ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
![]()
ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ
Ифтитоҳи маҷмааи фарҳангию фароғатӣ
11-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистон ба фаъолияти маҷмааи фарҳангию фароғатии «Боғистон» оғоз бахшиданд.
Иншооти фарҳангӣ ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфта, баъд аз ба фаъолият пардохтани он, 32 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин мешавад. Масоҳати маҷмаа 8 ҳазор метри мураббаъ буда, аз як ошёна ва таҳхона иборат аст. Он дорои китобхонаи замонавӣ бо 5 ҳазор адабиёти ҷаҳонии муосир, классик ва бачагона, коргоҳи пойафзолбарорӣ бо иқтидори истеҳсолии 20 ҳазор ҷуфт дар як сол, кошонаи ҳусн, толори варзиш, ҳуҷраҳои кории мактаби варзишӣ, хонаи бахт, тарабхона бо 150 ҷойи нишаст ва иншооти ёрирасон мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ба фаъолият пардохтани онро барои таъмини инфрасохтор дар бахшҳои алоҳида неку муассир арзёбӣ намуданд.
Қобили зикр аст, ки бинои маҷмааи «Боғистон» бо тарҳ ва усулҳои хоси меъмории миллӣ бунёд гашта, ба яке аз маконҳои хуби сайругашти сокинону меҳмонон табдил ёфтааст. Саҳн ва атрофи бино сабзкорӣ буда, барои истироҳати сокинон суҳбаткадаву айвонҳои муосир бунёд гардидааст. Коргоҳи истеҳсоли пойафзол дар асоси барномаи рушди саноатикунонии кишвар рӯи даст гирифта шуда, тамоми таҷҳизоти насбгардида, истеҳсоли насли нав мебошад ва неруи барқро сарфа мекунад.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳоло иқтидори истеҳсолии коргоҳ 20 ҳазор ҷуфт дар як сол буда, бо назардошти зиёд гардидани талабот, ҳаҷми истеҳсол афзоиш ва теъдоди коргарон низ бамаротиб зиёд мешавад.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз китобхонаи маҷмаа дидан карда, бо шароити кории он шинос шуданд. Дар китобхонаи электронии ин махзани илм 2 ҳазор адабиёт маҳфуз буда, барои дӯстдорони каломи бадеъ имконияти мусоиди хондану омӯзиш муҳайё шудааст. Гӯшаҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – Ватани азизи ман”, қисмҳои алоҳидаи китобхонаро ташкил медиҳад, ки бо адабиёти зарурӣ муҷаҳҳаз аст.
Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавияти варзиш, дар маҷмаа Муассисаи давлатии «Мактаби варзиш»-и ноҳия бо инфрасохтори зарурӣ фаъолият менамояд. Ҳамчунин, толори варзиш барои бозиҳои тенниси рӯи миз, гӯштин, вазнбардорӣ ва бозиҳои шашкаву шоҳмот пешбинӣ шудааст. Ҷавонону варзишгарон барои ин иқдоми роҳбарияти олии кишвар изҳори сипос намуданд. Хонаи ақди нигоҳ ва кошонаи ҳусн аз имкониятҳои алоҳидаи маҷмаа аст, ки бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Тарабхонаи миллии маҷмаа дорои 150 ҷойи нишаст буда, барои гузарондани чорабинҳои гуногун айни муддаост. Тарҳ ва намои тарабхона сирф миллӣ буда, бо санъати баланди меъмории муосир ҳаккокӣ шудааст. Дар ҳамин ҷо Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 80 ятим ва тарбиятгирандаи мактаб-интернатҳои ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ мулоқот карда, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.
Мавриди зикр аст, ки чун аънана Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як сафари кориашон аз ҳолу аҳволи ятимон бохабар гардида, нисбат ба ин қишри ҷомеа ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Аз ҷониби Президенти мамлкат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари оростани дастархони пурнозу неъмат ба наврасону ҷавонон, ки бо амри тақдир аз навозиши падару модар бенасиб мондаанд, маҷмуи сарулибос ва ёрии молиявӣ тақдим шуд. Ин ҳолат хушҳолию фараҳи кӯдаконро афзун намуд.
Ятимон бо шодию нишот аз дасти Роҳбари инсондӯст туҳфаҳои арзишманд гирифтанд. Кӯдакон аз он изҳори хушҳолӣ мекунанд, ки ҳамеша таҳти ғамхорию дастгириҳои Сарвари маҳбуби миллат қарор доранд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо наврасону ҷавонони ятим ва тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳои ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба таҳсили хубу аъло, омӯхтани касбу ҳунар, забонҳои хориҷӣ ва кор бо технологияҳои муосир ҳидоят намуданд. Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохтанд, ки Ҳукумати кишвар ҳамеша ба қишри ниёзманди ҷомеа, бахусус ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуд, таваҷҷуҳи ҳамаҷониба равона месозад.
Оғози сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент
11-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералӣ бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабии «Нилуфар»-ро мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи навбунёд сеошёна буда, барои ба тарбияи томактабӣ фаро гирифтани 300 кӯдак бунёд ёфт. Иншооти мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ бунёд ёфта, дорои имкониятҳои хуби таълиму тарбия мебошад. Синфхонаи машғулиятҳои амалӣ, хобгоҳ, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои Муассиса мувофиқи завқи кӯдакон бо таҷҳизоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии «Нилуфар» дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ туҳфаи хуб дониста шуд ва сокинони шаҳри Панҷакент самимияту миннатдории хоси худро ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва ташкили фазои мусоиди таълим баҳои баланд дода, барои дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани фарзандон ба масъулон дастуру супоришҳо доданд.
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №115
11-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №115-ро ифтитоҳ намуданд.
Иншооти соҳаи маориф бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ташаккули зеҳну тафаккури хонандагон ва рушди соҳаи маориф бунёд ёфт.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот барои ба таҳсил фаро гирифтани 800 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дар он 36 омӯзгори соҳибтахассус бо кор таъмин гашт.
Бинои таълимӣ дорои 21 синфхонаи муҷаҳҳаз, ҳуҷраҳои корӣ, толори фарҳанг бо 63 ҷойи нишаст, китобхона, ошхона, толору майдончаи варзиш ва ҳуҷраҳои ёрирасон буда, ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ сохта шудааст. Кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ ва дигар шароити мусоиди таълиму тадрис ба ташаккули дониши муҳассилин мусоидат менамояд.
Раванди таълим дар асоси барномаҳои давлатии таълимии соҳавӣ бо забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ, ба роҳ монда мешавад. Қабули хонандагон ба муассиса бо роҳи санҷиш ва баҳогузории донишу маҳорат сурат мегирад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро вазифадор намуданд, ки сатҳу сифати таълиму тарбияро мунтазам назорат баранд, омӯзгоронро пайваста ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб карда, барои таълифи дастурҳои дарсии мутобиқ ба воқеияти миллию ҷаҳонӣ иқдом намоянд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ ба фаъолияти як қатор иншоот, аз ҷумла муассисаи таълимии томактабӣ дар деҳаи Сӯҷина барои 120 кӯдак, бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Косатарош барои 520 хонанда дар ду баст, синфхонаҳои иловагӣ дар деҳоти Сор барои 120 хонанда, бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар маркази шаҳр бо 63 ҷойи корӣ, бинои раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар деҳоти Саразм, бинои Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ ва меҳмонхонаи «Фаризи» дорои 60 ҳуҷра дар маркази шаҳри Панҷакентро ифтитоҳ намуданд.
