ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » «ҶУМҲУРИЯТ» БО ҲАҚНАЗАР ҒОИБ: АЗ ДИРӮЗҲОВУ ИМРӮЗҲОВУ ОЯНДАҲО

«ҶУМҲУРИЯТ» БО ҲАҚНАЗАР ҒОИБ: АЗ ДИРӮЗҲОВУ ИМРӮЗҲОВУ ОЯНДАҲО

01 май 2023, Душанбе
48
0


 Меҳмони навбатии рӯзномаамон устод Ҳақназар Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ мебошанд.
Устод, ки имрӯз яке аз чеҳраҳои шинохта ва намоёни адабиёт маҳсуб меёбад, 7 январи соли 1943 дар деҳаи Офтоблиқои шаҳри Кӯлоб чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Дар Коллеҷи омӯзгорӣ солҳои 1957 – 1961, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуло Рӯдакӣ солҳои 1962 – 1966 таҳсил намуд. Як сол (1961 – 1962) омӯзгор буд. Солҳои 1966 – 2018 ба ҳайси рӯзноманигор фаъолият мекард. 
Ҳамчун роҳбар аввалин таъсисдиҳандаи Комитети Иттифоқи касабаи кормандони маданият (1966 – 1970), Комитети телевизион ва радиои вилояти Кӯлоб (1974 – 1981), котиби масъули бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб (1989), сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон»-и вилояти Кӯлоб (1990 – 1993), сармуҳаррири рӯзномаи «Навиди  Кӯлоб» дар минтақаи Кӯлоб (1993 – 2018) буд. Инчунин, аз соли 2002 вазифаи котиби масъули бахши Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлобро ба уҳда дорад. 
Дар бештар аз 60 соли кору эҷодаш зиёда аз 30 маҷмуаи ашъор ба чоп расондааст. 
Хабарнигори рӯзнома бо ӯ дар атрофи шеър, асрори эҷод, муносибаташ бо сохтҳои ҷамъиятӣ, таъсири сафарҳо дар ҷаҳонбинӣ ва мавқеи шоир, ватану ватандорӣ, анъанаҳои неки ниёгон, мусиқиву шахсиятҳои маъруф ҳамсуҳбат шуд.
– Оё шоир, шоири хуб шудан душвор аст ва дар он чӣ асроре нуҳуфта?
– Дар дунё, гумон мекунам, ки коре осон нест, вале шоирӣ аз рӯи хулосаи ман мушкилтарин фаъолият мебошад. Шумо дар кураи оташ обутоб ёфтани оҳанро тасаввур намоед. Ба ин монанд, шоирӣ ҳам саду як сӯзу созро дар ҷон эҳсос карда, обутоб ёфтан аст.
Барои ман, ки аз соли 1974 дар вазифаҳои гуногуни роҳбарии соҳаи рӯзноманигорӣ будам, яъне то соли 2018, бобаҳотарин чиз вақт маҳсуб мешуд. Бисёр вақт рахти хобам то саҳар холӣ мемонд. Модарам аз ин шабзиндадориям сахт ташвиш мекашид. Як шаб хост, ки варақҳои сиёҳнависи шеърҳоямро даронда партояд, вале зорию таваллои маро ба назар гирифта, надаронд:
Лек, оҳ он модари ман, 
Модари ғамхори ман, 
Чун кунад тоқат, ки бинад дидаи бедори ман?
…Хест аз ҷо,
То даронад дафтари ашъори ман,
То набинад бори дигар ҳеҷ як озори ман…
Гуфтамаш:
– Эй модари ғамхор, он қалби ман аст,
Чун дили фарзанди худро пора месозӣ ба даст? 
