БОЙМУҲАММАД НИЁЗОВ

11 июл 2025, Ҷумъа
17


««Шашмақом» мероси ниёгон аст. Мероси ниёгони тоҷикон ва тоҷикистониён. Он аз 263 асар иборат аст. Ҳамин 263 асарро ман ҳангоме ки дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев кор мекардам, аз ёд карда будам. Лекин базудӣ не, тули сездаҳ сол. Ҳоло ман ҳамаи ин асарҳоро азёд медонам».
Ин суханони нафарест, ки умри худро сарфи омӯзиш ва тарғиби мусиқии классикии тоҷик – “Шашмақом” намудааст.
Боймуҳаммад Ниёзов, Ҳунарпе-шаи халқии Тоҷикистон ва шинохтатарин сарояндаи шашмақом, 27-уми сентябри 1927 дар деҳаи Марғзораки шаҳри Хуҷанд чашм ба олам кушод.
Ӯ санъати навозандагӣ ва сарояндагиро аз падараш Ниёзмуҳаммад Ҳоҷиматов омӯхтааст. Аз 15-солагӣ дар омӯзишгоҳи мусиқии Ленинобод таҳсил намуда, муддате дар Театри тамошобинони ҷавон ва колхози зодгоҳаш фаъолият мекунад. Ҳамзамон, узви дастаи ҳаваскорони санъат буд ва худро аз мусиқӣ канор намегирифт. Соли 1955 ба Театри давлатии мазҳакавию мусиқавии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Хуҷанд ба кор даромада, чандин нақш офаридааст. Вақте ба Душанбе омад, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард. Аз устодон Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов маҳорати мақомхонӣ омӯхт.
Аввалин сурудҳои сароидаи Боймуҳаммад Ниёзов “То кай” (Камоли Хуҷандӣ), “Баски таманнои ту” (Махфӣ), “Доғи таманнои ту”, “Эй ҷони ман асират”, “Гуфтему гуфтем”, “Бар лаби дарё биё”, “Лаби нӯш” ва суруди ӯзбекии “Кокилинг” (Каримӣ) мебошанд.
– Оҳангҳои эҷодкардаи Боймуҳаммад Ниёзов бештар мардумӣ буданд ва дар хотироти миллати тоҷик бо садои танинандозаш нақш бастаанд. Ӯ лаҳни тоҷикӣ дошт, аз дил месуруд ва ба дилҳо зуд маскан мегирифт. Барои ҳамин, халқ он касро қабул кард ва имрӯз ҳам аз эшон ба некӣ ёд меоранду сурудҳояшро гӯш мекунанд. То миллати тоҷик ҳаст, шашмақоми Боймуҳаммад Ниёзов ҳифз мешавад ва фарҳанги маънипарвари моро дар ҷаҳон муаррифӣ менамояд, – мегӯяд Ҷӯрабек Муродов.
Баъдтар, Боймуҳаммад Ниёзов ба ансамбли «Шашмақом»-и Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор меравад ва то ба нафақа баромадан, дар он кор мекунад. Баъди ба нафақа рафтан, устод ба шаҳри Хуҷанд баргашта, ансамбли “Нури Хуҷанд”-ро таъсис дод. Он ҷо ҳам пайи эҷоди оҳангҳои нав мешавад.
Хулоса, ҳаёт ва фаъолияти Боймуҳаммад Ниёзов, аслан, ба омӯзишу эҳёи мусиқии классикии тоҷик – «Шашмақом» бахшида шуда буд. Ӯ ҳам навозандаи хуб, ҳам хонандаи хуб ва ҳам донандаи хуби шашмақом буд. Ғайр аз ин, устод унвони профессорӣ дошт ва дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва факултети ҳунарҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба ҳайси омӯзгори асосҳои «Шашмақом» низ ифои вазифа намудааст.
Мактаби мусиқии бачагонаи шаҳри Хуҷанд, ки соли 1965 ифтитоҳ шудааст, имрӯз номи Боймуҳаммад Ниёзовро дорад. Дар ин даргоҳ наврасони аз 10-сола боло маҳорати навозандагӣ, санъати рақс, сурудхонӣ ва дигар нозукиҳои санъатро меомӯзанд. Дар Қалъаи Хуҷанд хона-музейи Боймуҳаммад Ниёзов ҷойгир аст, ки зиндагиву фаъолияти ин ҳунарманди хушовозро бозтоб менамояд.
Ногуфта намонад, ки суруди машҳури "Ай ҷони ман асират" бар ғазали Мушфиқиро, ки имрӯз дар иҷрои дигар сарояндагон мешунавем, оҳанги Боймуҳаммад Ниёзов буда, ӯ ин сурудро соли 1950 дар Театри ба номи Пушкини шаҳри Хуҷанд месарояд ва баъдтар онро дар радио сабт мекунад.
Имрӯз фарзандаш Шарифҷон Ниёзов ва наберааш Таҳмина Ниёзова идомабахши пешаи ӯ мебошанд.
Боймуҳаммад Ниёзов 1-уми феврали соли 2009 дар синни 82-солагӣ дар шаҳри Хуҷанд аз олам даргузашт.
Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 11.07.2025 №: 135