Ифтитоҳи беморхонаи минтақавӣ дар деҳоти Лоиқ Шералӣ
11-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералӣ бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд.
Беморхонаи минтақавӣ бо ҳадафи амалисозии сиёсати иҷтимоии Роҳбари давлат барои беҳсозии сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ бо тарҳи муосир сохта шуда, имкон дорад, то ба 25 ҳазор аҳолии деҳоти Лоиқ Шералӣ, чор деҳоти гирду атроф, сокинони ноҳияҳои Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ хизмат расонад. Сохтмони иншоот бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд се сол қабл оғоз гардида, дар ҷараёни корҳои бунёди ин иншоот 200 сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гашт. Бино аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, шуъбаҳои бемориҳои амрозӣ дарунӣ, ҷарроҳӣ, асабшиносӣ, таваллудхона, касалиҳои кӯдакона, озмоишгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои ташхисию табобатии он бо 100 кати хоб ва дастгоҳу таҷҳизоти ҳозиразамон таъмин мебошад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои иҷрошуда баҳои баланд дода, масъулонро доир ба таъмини босифати сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва тарбияи ҷавонони соҳибихтисосу ботаҷриба вазифадор намуданд. Бунёди дегхона ва пайваст намудани бино бо системаи гармидиҳӣ имкон фароҳам месозад, ки хизматрасонӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ба беморон бемушкилӣ сурат гирад. Аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шуъбаи ёрии таъҷилии беморхонаи минтақавӣ як мошини хизматӣ тақдим гардид.
Пас аз шиносоӣ бо шароити беморхона, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, ба тариқи видеоӣ 5 иншооти нави тандурустӣ: филиали Муассисаи давлатии «Маркази стоматологӣ дар маркази шаҳри Панҷакент», се маркази саломатӣ дар деҳаҳои Равот, Кӯҳдоман, Шӯрнова ва бинои иловагӣ барои беморони Муассисаи давлатии «Беморхонаи пӯст ва зуҳравӣ дар деҳоти ба номи Лоиқ Шералӣ»-ро ифтитоҳ бахшиданд. Ҳамаи онҳо ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми сокинону соҳибкорон, дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бунёд шуда, дорои шароити хуби хизматрасонӣ мебошанд.
Ифтитоҳи корхонаи шифер дар деҳоти Сӯҷина
11-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷина корхонаи истеҳсоли шифери Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Салмон-Бинокор»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он шинос шуданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкор Баҳодур Насриддинзода бунёд гашта, дар он 30 сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардид. Шифери истеҳсолкардаи корхонаи «Салмон-Бинокор» сифати баланд дошта, дар гармӣ ва сардӣ тобовар мебошад ва барои солҳои зиёд истифода намудани он кафолат дода мешавад.
Дар ин ҷо раванди қабул ва омехтакунии ашёи хом тавассути дастгоҳҳои махсус сурат гирифта, пас аз ин, дар хатти дигари технологӣ корҳои қолабмонӣ ва омодасозии маҳсулоти тайёр анҷом меёбанд. Ҳамин тавр, коргарону мутахассисон имкон доранд, ки тавассути технологияҳои муосир дар як шабонарӯз аз 4000 то 4500 шифер истеҳсол кунанд. Соҳибкор, бо истифода аз имтиёзу сабукиҳои пешбинишуда, дар шафати ҳамин иншоот, ҳамзамон, корхонаи нави истеҳсоли регу шағал бунёд намуд, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он зиёда аз 20 сокини деҳаи Сӯҷина бо кор таъмин мешавад.
Ҳоло дар ин қисмат корҳои васлу насби таҷҳизот идома дошта, дар ояндаи наздик корхона фаъолиятро бо иқтидори 120 тонна маҳсулоти тайёр дар як соат оғоз менамояд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо корхонаи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли маҳсулоти бетонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Чинор-сой», корхонаи оҳакбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Корхонаи муштараки Зарафшон», коргоҳи пойафзол, пули мошингузари деҳаи Қумоқ бо дарозии 48 метр, системаи обтаъминкунии шаҳри Панҷакент, шабакаи оби нӯшокии деҳоти Саразм ва хатти оби полизӣ дар деҳоти Лоиқ Шералиро ба тариқи видеоӣ ифтитоҳ намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо ба таври видеоӣ корхонаи дигари саноатӣ, ки дар деҳаи Чинор ҷойгир аст, мавриди истифода қарор доданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон аз намоиши маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳри Панҷакент дидан намуданд. Дар намоишгоҳ маҳсулоти корхонаи муштараки Зарафшон, аз қабили тилло, нуқра, хокаи мис, миси катодӣ, маҳсулоти сохтмонӣ, хӯрокворӣ, сарулибоси мактабӣ, маҳсулоти ширӣ ва нӯшокиҳои ташнагишикан, муаррифӣ шуд. Ҳоло корхонаҳои саноатии шаҳри Панҷакент 43 номгӯи маҳсулот истеҳсол менамоянд, ки дар баробари таъмини талаботи бозори дохилӣ содирот низ мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар панҷ моҳи соли равон корхонаҳои саноатӣ ба маблағи наздики 3 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта беш аз 518 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин ҳисоб, ҳамчунин, хизматрасонии пулакӣ шомил аст. Моҳҳои январ-июли соли 2025 бо ҳадафи рушди соҳа, таъмини рақобатпазирии маҳсулот ва бо кор таъмин намудани сокинон, дар марказ ва деҳоти шаҳри Панҷакент 13 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифт ва то охири ҳамин сол боз ҳафт корхонаи нави саноатӣ бунёд мегардад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорону шарикони рушдро дар самти бунёди коргоҳу корхонаҳои муосир ва саҳм гузоштан дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, намуна хонда, барои пешрафти соҳа ва таъмини рақобатпазирии маҳсулот ба масъулон дастуру тавсияҳо доданд.
Боздид аз гармхонаи Моғиён-Агро
11-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти гармхонаи Моғиён-Агро ба деҳоти Халифа Ҳасан ташриф оварданд.
Гармхона дар заминаи роҳнамоиҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкор Муродқул Юсуфов бунёд шуда, аз лиҳози усули кишт, парвариш, ба даст овардани ҳосили фаровон ва таъмини ғановати бозори истеъмолӣ намунаи хуби истифодаи замин аст. Масоҳати гармхона як гектарро ташкил намуда, дар он помидору қаланфури булғорӣ, қулфинай, лимӯ, гулкарам, бодиринг ва дигар навъи сабзавот бо шакли муосир парвариш мешавад. Хатҳои технологӣ тарҳи Корея ва истеҳсоли кишвари Чин буда, обёрии сабзавот бо усули қатрагӣ сурат мегирад. Ин раванд бо коҳиши то чор маротибаи талабот ба оби полизӣ аз ҳолатҳои пешина тафовут мекунад.