Вале гирифтори дунёи сухан ҳеҷ гоҳ худро аз он канор гирифта наметавонад. Боз менишинад сари дафтари шеъру шабзиндадорӣ мекунад… 
Асрори шеър асрори худи зиндагист, асроре бо диди хоссаи шоирона. Он чи шоир дар зиндагӣ мебинаду аз сар мегузаронад, менигорад, он асрори шоиронаи худи ӯ аст, ки хоси нигоҳи шоиронааш мешавад, ба шарте ки шоир бошад ва агар шоир бошад, шеъраш зиндагист ва зиндагӣ бо талхию ширинӣ ва азобаш. Яъне азобаш ҳам ширинтарин азоб аст, ки онро танҳо метавон ба мушкили ишқи ҳақиқӣ қиёс кард. Охир, шеър худ ишқ аст, сахттарин ва маҳбубтарин ва муқаддастарин ишқ. Аз ин рӯ, шеър шояд «асрор» набошад, агар ҳаст, муаммои ишқ аст, ки ҳеҷ охир надорад ва онро танҳо бо муъҷиза метавон дар як радиф гузошт. Ба ин маънӣ, «шоири шеъри хуб будан»-ро низ, ба офарида тавонистани ин муъҷиза метавон баҳо дод.

– Шумо ду сохт ва ду давронро дидаед. Онҳо чӣ таъсире ба рӯзгор ва ашъоратон гузоштаанду мегузоранд?
– Шоир фарзанди замони худ мебошад. Таъсири замон ба шоир асари вақтест, ки дар он шоир зистааст ва он се боли муқтадир дорад: гузашта, имрӯза ва оянда. Бо болҳои имрӯза ба гузашта парвоз мекунад ва имрӯзаро мебинад, аз имрӯза ояндаро. Ба оянда парвоз кардан умедҳои шоир аст, ки мехоҳад бубинад ё бубинанд.
Ман ду сохтро дидам: сотсиализм ва сохти имрӯзаи ҷомеаи демократӣ. Аз нигоҳи имрӯз, гумон мекунам, ки сотсиализм як хаёли зебои амалишуда буд. Ман фарзанди он замонам ва дар имрӯзи ман низ таъсири он андак нест, вале ҳастии ман ба воқеъбин будан пайванди ногусастанӣ дорад.
Аз нигоҳи воқеъбинӣ хулосаам ин аст, ки он айёмро ман насохтам, балки дар он зиндагӣ намудам. Дар бунёди сохти имрӯзааш бошад, иштироки фаъолона карда, ҳисса дошта бошам ҳам, вале бунёдаш ба ихтиёри ман набуд. Танҳо шукргузорияш дар ихтиёри ман аст, ки он бо ояндабинӣ ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинохт ва эътирофи ҷаҳонӣ дорад. Маҳз пешбинӣ ва хиради азалии Сарвари давлат аст, ки роҳи дурустро интихоб ва ману моро ба чаҳони беканор ва ҷомеаҳои гуногуни инсонӣ пайвасту ошно кард ва ин ҳама дар шеърҳои ман таъсиргузор шуд. Яъне, аз имрӯз бо нигоҳи ақл дирӯз ва ояндаро дидам. Агар имрӯз намешуд, ман достон ё ба қавли профессор Абдунабӣ Сатторзода «Симфонияи шеърӣ»-и дар «Таҷаллии Офтоби Аллома Иқбол»-ро офарида наметавонистам, достонгунаҳо ё «Симфонияи шеърӣ»-и "Ашки Офтоб» ва «Сурӯши Хатлон»-ро низ…
Дар замони шуравӣ орзуҳои ман асари «Эҳёнома» ва «Ҷони ташна»-ро офарид. Ин орзуи мустақилияти миллати тоҷик буд. 
«Ҷони ташна» ба ҷонбозиҳои Қаҳрамони Иттифоқи Шуравӣ Сафар Амиршоев бахшида шудааст. Ҷиҳати ҷолиби ин асар аз нигоҳи онрӯза ва имрӯза он аст, ки Сафар дар лаҳзаҳои оромию ҷангӣ пайванди худро аз Тоҷикистон ва деҳааш Заргар ҳеҷ гоҳ намеканад. Яъне, ӯ бо қаҳрамонияш Тоҷикистон ва ниҳоят Заргарро аз хавфи ишғолгари бегона ҳимоят мекунад. Қаҳрамони дигари ҳамяроқи Сафар Нина Дидченко мафтуни корномаҳои ҷангии ин қаҳрамон аст ва пас аз ҷанг бо ёди Сафар ба Тоҷикистон ва деҳаи Заргар меояд, то бо чашми худ бинад: ин чи гуна диёр аст, ки ҷавонмарде, ҷаҳонқаҳрамоне чун Сафар Амиршоевро ба дунё овардааст.
