САЙЁҲӢ. СОҲАЕ, КИ ИҚТИСОД МЕСОЗАД!
Сайёҳӣ соҳаи афзалиятнок барои рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва рушди муназзами он бориз аст.
Сайёҳӣ барои аксари мамлакатҳои тараққиёфта ва рӯ ба тараққӣ сарчашмаи афзоиши даромад, рушди иқтисоди миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, манбаи ҷойҳои кор гаштааст.
Тавре маълум аст, дар шароити рақобати шадид дар бозори туристии ҷаҳонӣ, мамлакатҳои минтақа кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сайёҳонро ба манотиқи худ ҷалб намоянд. Дар ин ҷода, субъектҳои хизматрасони сайёҳии кишвари моро низ зарур аст, ки бо дарназардошти афзудани шавқи сайёҳон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Аврупо, Осиё, Амрико, Россия ба ҷумҳурӣ ва қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни онҳо маводи иттилоотӣ оид ба Тоҷикистон, армуғонҳо бо унсурҳои миллӣ, барномаҳо ва хатсайрҳои ҷолибро омода ва пешниҳод намоянд. Чун таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки муаррифии захираҳои туристӣ бо дарназардошти диққати махсус ба мундариҷа ва сифати иттилооти пешниҳодшаванда дар арсаи байналмилалӣ ифода меёбад. Дар ин раванд, субъектҳои хизматрасони туристӣ ва ҳунармандӣ бояд барои тарғибу ташвиқи захираҳо ва имкониятҳои туристии кишвар дар хориҷа, инчунин, барои иштироки фаъолона дар намоишгоҳҳои туристӣ ва ҳунармандӣ, ки майдони асосии тамоми мулоқоту гуфтушунидҳо ва дарёфти шарикони нави ҳамкор маҳсуб мешаванд, фаъолиятро ҷоннок намоянд.
Ба ақидаи коршиносон, қариб 60-70 дарсади туристон бо ибтикори худ ё тавсияи дӯстон ба кишвари мо ташриф меоранд. Дар сурати хуб меҳмондорӣ шудан ва таассуроти нек бардоштан, онҳо ҳатман дӯстону шиносонашонро барои сафар ба Тоҷикистон ҳидоят месозанд.
Ҳоло кишварҳое, ки бештар ба қабули туристон машғуланд, кӯшиш менамоянд, ки бо дипломатияи нарми фарҳангию сиёсӣ муносибатро ба кишварҳои содиркунандаи туристон роҳандозӣ намоянд.
Сиёсати дарҳои кушод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифтааст, инчунин тадбирҳое, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва мустаҳкам намудани имиҷи кишвар ҳамчун маркази баргузории чорабинӣ ва вохӯриҳои байналмилалии сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, дар маҷмуъ, ба тамоми намудҳои нишондиҳандаҳои туризм таъсири мусбат мерасонанд. Тоҷикистон бо захираҳои бойи обию энергетикӣ кишвари сарсабз ва хуррам аст ва метавонад ба як мамлакати пешрафтаи сайёҳии экологӣ мубаддал гардад. Заминаи татбиқи ин гуфтаҳо ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба обу иқлим ва ҷонибдории онҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
Тибқи маълумоти омор, соли 2024 соҳаи сайёҳӣ 10% иқтисоди ҷаҳонро ташкил дод. Шумораи умумии коргарон дар соҳаи дахлдор дар саросари ҷаҳон ба 357 миллион нафар расид. Ҳамин тариқ, тақрибан аз ҳар 10 ҷойи кор 1 ҷой дар саросари ҷаҳон ба бахши сайёҳӣ рост меояд.
Коршиносони байналмилалии сайёҳӣ, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат “Нақшаи рушди устувори сайёҳии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”-ро таҳия намудаанд, чунин арзёбӣ менамоянд, ки бахши сайёҳӣ тақрибан 20000 ҷойи кор дорад ва 1% шумораи умумии шуғл дар Тоҷикистонро ташкил медиҳад. 70 дарсади ҷойҳои корӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар Душанбе мутамарказ шудаанд. Шумораи умумии кормандон дар бахши хизматрасонӣ 732400 нафарро ташкил медиҳад, ки 16400 нафараш дар меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо кор мекунанд.
Рушди сайёҳӣ, дар маҷмуъ, метавонад ба пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар, хусусан соҳибкории хурду миёна, ташкили ҷойҳои нави кор таъсири назаррас расонда, ба баланд бардоштани обрӯю эътибори давлат дар арсаи байналмилалӣ, ҳисси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, инчунин, суботи иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат намояд.
Абдукарим ҚУРБОНЗОД, мутахассиси Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи нашр: 10.07.2025 №: 134