Агротехникаи кишту парвариши сабзавот аз ҷониби 23 сокини маҳаллӣ мутобиқ ба талабот сурат мегирад. Ба даст овардани то 50 тонна маҳсулот дар як сол таҷрибаи аҳли заҳматро дар соҳаи кишоварзӣ бозгӯ мекунад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба талошҳои созандаи соҳибкор баҳои баланд дода, барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои иловагии кор ва таъмини бозори истеъмолӣ бо сабзавоти аз лиҳози экологӣ безарар тавсияҳо доданд. Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ дидан намуданд. Хоҷагидорон бо ибрози хушҳолӣ аз истифодаи имтиёзу дастгириҳои давлат намунаи олии зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла донагиҳо, полизиҳо ва меваю сабзавотро ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ намуданд. Масоҳати заминҳои кишоварзӣ дар шаҳри Панҷакент 11 ҳазор гектарро дар бар гирифта, хоҷагидорон бо истифода аз шароит ва иқлими мусоид ҳамасола ба гирифтани ҳосили хуб дастёб мешаванд. Ҳамҷи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар панҷ моҳи соли ҷорӣ наздик ба 120 миллион сомониро ташкил дода, афзоиш дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 16,1 фоиз аст.
Масъалаҳои ташкили гармхона ва таъмини доимии сокинон бо сабзавот дар шаҳри Панҷакент зери таваҷҷуҳи махсус қарор дорад. Бунёди 85 гармхона дар соли 2024 шумораи гармхонаҳои шаҳри Панҷакентро ба 110-то расонд. Ғановати бозори истеъмолӣ ба фаъолияти сардхонаҳо низ вобастагии амиқ дорад. Дар 27 сардхонаи шаҳри Панҷакент имкони нигоҳдории 5386 тонна меваю сабзавот мебошад. Майдони боғу токзор 3439 гектарро ташкил дода, ин нишондод дар ҳоли афзоиш аст. 19 пойгоҳи обкашӣ дар шаҳри Панҷакент барои васеъсозии майдони боғҳо ва ба рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат менамояд.
Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент
11-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баъди ифтитоҳи як қатор иншоот, дар маркази шаҳри Панҷакент бо роҳбарону фаъолон мулоқот намуданд.
Нахуст, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шаҳри бостонии Панҷакент барои истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуданд.
Дар фароварди сухан Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки сокинони сарбаланди шаҳри Панҷакент минбаъд низ бо сарҷамъиву муттаҳидӣ барои пешрафту ободии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми хешро дареғ намедоранд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ ноил мегарданд.
Ифтитоҳи маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯст
12-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Деваштич ташриф оварданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қалъаи Дӯсти деҳоти Ваҳдат бинои нави маркази саломатиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити кор ва хизматрасонӣ дар он шиносоӣ пайдо карданд. Бунёди бинои нави маркази саломатӣ аз моҳи июни соли 2024 оғоз гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 20 мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб шуд. Иншоот аз ҳисоби буҷети ноҳияи Деваштич, соҳибкорони маҳаллӣ ва иштироки фаъоли сокинон бо истифода аз маҳсулоти баландсифати ватанӣ бо харҷи 6,5 миллион сомонӣ бунёд ёфт. Бо эъмори бинои нав 12 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гашт. Бинои Маркази саломатӣ аз ду ошёна иборат буда, дорои 18 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла ҳуҷраҳои стоматологӣ, ташхиси ултрасадо, тибби оилавӣ, хатна, ҳуҷраи момодоя, иммунизатсия, озмоишгоҳ, ҳуҷраи муоина, сабти барқии дил ва 18 рахти хоби рӯзона мебошад, ки ҳамарӯза ба сокинон хизмат мерасонад. Иншооти нав барои хизмати муосири тиббӣ ба 1600 оила ва 6 ҳазору 780 сокини деҳаи Қалъаи Дӯст бо сатҳу сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир пешбинӣ мегардад. Масоҳати қитъаи замини маркази саломатӣ 27 садяк буда, масоҳати замини иншооти навбунёд 495 метри мураббаъ мебошад. Саҳни муассисаро гулҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан зинат бахшидаанд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар маркази нави саломатӣ шароиту имкониятҳои муосири кору хизматрасонӣ фароҳам аст. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табибон дастур доданд, ки ҳангоми ташхис ва табобати беморон масъулияти бештар дошта бошанд ва баҳри солимии ҷомеа саҳми арзанда гузоранд. Сокинони деҳаи Қалъаи Дӯст бунёди марказро аз ҷумлаи иқдомҳои роҳбарияти давлат дар самти татбиқи босамари сиёсати иҷтимоӣ ва туҳфаи арзанда ба ифтихори Ҷашни бузурги миллӣ – 35 солагии Истиқлоли давлатӣ меноманд.
Ифтитоҳи коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯ
12-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қалъаи Дӯсти деҳоти Ваҳдат коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд.
Иқтидори коргоҳ дар як моҳ истеҳсоли 5 ҳазору 200 пойафзол мебошад ва дар он пойафзоли кӯдакона, занона ва мардона истеҳсол мегардад. Коргоҳи нави истеҳсолӣ дар доираи иқдомҳои рушди саноат ва ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Раҳматулло Нуруллоев сохта шуд. Маҷмуи дастгоҳҳои пойафзолдӯзии коргоҳ, аз ҷумла дастгоҳҳои дӯзандагӣ, қолабгирӣ, бурандагӣ ва суфтакуниро аз хориҷи кишвар ворид ва насб карданд. Дар бунёди бинои коргоҳ ва муҷаҳҳазгардонии он бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир зиёда аз 3 миллион сомонӣ харҷ гардид. Дар коргоҳ ду хатти истеҳсолӣ фаъол аст. Дар қисми асосии он истеҳсоли пойафзол сурат мегирад. Қисмати бештари ашёи хоми коргоҳ, аз ҷумла чарм ва ришта, маҳсулоти ватанист. Корҳои лоиҳакашии коргоҳи истеҳсоли пойафзол ва маводи шустушӯ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и ноҳияи Деваштич аз моҳи марти соли 2025 оғоз ёфта, дар муддати кӯтоҳ ба анҷом расид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо имкониятҳои иқтидори нави саноатӣ, масъулонро вазифадор намуданд, ки коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватаниро ба роҳ монда, ба ин васила, дар таъмини некуаҳволии мардум саҳм гузоранд. Тибқи маълумот, дар коргоҳ пурра сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб шуданд. Роҳбарият барои омӯзиши кормандон мутахассисонро аз маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд, даъват намуда, курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ба роҳ монданд. Коргоҳи пойафзолдӯзӣ дар ноҳияи Деваштич метавонад дар таъмини талаботи аҳолӣ бо маҳсулоти худӣ ва дар самти рушди соҳаи саноат дар деҳот мусоидат намояд. Хатти дигари истеҳсолии коргоҳи навбунёд маводи шӯстушӯӣ мебарорад. Коргоҳ имкон дорад, ки дар як сол то 500 ҳазор дона собун истеҳсол намояд. Раванди истеҳсолотро масъулон аз мутахассисони давлатҳои хориҷӣ омӯхта, ашёи хомро низ дар ҳамин ҷо омода мекунанд. Истеҳсоли маводи шустушӯӣ бо истифода аз дастгоҳҳои замонавӣ сурат мегирад.
Дар қисми дигари ҳамин бино нонвой бунёд ёфта, чанд тан занони маҳаллӣ, ки ҳунари хуби нонпазӣ доранд, соҳиби ҷойи кор шуданд. Умуман, дар коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло» наздики 40 кас соҳиби кори доимӣ ва маоши хуб гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси сокинони ватандӯст ва ҳимматбаланди ноҳияи Деваштичро шоистаи таҳсин хонда, бунёди ин иншооти соҳаи саноатро омили рушди ноҳия ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум арзёбӣ намуданд.