Асари дигар – «Эҳёнома»-ро адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнонов «Сурӯши таърих» номидааст. Дар зери ин сурӯш низ ҷонбозӣ ва муборизаҳои шадидтарини мардони Ватан барои давлату давлатдории тоҷик қарор дорад.
Дар замони шуравӣ низ дар шеърҳоям андешаи мавқеи Тоҷикистон ва дар ҷумҳуриҳои бо ном мустақили Осиёи Миёнаи онвақта пароканда кардани ин миллат сахт азобам медод… 
Хулоса, дар ҳар ду замон дар сари мизи шоириям офаридани образҳое қарор гирифт, ки ватандорон ғами бузурги тоҷикияташонро бо соҳибихтиёрии Тоҷикистон мехӯрданд ва дар кору пайкорашон аз парокандагии мудҳиши дигар эмин нигоҳ доштани тоҷику Тоҷикистон дар ҷойи аввал меистод. Яъне ҳар ду замон ба ману рӯзгори шоиронаам андешаеро қавӣ нигоҳ дошт, ки миллати бузурги тоҷикро дар ягонагӣ ва мартабаи ифтихории давлату давлатдорияш пояндаву устувор бинам.
– Пас аз сафарҳо ба кишварҳои гуногуни олам нигоҳу масъулияти Шумо ба шеър тағйир ёфт ва то куҷо?
– Аз нигоҳи ман ҷаҳон дидан шеърро ҳам ҷаҳонӣ мекунад. Ман дар сафарҳоям ба Эрон, Афғонистон, Туркия, Латвияю Литва ва Эстония бо одамҳои гуногун ошноӣ пайдо кардам, ки ақидаҳои хоси худро доштанд. Аз ин сафарҳо ба хулосае омадам, ки инсон бо ғаму шодӣ ва ҳаёти шахсияш пурбаҳотарин мавҷуди ин сайёра аст.
Хулосаи достонгуна ё симфонияи шеъриям «Дар таҷаллии Офтоби Аллома Иқбол» низ ҳамин аст. Яъне ба ҳама маънӣ, назари ман дар шеър вусъат ёфт, ба одаму оламу офариниш ва ин беканорӣ, аз хурдтарин зарра то бузургиҳои беинтиҳо пайваст.
Дар сафарҳо ман ба ин натиҷа расидам, ки инсонҳо бояд роҳ ба дили якдигарро биҷӯянд, бидуни дину ақида ва мазҳабҳо. Мо, пеш аз ҳама, ҳамчун инсони соҳибақида, дорои ҷаҳонбинии хосса ва нотакрор бояд якдигарро бишносему ба ҳам аз ин дидгоҳ арҷ гузорем. 
– Воқеан, бахти баланди эҷодкор аст, вақте шоири тавоно аз дигар кишвар мехоҳад, ки маҳз бо ӯ дидор бинаду мулоқот доир бикунад. Шумо аз он зумра мебошед, ки Жола Бадеъ замоне ба зодгоҳатон ба ин ният сафар дошт. Метавонед он лаҳзаҳои ширину ифтихоромезро ёдовар шавед? 
– Ман низ Жола Бадеъро ҳамчун шахсият ва шоири бузург ғоибона мешинохтаму дӯст медоштам. Шеърҳояш ифодагари дардҳояш буданд ва ҳар як тоҷикзабон мухлисаш буд. 
Шод будан ҳунар аст,
Шод кардан ҳунари волотар,
ки аз шеърҳои маромномавии Жола мебошад, ифодагари он аст, ки ӯ ҳаёташро барои хушбахтии дигарон сарф кардааст… Яке аз шоироне, ки шеъри маро хондаю аз аввалинҳо шуда эътироф ва руҳбаландам намудааст, Жола Бадеъ мебошад. Ӯ ба ман ҳамчун шоири навгӯю навҷӯ номае низ ирсол карда буд ва соли 1976 бо устод Лоиқ ва писараш Бежан ғайричашмдошт ба Кӯлоб омад. Он вақт ман раиси Садою симои вилояти Кӯлоб будаму 33-сол доштам. Аз ин ташрифи ногаҳонӣ ҳатто андаке даступохӯрда шудам. Ҳеҷ гумон намекардам, ки ин бонуи шеъри олӣ барои дидорбиниям меояд.
