзамон, аз ҷониби Кумита барномаи Tourist Map Tajikistan замимаи мобилии офлайн барои сайёҳони хориҷиву дохилӣ пешбинӣ шудааст. Tourist Map Tajikistan тамоми маълумоти заруриро дар бораи маконҳои сайёҳӣ, аз ҷумла меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо дар Тоҷикистон, пешниҳод менамояд. Барномаи мобилии мазкур бидуни пайваст шудан ба шабакаи интернет фаъол мебошад. Барнома тавассути Google Pley ва App Store ба телефонҳо пайваст карда мешавад.
БОЗ КАДОМ НАВОВАРИҲО АМАЛӢ МЕШАВАНД?
Албатта, ин қадамҳои аввалин дар самти татбиқи иқтисодиёти рақамӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошад ва минбаъд низ навовариҳои рақамӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки ба рушди соҳа ва баланд бардоштани рақобатпазирии он равона шудаанд, ҷорӣ карда мешаванд. Имрӯз мафҳуми «шаҳри ҳушманд» дар маркази Тоҷикистон – шаҳри Душанбе фаъолона ташаккул меёбад. Ин барои беҳтар намудани ҳамлу нақл, хизматрасониҳои бонкӣ, бехатарӣ ва самаранокии умумӣ ба сайёҳону меҳмонон шароити қулай ва муфидро фароҳам меорад. Ва ниҳоят, бе интернети баландсуръат наметавон ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ расид, бинобар ин, ҷиҳати гузариш то шабакаҳои 5G инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, ташаккули соҳибкории рақамӣ ва савдои электронӣ, омодасозии кадрҳои зарурӣ диққати муҳим дода мешавад. Дар минтақаҳо низ инфрасохтор ва хизматрасониҳо бо навовариҳои замонавӣ пайваст мешаванд, ки намунаҳои онро, аллакай, имрӯз дида истодаем.
Бояд гуфт, ки замима ва барномаҳои нави мобилӣ ва дигар имкониятҳои зеҳни сунъӣ, ки имрӯз устуворона вориди ҳаёти инсон мешаванд, ба сайёҳии ватанӣ низ таъсири амиқи худро расонда, боиси пешравиҳо ва дигаргуниҳои куллӣ дар соҳа мегарданд. Умедворем, ки бо сармоягузории мақсадноку гузашти вақти муайян дигар хизматрасониҳои инноватсионӣ дар самти меҳмондорӣ пешниҳоди сайёҳону меҳмонони Тоҷикистон мегарданд.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 09.07.2025 №: 133