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии «Ёсуман»
12-уми июл сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич бо ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии «Ёсуман» идома ёфт.
Коргоҳи мазкур дар деҳаи Басмандаи деҳоти Ваҳдат ҷойгир буда, дар майдони 420 метри мураббаъ қомат афрохта, барои 40 ҳунарманд ҷойи кор фароҳам сохт.
Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи истеҳсолӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Имомиддин Ғафуров бунёд гашт.
Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии «Ёсуман», асосан, барои дӯхтани либосҳои мактабӣ пешбинӣ шуда, дар асоси дархости мизоҷон либосҳои занона, мардона, варзишӣ ва ғайра омода месозад.
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ боиси хушҳолии занон ва ҷавондухтарони соҳибҳунари деҳаи Басманда гардид, ки то ин вақт дар хонаҳои худ ба чеварӣ машғул буданд.
Дар коргоҳ 10 таҷҳизоту дастгоҳи қолинбофӣ насбу васл карда шудааст. Дар ин гӯшаи коргоҳ аз ин ба баъд занони қолинбофи ноҳияи Деваштич фаъолият намуда, ин ҳунари қадимиро рушд хоҳанд дод.
Коргоҳ дар заминаи таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои суннатии мардумӣ, аз ҷумла қолинбофии дастӣ ва дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ” бунёд ёфт.
Таъсиси коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофӣ ба рушди ин ҳунарҳо ва бо кор таъмин намудани занону духтарони деҳа ва соҳиби даромад шудани онҳо замина фароҳам месозад.
Ашёи хом барои қолинбофӣ аз хориҷи кишвар дастрас шуда, коргоҳ маҳсулоти дар бозор рақобатпазир истеҳсол мекунад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ бо коргоҳ, ба фаъолият оғоз кардани онро муҳим арзёбӣ карда, дастур доданд, ки таваҷҷуҳи асосӣ ба сифати дӯхтани сарулибоси мактабӣ равона гардад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдому ташаббусҳои созандаи сокинони ноҳияи Деваштич, аз ҷумла соҳибкорони маҳаллӣ, дар самти рушди саноат ва ҳунар дар деҳот баҳои баланд дода, ба онҳо барору комёбӣ хостанд.
Ифтитоҳи бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич
12-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басманда панҷ кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзиш ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштичро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.
Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардиданд. Дар кӯдакистонҳо шароити мусоиди таълим барои омӯзиш, машғулият ва бозиҳои гуногуни амаливу зеҳнии кӯдакон фароҳам аст. Дар 5 кӯдакистон ва муассисаи таълимии томактабӣ дар деҳаҳои Ҳазорчашма, Нуробод, Росровут, Чӯянгарон ва Басманда зиёда аз 400 кӯдак ба машғулиятҳои шавқовару зеҳнӣ фаро гирифта шуда, дар онҳо беш аз 100 мураббӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳоло дар ноҳияи Деваштич зиёда аз 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дошта, дар ташаккули зеҳнии кӯдакон ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия мусоидат менамояд. Дар ҳамин ҷо бинои сеошёнаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 дар деҳаи Муҷун, ки барои 1000 хонанда дар ду баст пешбинӣ мешавад, ифтитоҳ гардид. Он бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда, аз 18 синфхонаи муосири таълимӣ бо дастгоҳу лавозимоти хониш иборат мебошад. Майдончаи варзиш ва таълимгоҳ барои гузарондани дарсҳои омодагии ибтидоии ҳарбӣ аз имкониятҳои дигари мактаб мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар ноҳияи Деваштич беш аз 78 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 41 454 хонанда фаъолият дорад. Инчунин, дар ин рӯз толори варзиш дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 дар маркази ноҳияи Деваштич ба фаъолият оғоз намуд. Иншооти варзиш дорои зиёда аз 250 ҷойи нишаст ва ҳуҷраҳои корию либосивазкунӣ мебошад. Ҷавонон имкон доранд, ки дар толори варзиш ба бозиҳои гуногун, аз ҷумла баскетбол, футболи хурд ва ғайра, машғул шаванд.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ҳудуди ноҳия 78 майдоначаи варзиш, 29 толори варзиш ва 1 маҷмааи варзиш фаъолият менамояд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич ба таври фосилавӣ бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикисонро ба истифода доданд. Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ аз ду ошёна, 8 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ барои 50 коргар иборат мебошад.
Бинои мазкур аз ҳисоби буҷети ноҳияи Деваштич, соҳибкорон ва аъзои фаъоли ҳизб бо тарҳи муосир сохта шудааст.
Дар иншоот барои пешбурди фаъолияти корӣ беҳтарин шароити корӣ фароҳам овардаанд.
Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон уҳдадор шуданд, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлатро сармашқи корӣ қарор дода, дар ободонӣ ва таҳкиму суботи кишвар саҳми муассир мегузоранд.
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти томактабии №6
12-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Басманда Муассисаи таҳсилоти томактабии №6-ро, ки «Фотима ва Зуҳро» номгузорӣ шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои кӯдакистони «Фотима ва Зуҳро» аз 2 ошёна иборат буда, сохтмонаш соли 2021 оғоз гардида, имсол ба поён расид. Муассисаи томактабӣ дар чор гурӯҳ 120 кӯдакро ба тарбия фаро мегирад. Дар ин иншооти соҳаи маориф наздики 30 омӯзгор бо ҷойи кор таъмин гардид. Кӯдакистон дорои шабакаи худии гармидиҳӣ мебошад. Барои ин дар ин ҷо дегхона ва ҳавзи нигаҳдории об низ бунёд ёфтааст. Дар ҳудуди Муассиса ду майдончаи бозӣ барои кӯдакон мавҷуд буда, ҳудуди он сабзкорӣ ва пурра чароғон мебошад. Муассисаи томактабӣ дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба муносибати Ҷашни бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва шахсони саховатпеша бо тарҳи замонавӣ қомат афрохт.
Баъди шиносоӣ бо иншооти тозабунёд, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, барои дар руҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ тарбия намудани хурдсолон, ки дар ин раванд зинаи аввали таҳсилот ва фаъолияти муассисаҳои томактабӣ муҳим мебошад, масъулинро вазифадор намуданд.
Муаррифии лоиҳаи заминҳои кишти картошкаи ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристон
12-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Басмандаи деҳоти Ваҳдат хатти оби полизиро бо се чоҳи амудӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Хатти оби полизӣ ба мавзеи Басманда аз масофаи беш аз 9 километр тавассути лӯлаи қутраш 400-миллиметра оварда шуд. Ба ин восита, масоҳати заминҳои обии саҳмдорони хоҷагии деҳқонии Ҳотам Қурбонов аз 375 гектар ба 800 гектар расид. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ин иқдом бо мақсади истифодаи пурсамару мақсадноки заминҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилояти Суғд амалӣ гардид. Ин раванд ба шодоб намудани заминҳои лалмӣ, ба гардиши кишоварзӣ даровардани қитъаҳои нав ва афзун намудани кишти картошка мусоидат хоҳад кард. Бо обёрии 500 гектар замини нави картошка дар ноҳияи Деваштич 1000 кас соҳиби кор шуд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони соҳа супориш доданд, ки бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда истеҳсоли картошка дар ноҳияи Деваштич то соли 2030 ба 500 ҳазор тонна ва то соли 2050 ба 1 миллион тонна расонда шавад. Ҳамчунин, дастур дода шуд, ки барои рушду пешрафти соҳаи картошкапарварӣ бо иштироки олимони соҳа дар хоҷагиҳои картошкапарварии ноҳияи Деваштич семинар-машварати ҷумҳуриявӣ доир гардад. Кишоварзони ноҳияи Деваштич бо роҳи аз худ кардани заминҳои нав ва обёрии заминҳои лалмӣ тавассути кандани чоҳҳои амудӣ масоҳати кишти картошкаро зиёд намуда, имсол онро нисбат ба дурнамои пешбинигардида ба бештар аз 800 гектар васеъ карданд.
Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи заминҳои нави ҳамин сол обёришуда дар ноҳияҳои Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Шаҳристонро, ки дар онҳо кишти картошка гузаронда шудааст, муаррифӣ намуданд. Таъкид гашт, ки ба ҳамин восита майдони кишти картошка дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ 1053 га, Деваштич 816 га ва Шаҳристон 501 га нисбат ба дурнамо зиёд шуд. Кишоварзони ин ноҳияҳои вилояти Суғд, дар баробари зиёд намудани дигар зироатҳои кишоварзӣ, ба кишт ва истеҳсоли картошка таваҷҷуҳи бештар медиҳанд. Ҳоло масоҳати кишти картошка дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба 29 716 гектар расидааст. Кишоварзони ноҳия ба ҳолати 1-уми июли соли равон 58 ҳазору 521 тонна картошка ҷамъ оварданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3000 тонна зиёд аст.
Зимни боздид аз қитъаи намоишии кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии Ҳотам Қурбонов ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ҳоло аз 12 навъи киштгардида дар ин ҷо 9 навъи он тухмиҳои ватанӣ буда, асосан, масоҳати бештари кишти картошкаро дар ноҳия навъҳои маҳаллӣ ташкил медиҳад. Ҳосилнокии картошка ба ҳисоби миёна аз 350 то 400-сентнерӣ буда, баъзе хоҷагиҳо то 650-700-сентнерӣ ҳосил мегиранд. Аз нашъунамои киштзори картошка аён аст, ки ҳосили имсола дар ноҳияи Деваштич нисбат ба соли сипаришуда фаровон аст. Хоҷагидорони ноҳия дар истеҳсолу таъмини хоҷагиҳои кишвар бо картошкаи тухмӣ саҳми назаррас доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо нашъунамои картошка дар хоҷагии деҳқонии Ҳотам Қурбонов, аз таҷрибаи заминдории саҳмдорон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Дар ҳамин ҷо, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладонагиҳо, сабзавоту полизӣ, картошка, меваҷот, хушкмеваҳо ва нону маҳсулоти нонӣ, дидан карданд, ки бозгӯи самараи кори садоқатмандонаи кишоварзони вилояти Суғд мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи сокинонро ба масъалаи истифодаи оқилонаи заминҳои корам, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, ҳарчи бештар обёрӣ кардани заминҳои лалмӣ, истеҳсоли тухмиҳои баландҳосил ва бо ин роҳ саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқаворӣ равона намуданд.
Ифтитоҳи корхонаи коркарди меваю сабзавот
13-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи коркарди меваю сабзавоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ДороАртФуд»-ро ба истифода доданд.
Корхонаи муосири саноатӣ аз ду хатти технологӣ иборат буда, иқтидораш дар як моҳ коркарди то 600 тонна меваю сабзавотро ташкил дода, дар як сол ба 7200 мерасад. Дар маҷмуъ, 28 намуди меваю сабзавот, аз ҷумла себ, нок, олуи сиёҳ, лимӯ, хуч, пиёз, сабзӣ, каду, қаланфур, карам ва намудҳои гуногуни кабудиро коркард ва аз он мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ маҳсулоти ғизоии содиротӣ истеҳсол менамояд. Маоши кормандони корхона аз 4300 сомонӣ боло мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди корхонаи нави саноатӣ ва коркарди ашёи хоми маҳаллиро то сатҳи ниҳоӣ намунаи амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръат арзёбӣ намуданд. Меваю сабзавот аз шаҳру ноҳияҳои кишвар ҷамъоварӣ ва дар ин корхона коркарду аз он 50 намуди маҳсулоти содиротӣ омода мешавад. Аз ҳама муҳим, корхонаи нав метавонад ҳосили то 1000 гектар заминро коркард ва аз он маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ тавлид намояд. Аз ҷониби дигар, тавассути коркард талафёбии маҳсулоти кишоварзӣ дар фаслҳои тобистону тирамоҳ пешгирӣ мегардад. Дар марҳалаи якум то 80 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуда, баъди ба фаъолият оғоз кардани марҳалаи дуюми корхона, ин теъдод то ба 300 коргар расонда хоҳад шуд.
Тибқи нақша, дар марҳалаи дуюми корхона бунёди сардхона, коргоҳи бастубанди меваю сабзавот, озмоишгоҳи замонавӣ барои омӯзиши таркиби хок ва дарахтони мевадиҳанда дар назар аст. Баъди таъсиси озмоишгоҳ, хоҷагиҳое, ки бо корхона ҳамкорӣ мекунанд, дар доираи таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот таркиби хок омӯхта шуда, барои баланд бардоштани ҳосилхезии замин тавсия ва маслиҳатҳои муфид дода мешавад.
Технологияи корхона аз Италия ва Чин ворид шудааст ва корхона имкон дорад, ки мувофиқ ба талаботи бозорҳои ҷаҳонӣ маҳсулоти ғизоӣ истеҳсол намояд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи коргаронро ба истифодаи бомавриди имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати кишвар, ҷалби сармоя, афзалият дар истифодаи технологияи муосир, коркарди ашёи хом то сатҳи ниҳоӣ ва рушди саноати миллӣ ҷалб намуданд.
Ифтитоҳи факултети рақами 4-уми Академияи ВКД
13-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои факултети №4-уми Академияи Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуданд.
Иншооти нави таълимӣ аз 6 ошёна, таҳхона, 12 синфхонаи барҳаво, маҷлисгоҳ бо 500 курсӣ, хобгоҳ бо 176 ҷои хоб ва ошхона иборат мебошад. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони дахлдори соҳа, омӯзгорон ва курсантонро барои истифодаи бамаврид аз имконияти фароҳамшуда ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони ояндаи милитсия вазифадор намуданд. Ҳудуди муассиса 7 гектарро ташкил медиҳад ва майдони васеъ оянда барои бунёди иншооти варзишӣ ва сабзкорӣ пешбинӣ шудааст.
Қаблан бо сабаби нарасидани синфхонаҳо ва набудани шароит раванди таълим дар дигар муассиса сурат мегирифт. Ғамхории Ҳукумати кишвар ва бунёди чунин бинои хуштарҳу замонавӣ имкон фароҳам овард, ки курсантон ва шунавандагони ин факултети Академияи ВКД дар шароити замонавӣ ба омӯзиш фаро гирифта шаванд. Бинои факултети №4-уми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанд тибқи лоиҳаи муосир бо маблағгузорӣ аз буҷети вилоятӣ сохта шуд. Бунёду навсозии иншооти гуногун ва мутобиқ ба талабот фароҳам овардани шароит ҷавононро ба таҳсили хуб ва хизмати содиқона ба нафъи давлату миллат водор менамояд. Дар саҳни муассиса мутобиқ ба талабот майдони сафороӣ ва гузарондани чорабиниҳои тантанавӣ бунёд гардид. Дар ҳамин ҷо намунаи тарҳи либосҳои низомӣ барои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пешниҳод гардид.
Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони бинои Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилӣ барои 500 хонанда ва хобгоҳ бо 260 ҷойи хоб муаррифӣ шуд. Муассисаи нави таълимӣ дорои 25 синфхона, маҷлисгоҳ бо 150 курсӣ, китобхона бо толори хониш, озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои таҷрибаомӯзӣ ва иншооти ёрирасон хоҳад буд.
Бинои хобгоҳ барои таълимгирандагон аз 3 ошёна иборат буда, дорои 85 ҳуҷра мебошад. Ҳамзамон, дар ҳудуди хобгоҳ бунёди ошхона барои 240 кас, толор ва майдончаи варзиш пешбинӣ мегардад.
Ифтитоҳи хатти нави корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии пенополистролӣ
13-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд корхонаю коргоҳҳои ҶДММ «Сирдарё»-ро ифтитоҳ намуданд.
Нахуст, корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии пенополистролӣ ба кор дароварда шуд. Корхонаи нав дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи соҳибкорони шаҳри Хуҷанд бунёду муҷаҳҳаз шудааст. Ширкати истеҳсоли масолеҳи сохтмонии пенополистролӣ бо бунёди иншооти истеҳсолию инфрасохтори соҳаи саноат дар масоҳати 0,31 гектар ва бо насби технологияи стандартҳои аврупоӣ таъсис ёфт.
Корхонаи нав баҳри иҷрои раҳнамоиҳои Сарвари давлат зимни боздид аз корхонаи коркарди меваю сабзавоти ширкати «Сирдарё» 2-юми июли соли 2020 аз тарафи соҳибкорони ватанӣ - бародарон Каримовҳо бунёд шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти корхона шинос шуда, саҳму иқдоми соҳибкорони ватанӣ ва мутахассисони ҷамъиятро дар роҳи татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумат шоиста арзёбӣ намуданд. Дар корхонаи навтаъсис истеҳсоли масолеҳи сохтмонии пенополистролӣ дар технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст. Ашёи хом – ғурӯшаҳои пенополистролӣ, мувофиқи шартномаҳои ҳамкорӣ аз Эрон ва Чин хариду таъмин мешавад. Иқтидори хатти технологӣ истеҳсоли то 150 метри мукааб маҳсулот мебошад. Дар корхона тавассути таҷҳизоти соҳавӣ истеҳсоли бепартов ба роҳ монда шудааст. Пасмондаи маҳсулот тавассути хатти алоҳида коркард гардида, аз он ғурӯша истеҳсол ва ба коркарди нав интиқол меёбад.
Соҳибкорону мутахассисони корхона нақша доранд, ҳамчунин, намудҳои ба истеҳсолоти пенополистрол мутобиқи партовҳои сахти маишӣ, чун пенопласт-пӯкро аз нав коркард намуда, аз он маҳсулот истеҳсол кунанд. Корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонии пенополистролӣ аз нахустин корхонаҳои ин соҳа буда, бунёди он дар таъмини талаботи бозори дохилӣ бо ин маҳсулот иқдоми муҳим мебошад.
Қаблан масолеҳи сохтмонии пенополистрол аз хориҷи кишвар ворид мешуд. Корхона иқтидор дорад, ки дар як моҳ аз 3 то 3,2 ҳазор метри мукааб ва дар 1 сол 40 ҳазор метри мукааб ин маҳсулоти сохтмониро истеҳсол ва ба бозор пешниҳод намояд. Дар корхонаи нав коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо кори доимии баландмузд таъмин гардидаанд.
Сипас, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо чор коргоҳи нави дигари ҶДММ «Сирдарё»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд. Ин коргоҳҳои сарпӯшҳои металлӣ, нӯшокиҳои ташнагишикан, коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли ях мебошад. Соҳибкорони Ҷамъият бо вориди хатти технологӣ аз хориҷи кишвар истеҳсоли сарпӯшҳои металлиро барои зарфҳои консерваи меваю сабзавот ба роҳ мондаанд. Дар таҷҳизот ду намуди маҳсулот: сарпӯшҳо барои зарфҳои шишагӣ ва зарфҳои твистофф истеҳсол мешаванд. Иқтидори коргоҳ истеҳсоли 50 ҳазор дона дар як рӯз ва то 1,5 миллион дона дар як моҳ сарпӯшҳои металлӣ буда, соҳибкорон дар таъмини талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ саҳм мегузоранд.
Сарпӯшҳои металлӣ барои зарфҳои маҳсулоти консервӣ ивазкунандаи воридот мебошанд. Сарпӯшҳои металлӣ барои зарфҳои шишагӣ дар ҷумҳурӣ давоми панҷ моҳи соли 2025 ба миқдори беш аз 282 тонна, ба маблағи 518 ҳазор доллар аз хориҷи кишвар ворид шуданд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ танҳо 2 корхона: ҶДММ «Кошона групп»-и шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ «Корхонаи босифат-Зубайд»-и шаҳри Душанбе ба истеҳсоли ин маҳсулот машғул буда, дар ҳар ду корхона якҷоя дар панҷ моҳи соли 2025 беш аз 6 миллион дона сарпӯшҳои металлӣ истеҳсол гардид.
Бо таъсиси корхонаву коргоҳҳои нав ҳиссаи “Сирдарё”, ки дар он истеҳсоли панҷ номгӯи нави маҳсулоти саноатӣ ба роҳ монда шудааст, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии шаҳри Хуҷанд боло меравад. Ин гуна иқдомҳои соҳибкорони ватанӣ собитгари он аст, ки бо таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, бо истифода аз дастгириҳои давлатии соҳибкорӣ ва фазои мусоиди сармоягузорӣ саҳми соҳибкорони ватанӣ дар рушди саноат, тиҷорату робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва рушду ободонии Ватан меафзояд.
Дар таъмини бозори дохилӣ бо сарпӯшҳои металлӣ ҳиссаи истеҳсоли ватанӣ 22,6 фоиз ва воридот 77,4 фоизро ташкил додааст. Аз ин рӯ, иқдоми соҳибкорони ҶДММ «Сирдарё»-и шаҳри Хуҷанд дар ин ҷода шоиста арзёбӣ гардид. Коргоҳи нӯшокиҳои ташнагишикан бо вориди ду хатти технологии истеҳсоли Чин ва Аврупо таъсис ёфт.
Нӯшокӣ дар хатти якуми технологӣ дар зарфҳои алюминӣ ва дар хатти дуюми технологӣ дар зарфҳои шишагӣ истеҳсол мегардад. Таҷҳизоти пешрафтаи давлатҳои Олмону Чин ва донишу маҳорати мутахассисон имкон медиҳад, ки маҳсулоти босифат ва мутобиқ ба стандартҳои баланд истеҳсол шавад. Дар коргоҳи нав нӯшокиҳои ташнагишикан бо таъми меваю сабзавот ва гиёҳу рустаниҳои шифобахш истеҳсол мешавад. Дар ширкати «Сирдарё» коргоҳи нави коркарди меваю сабзавот ба фаъолият оғоз намуд, ки коргоҳи дуюми соҳа дар Ҷамъият мебошад.