Аз ташрифи меҳмони азиз ба ҳукумати вилоят хабар дода, нақшаи сафарамонро гуфтам ва ба раиси хоҷагиямон Ҳаким Бобоев, ки шахси фозил ва ҷаҳондида буд, занг задам. Ӯ гуфт, ки меҳмон шахси хориҷӣ аст, аз ин рӯ, як ба хонаатон бибару бо баҳонаи сайру саёҳат ба маркази хоҷагӣ-деҳаи Зиракӣ биёраш. 
Ҳамин тавр ҳам кардем. Раис аллакай ҳофизони номии Кӯлоб Бобоҷон Азизов ва Сураё Қосимоваро ба базмгоҳи хоҷагӣ оварда буд. Мо баъди гирифтани як пиёла чой ба толори базмгоҳ ворид шудем ва он шаб ба як шаби нотакрор табдил ёфт. Раис ба Жолабону куртаи зебодӯхти чакан ва ба писараш тоқию ҷомаи тоҷикӣ пӯшонд. Чанд китоби Жола Бадеъро оварда, аз ӯ соядаст гирифт. Жолабону он қадар хурсанд буд, ки онро имрӯз наметавон ба қалам тасвир намуд. Фардояш дар шаҳр вохӯриҳо барпо кардем. Сипас, ба ноҳияи Восеъ рафтем. Он ҷо низ ӯро бо нону намак ва бо базм истиқбол карданд. Тамошои кӯҳи намаки Хоҷамуъмин ба шоир таъсири амиқ гузошт. 
– Соли 1996. Аз нахустин навиштаҳои Шумо ва нашрашон дар рӯзнома мунаққиду адабиётшиноси барҷастаи кишвар устод Соҳиб Табаров (руҳашон шод бод!) муждаи шоири тавоно шуданатонро баён намуданд ва дар навиштае махсус инро зикр карданд. Чӣ эҳсосе он замон доштед ва чӣ умеде?
– Устод Соҳиб Табаров шахси бузург буданду дониши ниҳоят васеъ доштанд. Ҳар гуна шеър ба ӯ писанд намеафтод. Суханашонро табарвор мегуфтанд. Ин, албатта, барои равнақи эҷодиёти адиб буд. Шахсе, ки аз аввалинҳо шуда маро дар шоирӣ ҳушдори ҷиддӣ, вале пур аз меҳр додаанд, устод Соҳиб Табаров мебошанд. 
Бо ин шахси бузург маро, пеш аз ҳама, дӯсти шоирам Ҳабибулло Файзулло шинос кардааст, пасон, бо Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад ба аёдаташ мерафтем. Вақте ки баҳои ба ман додаи он устодро дӯстон ба ман мужда доданд, бовар накардам, ки ба боварияшон ноил шуда бошам. 
 Баъдтар, ҳамин ки ба Кӯлоб меомаданд, ман ӯро ҳамроҳӣ мекардам ва дар Муъминобод дар Боғи Бобои Эшон (мулло Барот), ки барои устод ҷойи писандидатаринашон буданд, борҳо истироҳат кардем. Боре дар яке аз меҳмониҳояшон, ки фасли баҳор буду рӯзи боронӣ, бо устод Сайдалӣ Вализода, Муҳиддин Фарҳат, устод Аълохон Афсаҳзод меҳмони хонаам шуданд. Мутаассифона, шаб боми андовашудаи меҳмонхона ба чакидан даромад. Он сон чакид, ки барои меҳмонҳо ҳамагӣ яку ним метр ҷо барои нишаст боқӣ монду халос. Устод такрори ба такрор мегуфтанд: – Ана хонаи шоирро бинеду ҳоли шоирро, ана ҳамин аст қисмати шеъру шоирӣ…
Устод Афсаҳзод шӯхиомезу лутфомез ба сухан даромаданд:
– Устод, мо ба борон кор надорем, кори мо бо табақ аст. Гӯшти гӯсфандро хуб пухтаанд, ҳамин кифоя. Бигузор бом чакидан гирад…
Шаб аз ночорӣ онҳоро дар як хонаи тангакамон, ки хайрият, намечакид, ҷо додем. Ва устод бо ҳар дидорбинияшон мепурсиданд, ки бомро шиферпӯш кардӣ ё не?...