Коргоҳи аввали коркарди меваю сабзавот аз соли 2009 бо иқтидори коркарди 500 тонна меваю сабзавоти тар дар мавсим фаъолият менамояд. Бо таъсиси коргоҳи дуюм иқтидори корхона дар коркарди меваю сабзавоти ватанӣ то ба 300 тонна дар мавсим зиёд мегардад. Технологияи муосири соҳа, ки аз Аврупо ворид шудааст, имкон медиҳад, ки ҳаҷми коркарди меваю сабзавот зиёд, маҳсулоти он босифат, бехатар, мутобиқ ба стандарт истеҳсол шавад. Ҳамчунин, соҳибкорони ватанӣ корхонаи истеҳсоли яхро таъсис додаанд. Ях ҳамчун маҳсулоти иловагии хунуккунӣ барои нӯшобаву нӯшокиҳои ташнагишикан, нигаҳдории босифати маҳсулоти ғизоии гуногун дар вақти ҳарорати баланди ҳаво истифода мегардад. Ҳамаи чор коргоҳи истеҳсолӣ дар масоҳати 2,8 ҳазор метри мураббаъ доман густурдаанд. Дар корхонаву коргоҳҳои нав 30 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гаштанд.
Барои фаъолияти босамар ва мутобиқ ба меъёрҳо, ҳамаи корхонаву коргоҳҳои ҶДММ «Сирдарё» инфрасохтори лозимаи барқу гармидиҳӣ, роҳу коммуникатсия, оби техникӣ, оби нӯшоӣ ва иншооти ёрирасон бунёду навсозӣ шуданд.
Соҳибкорони ватанӣ, дар баробари нақши босазо дар рушди саноат, дар корҳои ободонии шаҳри Хуҷанд ҳиссаи худро мегузоранд. Бо саҳми онҳо дар маҳаллаи Раззоқ роҳи кӯчаю хиёбон мумфаршу чароғон гардида, мағозаи фирмавӣ бунёд ва барои сокинону меҳмонон мавзеи истироҳатӣ обод карда шуд. Майдончаи варзиши замонавӣ, ки бо саҳми бародарон Каримовҳо дар ин мавзеи соҳили Сирдарё бунёд гаштааст, барои сокинони маҳалла, хусусан ҷавонону наврасон, имконияту шароити хубро ҷиҳати машқу тамрин ва баргузории чорабиниҳои варзишӣ фароҳам овардааст.
Бо саҳму иқдоми муассис ва соҳибкорони ҶДММ «Сирдарё» дар ин мавзеъ чоҳи амудӣ бо чуқурии 132 метр сохта шуд, ки оби нӯшоии тоза медиҳад. Ҳамаи маҳсулоти ғизоии корхонаву коргоҳҳои ширкат бо ин оби тоза истеҳсол мешаванд ва таркибу сифати баланди онҳо таъмин мегардад.
Дар ҳудуди корхонаи нави ҶДММ «Сирдарё» Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намоишгоҳи маҳсулоти корхонаву коргоҳҳои Ҷамъият шинос шуданд.
Дар намоишгоҳ маҳсулот аз коркарди меваю сабзавот: афшураю хамира, ғизои кӯдакона, нӯшокиҳои ташнагишикан дар зарфҳои шишагӣ, зарфҳои алюминӣ ва дар зарфҳои тетропаку пластикӣ, сарпӯшҳои металлӣ, масолеҳи бинокории пенополистролӣ, қуттиҳои картонӣ, оби нӯшоӣ дар зарфҳо, дар маҷмуъ, беш аз 10 номгӯй ва беш аз 25 навъу намуди маҳсулоти худии соҳибкорони ватанӣ, пешниҳоду муаррифӣ гардид.
ҶДММ «Сирдарё» дар афзун намудани ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, номгӯй, навъу намуд, маҳсулоти мутобиқ ба стандарт, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва содирот саҳми арзанда дорад. Масалан, Ҷамъият то ин давраи соли равон беш аз 120 тонна зардолуи тари хоҷагиҳои ноҳияҳои Ашту Бобоҷон Ғафуровро қабулу коркард ва аз он маҳсулоти консервагӣ истеҳсол намуд.
Дар шаш моҳи соли равон ба маблағи наздики 600 ҳазор сомонӣ афшураҳои меваю сабзавот аз Ҷамъият ба хориҷи кишвар содир гардид.
Ифтитоҳи Мактаби санъати шаҳри Бӯстон
13-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Куруши Кабири шаҳри Бӯстон бинои зебою замонавии Муассисаи давлатии “Мактаби санъати ба номи Шодмон Алифов”-ро дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои мактаби санъат, ки аз се ошёна ва таҳхона иборат аст, тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон навсозӣ гардид. Бинои Муассиса дорои 47 синфхонаи барҳаво, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон, толори консерт бо фарогирии 100 ҷойи нишаст ва иншооти ёрирасон мебошад. Тадбирҳои марбут ба таъмиру навсозии мактаби санъатро коргарону мутахассисони ҶДММ “Сайҳуни Хуҷанд” амалӣ намудаанд.
Дар Мактаб бо истифода аз шароиту имконоти фароҳамгардида, ба наврасони аз 7 то 10-сола дар панҷ шуъбаи фаъолияткунанда омӯзиши сози қонун, рубобҳои гуногун, дойра, най, карнай, фортепиано, санъати овозхонӣ, рассомӣ, ҳунари кешбофӣ, гулдӯзӣ, қолинбофӣ, адрасу атласбофӣ ва кандакорӣ ба роҳ монда шуда, масъулияти таълим, хосса такмили истеъдоду маҳорати тарбиятгирандагон, ба уҳдаи 38 устоди соҳибмаълумот ва ҳунарманди касбӣ вогузор мебошад. Дар ин Муассисаи фарҳангӣ дар ду баст ба таҳсил ва омӯзиши ҳунарҳои гуногун фаро гирифтани то 800 наврас имкон дорад. Раванди таълим, асосан, бо усули инфиродӣ сурат мегирад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамасола теъдоди зиёди тарбиятгирандагони Мактаби санъати шаҳри Бӯстон дар озмунҳои сатҳи вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, бо муаррифии ҳунару истеъдоди худ соҳиби диплому ҷоизаҳо мегарданд. Хусусан, давоми чор соли охир, панҷ каси онҳо дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ба гирифтани ҷойҳои намоён мушарраф шуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, омӯзгорони Мактаби санъатро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуданд. Дастур дода шуд, ки аз шаҳру ноҳияҳои атроф низ наврасони дорои ҳунару истеъдод дар Муассиса ба омӯзишу азхудкунии ҳунарҳои гуногун фаро гирифта шаванд, то аз беҳтарин шароиту имконияти дар ин ҷо фароҳамшуда ба таври зарурӣ истифода намоянд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дар барномаи консертии тарбиятгирандагони Мактаби санъати ба номи Шодмон Алифов иштирок намуданд. Барномаи рангини фарҳангӣ, ки аз оҳангу сурудҳои ватандӯстона иборат буд, писанди ҳамагон гардид.
Ёдовар мешавем, ки Муассисаи давлатии «Мактаби санъати ба номи Шодмон Алифов» соли 1958 таъсис ёфта, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо таваҷҷуҳу дастгириҳои ҳамешагии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити ҳунаромӯзии наврасон дар он ба талаботи замон мутобиқ шуд.
Ифтитоҳи корхонаи “Хишти муосири аълосифат”
13-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли газоблоки ҶДММ “Хишти муосири аълосифат”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхона ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар раванди татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Ҷамшед Дадоматов ва Сайидаҳмад Сайидкамолов бунёд шуда, аз лиҳози иқтидор калонтарин иншооти истеҳсоли хишти сабук дар вилояти Суғд ба шумор меравад. Барои бунёду ба кор даровардани корхона 25 миллион сомонӣ харҷ гардида, бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосир, ки, асосан, аз хориҷи кишвар оварда шудааст, дар як шабонарӯз истеҳсоли 250-300 метри мукааб газоблок имкон дорад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи “Хишти муосири аълосифат” дар шаҳри Бӯстон 60 нафар сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардидааст. Барои истеҳсоли хишти сабук реги кварсӣ, семент, гач аз дохил ва дигар намуди ашёи хом аз хориҷи кишвар ба корхона дастрас мегардад. Раванди истеҳсолот панҷ марҳаларо дар бар мегирад. Омода кардани гил, қолаббандӣ, буғмонӣ дар ҳарорати 200 дараҷа ва бастубанди маҳсулоти тайёр бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир ба таври автоматӣ амалӣ шуда, кори дастӣ кам ба назар мерасад. Ҳоло тибқи талабот хишти сабук бо дарозии 60, паҳноии 20 ва баландии 30 сантиметр истеҳсол мешавад ва бо дархосту фармоиши харидорон омода кардани ин намуди масолеҳи сохтмонӣ бо шаклу андозаҳои дигар низ имкон дорад. Бино ба арзёбии мутахассисони соҳаи сохтмон, хиште, ки дар ин корхона истеҳсол мегардад, ба гармию сардӣ тобовар буда, масолеҳи ивазкунандаи воридот ба ҳисоб меравад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро барои бунёди чунин иншооти муҳташами саноатӣ муҳим арзёбӣ карда, ба масъулон супориш доданд, ки бештар ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Дар марҳалаи дуюм муассисон барои насби хишти сабук бунёду ба кор даровардани коргоҳи истеҳсоли ширешро ба нақша гирифтаанд. Дар назар аст, ки коргоҳи мазкур то моҳи сентябри соли 2026 ба истифода дода шавад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 21 корхонаи истеҳсоли газоблок фаъолият дорад. Дар шаш моҳи соли равон дар ин корхонаҳо ҳаҷми истеҳсоли газаблок ба 31,2 ҳазор метри мукааб расид. Дар саҳни ҳавлии ҶДММ “Хишти муосири аълосифат”, ҳамчунин, маҳсулоти коргоҳу корхонаҳои саноатии шаҳри Бӯстон ба намоиш гузошта шуд.
Ҳоло дар шаҳр 60 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба истеҳсоли орд, равғани рустанӣ, консерваи меваю сабзавот, рехтаи пӯлодӣ, шифер, лӯлаҳои металлӣ, асбестию пластикӣ, профилҳои гуногун, арматура, халтаҳои полипропиленӣ, полиэтиленӣ, коғазӣ, мех, сангҳои ороишӣ, рангҳои сохтмонӣ, пойафзол, маснуоти заргарӣ ва дигар намуди молу маҳсулот машғул мебошанд. Бино ба маълумоти масъулон, тайи шаш моҳи соли равон дар шаҳри Бӯстон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ чор корхонаи нави саноатӣ ба кор даромада, дар ин давра ҳаҷми истеҳсолот 427 миллион сомониро ташкил дод.
Дар давраи омодагӣ ба Ҷашни 35 -солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд 10 ҳазору 900 иншооти гуногун бунёд, таъмир ва навсозӣ гардид, ки ин нишондиҳанда иҷрои 92,2 фоизи нақшаро бозгӯӣ мекунад. Танҳо тули 6 моҳи соли равон дар вилоят 84 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ифтитоҳи меҳмонхонаи «Кайҳон»
13-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» маҷмааи навбунёди меҳмонхонаи «Кайҳон»-ро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди истифода қарор доданд.
Маҷмааи меҳмонхонаи муосири «Кайҳон» панҷошёна буда, дар масоҳати 3750 метри мураббаъ доман густурдааст. Меҳмонхона дорои маҷлисгоҳ бо 40 ҷойи нишаст ва 90 ҳуҷраи стандартӣ барои меҳмонони олимақом буда, дар як вақт метавонад то 188 меҳмонро қабул намояд. Ошёнаи аввали он бо мизу курсӣ ва ҷиҳози зебову роҳатбахш барои истиқболи меҳмонон муҷаҳҳаз мебошад. Дар ин ошёна, ҳамчунин, гӯшаи намоишу фурӯши армуғонҳои миллӣ ва дигар фурӯшгоҳҳо ҷойгиранд, ки зимни сафар меҳмонону сайёҳон аз он дидан намуда, туҳфаҳои хотиравӣ дастрас менамоянд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ бо маҷмааи навбунёди «Кайҳон», бо масъулон ва кормандони Фурудгоҳ суҳбат намуда, ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани меҳмонхона, зиёда аз 30 сокини маҳаллӣ ва мутахассиси ватанӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони маҷмаа дар доираи истиқболи сазовор аз Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ моҳи марти соли 2018 бо ҷалби 200 бинокори ватанӣ оғоз ёфта, дар муҳлати муайян моҳи июли соли равон бо тарҳи муосиру миллӣ ба анҷом расид.
Ифтитоҳи бинои нави тарабхонаи “Кайҳон”
13-уми июл Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шафати маҷмааи “Кайҳон”-и ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» бинои нави тарабхонаро ифтитоҳ намуданд.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани тарабхонаи муосир боз 20 сокини маҳаллӣ соҳиби кор гардид. Иншооти навбунёд сеошёна буда, дар масоҳати зиёда аз 1500 метри мураббаъ доман паҳн мекунад. Дар ошёнаи якуми бинои муосир ошхонаи замонавӣ бо 300 ҷойи нишаст фароҳам аст. Инчунин, бинои навбунёд дорои таҳхона барои нигоҳдории маҳсулот ва айвони калону барҳаво мебошад. Хизматрасонӣ дар тарабхонаи маҷмаа шабонарӯзӣ буда, давоми 24 соат мизоҷон метавонанд аз он истифода намуда, истироҳати худро комил гардонанд.
Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 ятими кул ва шахсони имконияташон маҳдуд аз шаҳру ноҳияҳои Бӯстон, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом мулоқот намуданд. Вохӯрии Роҳбари давлат бо нафарони бо амри тақдир аз падару модари худ бенасибшуда бозгӯ аз мавриди таваҷҷуҳ ва пуштибонӣ қарор доштани ятимону ниёзмандон аз ҷониби Ҳукумати кишвар арзёбӣ мешавад.
Зимни мулоқот Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат барои таъмини шароити хуби таҳсил ва зиндагии шоистаи онҳо пайваста чораҳои зарурӣ, саривақтӣ ва муассир меандешад. Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Сарвари давлат барои ятимон хони пурнозу неъмат ороста гардида, ҳамчунин, ба онҳо туҳфаҳои хотирмон тақдим шуд. Туҳфаҳо аз сарулибос ва лавозимоти дарсӣ, шириниҳо ва кумакҳои пулӣ иборат буд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон бобати нигоҳубини хуби ятимон дастуру тавсияҳо дода, ятимонро бошад, ба омӯхтани дониш, касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.