Бояд ёдовар шавам, ки сахтгирӣ ва таъкидҳои пайдарпайи устод бароям як мактаби бузурги ҳаётомӯзӣ ва шеъру шоирӣ буданд. 
– Ба ашъори Шумо овозхонҳои шинохтаву маъруф оҳанг бастаанд ва ёдовар ҳам шудаанд, ки дар эҷоди оҳанг онҳо заҳмати зиёд накашидаанд. Яъне онҳо худ мусиқӣ доранд. Шумо ба мусиқӣ дилбастагӣ доред? Агар доред, он аз куҷо сарчашма гирифтааст?
– Бале, ман қариб ҳамаи созҳои мусиқиро менавохтам. Падарам думра, най (тулаи оҳанин ё фулузӣ), сурнайро хуб менавохтанд. Хонаи онвақтаи бо қамиш болопӯш доштаашон оташ гирифтааст ва ин асбобҳо нокора шудаанд. Падарам дар хонаи навбунёдаш ҳамагӣ як думра дошт, ки ман дар синфи чорумиям навохтани онро ёд гирифтам. Инчунин, гитаре доштам, ки бо он низ машқ карда, овозхонӣ мекардам. То синфи панҷумиям бо най ва сурнайе, ки аз қамиш сохта будам, найкашию сурнайкаширо низ омӯхтам. Ҳамсояҳоямон-директори мактаб Мирзо Назар ва омӯзгор Абдулмуҳаммад аз найнавозони машҳур буданд, тӯю базмҳои мардумро бо ин ҳунарашон гарм мегирифтанд ва маро бо худ ҳамроҳ гирифта, ҳангоми хаста шуданашон навбатам медоданд. 
Дар худи ҳамин сол (1957) ба Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб дохил шудам ва аз пушти ин касбҳоям соҳиби ҳам стипендия ва ҳам хобгоҳ шудам. Бояд бигӯям, ки шеъру мусиқӣ ҳеҷ гоҳ аз якдигар ҷудо нестанд, балки якдигарро такмил медиҳанд. 
– Пурсиши анъанавӣ ва ҷамъбастии ин рубрика, яъне « Дар меҳмонии «Ҷумҳурият»: чӣ дархосту пешниҳодҳое ба кормандони имрӯзаи рӯзномаву хонандагони сершумораш доред?
– Ман аз замони шуравӣ ба ин рӯзномаи расмии давлатӣ, ки он вақтҳо бо номи «Тоҷикистони Советӣ» нашр мешуд, таваҷҷуҳи хосса дорам. Аввалин шеърҳоям низ, дар ин рӯзнома ба чоп расидаанд. 
Акнун он Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва мазмуну мавқеъю мартабааш боз ҳам боло рафтааст. Хосса шумораҳои махсуси он, ки ба ҳодисаҳои таърихии рӯзгори навин бахшида мешаванд, бисёр ҷолиб ва барои таърихи Ватан фаромӯшнашаванда аст. Рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки дар он рӯзноманигорони соҳибистеъдод кор мекунанд, воқеан ҳам, таърихи замон дар замонҳост. Шукргузорем, ки «Ҷумҳурият» ин мақоми ифтихорияшро ҳунармандона, бо касбияти баланд ҳифз менамояд. Дархостам ин аст, ки аз ҳозира дида рӯзнома боз ҳам серхонандатар шавад, зеро арзанда аз арзандатаринҳост. Ман ҳамчун собиқадори соҳаи рӯзноманигорӣ ба кормандони рӯзнома, хонандагонаш тансиҳатию барори эҷод мехоҳам ва таманно дорам, ки чунин рангорангӣ ва пурмуҳтавоии онро ҳамеша бо касбияти баланд нигоҳ доранд ва «Ҷумҳурият» чун ҳозира маҳбубтарин рӯзномаи Ватани азиз бошад.

Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ


Санаи нашр: 28.04.2023 №: 88-89
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив